Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико шоми панҷшанбе, 22-уми январ ҳангоми бозгашт аз Давоси Швейтсария ба хабарнигорон гуфт, ки киштиҳои бузурги ҷангии Амрико ба сӯи Эрон ҳаракат мекунанд.
Ӯ, ки дар дохили ҳавопаймои президентӣ сӯҳбат мекард, гуфт: "Мо киштиҳои зиёде дорем, ки барои эҳтиёт ба он самт мераванд. Новгони (киштиву абзорҳои шиновари ҷангӣ) бузурге дорем, ки ба он самт дар ҳоли ҳаракат аст. Хоҳем дид, чӣ мешавад. Мо нерӯи зиёде дорем, ки ба самти Эрон меравад. Бартарӣ медиҳем, иттифоқе наафтад, аммо онҳоро аз наздик зери назар дорем."
Ин суханони Доналд Трамп нӯҳ рӯз пас аз он садо дод, ки ӯ пас аз саркӯби хунини эътирозҳои саросарӣ дар Эрон, хостори идомаи тазоҳурот шуд ва гуфт: "Кӯмак дар роҳ аст."
Раиси ҷумҳури Амрико дигарбора гуфт, дар пайи ҳушдоре, ки ба мақомоти эронӣ дода буд, тавонист пеши роҳи иҷрои ҳукми қатли 837 нафарро бигирад. Ӯ ин рӯйдодро нишони хуб хонд ва гуфт: "Мо як новгон дорем, ки ба он самт меравад. Шояд маҷбур набошем аз он истифода кунем. Хоҳем дид."
Хабаргузории «Ройтерз» ба нақл аз ду мақоми амрикоӣ гузориш додааст, ки чанде аз новҳои ҷангии ҳавопаймобар ва таҷҳизоти дигар рӯзҳои оянда ба Ховари Миёна хоҳанд рафт.
Бино бар ин гузориш, киштиҳои низомии амрикоӣ, аз ҷумла нови ҳавопаймобари USS Abraham Lincoln ва теъдоде аз киштиҳои дигар аз ҳафтаи гузашта ҳаракат аз минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро ба сӯи Ховари Миёна оғоз кардаанд. Ҳаракате, ки ҳамзамон бо сахттар шудани таниш миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бинобар саркӯби хунини эътирозҳо сурат мегирад.
Як мақоми амрикоӣ ба хабаргузории «Ройтерз» гуфтааст, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли баррасии ирсоли системаҳои дифоии ҳавоии изофӣ ба Ховари Миёна низ ҳаст. Системаҳое, ки дар сурати вуқӯи ҳар гуна ҳамла аз Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар минтақа бисёр муҳим хоҳанд буд.
Гузоришҳои дигар дар бораи истиқрори ҳавопаймоҳои ҷангии F-15-и амрикоӣ дар пойгоҳи ҳавоии Муваффақ-ал-Салтӣ дар Урдун ҳам мерасанд. Пойгоҳе, ки дар фосилаи 900-километрии Эрон қарор дорад. Бино бар гузоришҳо, Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли тақвияти ин пойгоҳ бо истифода аз системаҳои дифои ҳавоӣ ва мушакӣ аст.
Вазорати дифои Бритониё низ гуфт, дар сояи боло гирифтани танишҳо дар минтақа, теъдоде аз ҳавопаймоҳои ҷангии худро дар Қатар ҷойгир мекунад.
Аммо ин низ ҳаст, ки вақти боло гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна Иёлоти Муттаҳида тавоноии низомии худро дар минтақа зиёдтар мекунад. Масъалае, ки ба ақидаи таҳлилгарон, ҳаракатҳои низомии ҷории Амрико ва дифоӣ ҳастанд. Вале тобистони гузашта ва пеш аз ҳамла ба таъсисоти атомии Эрон дар Форду, Натанз ва Исфаҳон, Амрико бар тавони низомии худ дар Ховари Миёна афзуда буд.
Доналд Трамп чанде пеш дар гуфтугӯ бо вебсайти «Политико» хостори поён додан ба ҳукумати Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар Эрон шуда ва гуфта буд: "Вақти он расидааст, ки раҳбарони нав зимоми қудратро дар Эрон ба даст бигиранд." Хоманаӣ 37 сол боз раҳбари Эрон аст.
Раиси ҷумҳури Амрико шоми 22-уми январ дар посух ба саволи яке аз хабарнигорон дар ин бора гуфт: "Ман намехоҳам вориди ин мавзӯъ шавам, аммо онҳо медонанд, ки мо дар ҳоли баррасӣ ҳастем. Куштори бузурге он ҷо ҷараён дорад."
Пеш аз ин низ рӯзномаи «Уолл Стрит Ҷорнал» навишта буд, ки Доналд Трамп мушовиронашро барои ёфтани гузинаҳои низомӣ дар бораи Эрон зери фишор гузоштааст. Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе дар Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давоси Швейтсария гуфт, ки Эрон мехоҳад гуфтугӯ кунад ва «мо гуфтугӯ хоҳем кард».
Доналд Трамп: "Мо бо онҳо зиёд суҳбат кардем. Онҳо бояд пеш аз он ки ба таъсисоти атомиашон ҳамла кунем, бо мо тавофуқ мекарданд. Он зарба вайронгар буд. Тамоми он минтақа аз кор монд. Агар боз ҳам саъй кунанд, ин корро анҷом диҳанд, бояд ба минтақаи дигаре бираванд ва мо ба он низ ҳамла хоҳем кард."
Стив Виткофф, фиристодаи вижаи президенти Амрико барои Ховари Миёна ҳам рӯзи 21-уми январ бо баёни ин ки дар Эрон куштори бузург ва ҳавлнок рӯй дод, гуфт дар сурати тағйири равиши ҳукумат, имкони дастёбӣ ба роҳҳали дипломатӣ вуҷуд дорад.
Стив Виткофф:"Куштори бузург ва ҳавлнок рӯй дод. Мардум бедифоъ буданд ва бо дархости тағйир ба хиёбонҳо рафтанд. Набояд касеро танҳо барои ин ки хостори тағйир аст, кушт. Бинобар ин Эрон бояд рафторашро тағйир диҳад. Бояд ин корро бикунад. Агар ин корро анҷом диҳанд ва нишон диҳанд, ки омодаи ин тағйир ҳастанд, ба назарам метавон ба роҳҳали дипломатӣ даст ёфт."