Идораи миллии мубориза бо коррупсия дар Украина ва Додситонии махсуси зидди коррупсия субҳи ҷумъа, 28-уми ноябр хонаи Андрей Ермак, раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии ин кишварро тафтиш ва ҷустӯҷу кардаанд.
Идораи мазкур гуфт, ҷустуҷӯҳо дар доираи тафтишот сурат мегиранд, аммо ҷузъиётро дертар эълон мекунанд. Хабарнигори нашрияи «Украинская правда», ки аз ҷойи ҳодиса гузориш медод, аксҳоеро паҳн кардааст, ки дар онҳо кормандони идораи мубориза бо фасод ба як маҳаллаи кормандони ҳукумат ворид мешаванд. Ҳоло маълум нест, ки ҷустӯҷуҳо ба чӣ сабаб сурат гирифтаанд ва мақоми кунунии роҳбари дастгоҳи президенти Украина Владимир Зеленский чӣ гуна аст.
Дафтари Андрей Ермак тасдиқ кардааст, ки онҳо бо муфаттишон ҳамкорӣ доранд. Андрей Ермак дар Телеграм навиштааст, ки «Имрӯз Идораи мубориза бо коррупсия ва Додситонии махсуси зидди коррупсия воқеан дар хонаи ман амалиёт анҷом медиҳанд. Ба кори муфаттишон монеае эҷод нашудааст. Онҳо ба хона дастрасии пурра доранд ва вакилони ман дар онҷоянд ва бо мақомот ҳамкорӣ мекунанд. Ман низ ҳамкории комил мекунам.”
Владимир Фетсенко, роҳбари Маркази таҳқиқоти сиёсии «Пента» дар Киев, ба Радиои Озодӣ гуфт: «То замоне ки нисбат ба Ермак иттиҳоми расмӣ, ё даъвоҳои ҳуқуқӣ вуҷуд надошта бошанд, Зеленский шояд чораҳои сахт, аз ҷумла барканории ӯро, наандешад» Зеленский интихоби душворе дорад. Хусусан бо назардошти онки Ермак раҳбари ҳайати музокиротӣ бо Амрико дар бораи поёни ҷанг аст.”
Андрей Ермак дар мусоҳибае бо маҷаллаи The Atlantic, гуфтааст, ки дар музокироти сулҳ бо Русия масъалаи таслими ягон қисми қаламрави Украина баррасӣ намешавад.
Дар ин мусоҳиба, ки рӯзи 27 ноябр нашр шуд, ӯ таъкид кардааст, то он даме, ки Зеленский президент аст, касе набояд интизор шавад, ки Украина аз қаламраваш даст мекашад. Ӯ гуфтааст: “Ягон шахси солимақл имрӯз санадеро, ки таслими қаламравро дар назар дошта бошад, қабул намекунад.»
Андрей Ермак яке аз мансабдорони бонуфузи Украина аст ва ҳафтаи гузашта ҳайати музокиротии Украинаро дар гуфтугӯҳо бо Амрико дар Женева дар бораи поён додан ба ҷанг дар Украина роҳбарӣ мекард. Украинаро дар ҳафтаҳои гузашта моҷарои бузурги ришвахорӣ такон дод. Маълум шуд, маблағҳои бузурги пешбинишуда барои зербунёдҳои осебпазири энергетикиро дуздидаанд.
Якчанд афроди бонуфуз аз ҳалқаҳои наздик ба Зеленский дар фасодкориҳо даст доштаанд. Гиём Мерсийе, сухангӯи Кумиссиёни Аврупо дар посух ба саволи Радиои Озодӣ гуфт: «Ҳар гуна тафтиш нишон медиҳад, ки мақомоти зиддикоррупсионӣ дар Украина фаъоланд ва озодона кор мекунанд. Мубориза бо коррупсия унсури калидии узвият дар Иттиҳоди Аврупо мебошад. Мехоҳам таъкид кунам, ки мубориза бо коррупсия барои ҳар кишваре, ки мехоҳад ба Иттиҳоди Аврупо бипайвандад, бисёр муҳим аст».
Украина пас аз ҳамлаи васеъмиқёси Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 дархости узвият ба Иттиҳодияи Аврупоро пешниҳод кард ва мақоми кишвари номзадро гирифт, аммо то ҳол музокироти расмии пайвастан ба иттиҳодия оғоз нашудааст.
Гуфтугӯ