Мардуми Эрон ҳамчунон аз дастрасӣ ба Интернет маҳруманд ва бино ба гузоришҳо, теъдоди тазоҳургарони кушташуда, назар ба ончӣ ки пештар мегуфтанд, бисёр зиёд аст. Бар асоси яке аз ин гузоришҳо, шумори кушташудагон эҳтимол аз марзи 30 000 нафар гузашта бошад.
Созмони NetBlocks рӯзи 25-уми январ хабар дод, ки аз замони қатъи интернет дар Эрон 400 соат гузашт. Ин ниҳод афзудааст, ки "васли кӯтоҳмуддати Интернет" набояд ҳамчун барқарории комили интернет талқин шавад ва корбарон танҳо бо истифода аз филтршиканҳо тавонистаанд, иртиботи маҳдуде барқарор кунанд.
Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, "сукути рақамӣ" монеи ҳамоҳангии эътирозгарон шуда ва дастрасӣ ба иттилооти дурустро душвор кардааст.
Созмони ҳомии ҳуқуқи HRANA, ки қароргоҳаш дар Амрикост ва Радиои Озодӣ пайваста ба иттилои он такя мекунад, шумори тасдиқшудаи кушташудагонро 5848 нафар эълон кард. Ин созмон мегӯяд, марги 17091 нафари дигар ҳанӯз дар ҳоли таҳқиқ аст.
Ҳамзамон, маҷаллаи Time бо такя ба ду мақоми баландпояи тандурустии Эрон гузориш додааст, ки шумори қурбониён метавонад, аз 30 000 нафар бештар бошад. Бино ба ин гузориш, кушторҳои зиёд рӯзҳои 8-9 январ, замони саркӯби сахти эътирозҳо сурат гирифтааст.
Шӯрои Амнияти Миллии Эрон шумори кушташудагонро 3117 нафар эълон кардааст, аммо ин рақам бо омори созмонҳои байналмилалӣ тафовути зиёд дорад.
Омори тарснок
Май Сато, Гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои ҳуқуқи башар дар Эрон, гуфт, эҳтимол дорад шумори ғайринизомиёни кушташуда аз 20 000 нафар зиёд бошад. Созмони Афви Байналмилал ин кушторҳоро "бесобиқа" хонд.
Созмони "Ҳуқуқи башари Эрон" қароргоҳаш дар Норвегия хабар дод, ки нерӯҳои амниятӣ пизишкон ва ихтиёриёнеро, ки ба захмиён кӯмак мекарданд, ҳадаф қарор дода, бо амалиёт дар хонаву дармонгоҳҳо онҳоро боздошт мекунанд.
Гузоришҳои ваҳшатнок аз осебҳои ҷисмонӣ низ нашр мешаванд. Қосим Фахроӣ, раиси бемористони "Форобӣ"-и Теҳрон, ба хабаргузории ИСНА гуфтааст, ки танҳо рӯзи 9-уми январ шумори афроде, ки чашмонашон аз тирҳои сочмавӣ осеб дидааст, ба 1000 нафар расид.
Марям Саббоғӣ, сарпарастори шифохона, гуфтааст, ки тамоми катҳои беморон пур буданд ва беморон дар долонҳои бемористон бистарӣ шуданд.
Қатъи интернет ба иқтисоди Эрон низ зарбаи сахт задааст. Алӣ Ҳакимҷаводӣ, раиси Созмони Тиҷорати Компютерии Эрон, зарари ҳаррӯзаро 20-30 триллион риёл баробар ба 18 то 28 миллион доллар тахмин кардааст.
Як созмони омӯзгорони Эрон номи 40 донишҷӯеро нашр кардааст, ки дар ҷараёни тазоҳурот кушта шудаанд ва гуфтааст, ки ин феҳрастро ба тадриҷ бо зуҳури номҳои нав мукаммал хоҳад кард.
Айни замон куштори эътирозгарон вокуниши тунди рӯҳониёни баландпояро ба дунбол дошт. Мавлавӣ Абдулҳамид, имоми суннимазҳабони вилояти Зоҳидон, ин ҳодисаҳоро "қатли омм» хонд ва гуфт: "Ин фоҷиа миёни мардуми Эрон ва ҳокимони низом шикофи амиқ ва ҷуброннопазире эҷод кард."
Дар Эрон, ки аксарият шиамазҳаб ҳастанд, тибқи омори ахир, аз 5 то 10 дарсади аҳолиро суннимазҳабон ташкил медиҳанд.