Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи таниш байни Амрикову Эрон. Таҳдид барои қатли тазоҳургарон


Маросими дафни Алиризо Саидӣ навҷавони 16-солаи эронӣ, ки дар ҷараёни тазоҳурот дар Ободон кушта шудааст.
Маросими дафни Алиризо Саидӣ навҷавони 16-солаи эронӣ, ки дар ҷараёни тазоҳурот дар Ободон кушта шудааст.

Танишҳо миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон ҳамчунон бисёр баланд боқӣ мемонанд. Рӯҳониёни тундрави ҳоким дар Эрон бори дигар бо истифода аз лаҳни тунд эътирозгарони зиддиҳукуматиро танқид карда ва гуфтанд, ки "сахттарин ҷазоро" ба онҳо раво мебинанд.

Танишҳо миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон ҳамчунон бисёр баланд боқӣ мемонанд. Рӯҳониёни тундрави ҳоким дар Эрон бори дигар бо истифода аз лаҳни тунд эътирозгарони зиддиҳукуматиро танқид карда ва гуфтанд, ки "сахттарин ҷазоро" ба онҳо раво мебинанд.

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, ки як чеҳраи нисбатан мӯътадил дар миёни ҳокимони Ҷумҳурии Исломӣ дониста мешуд, рӯзи 18-уми январ ҳушдор дод, ки ҳар гуна ҳамла ба раҳбари олии кишвар Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ сабаби "ҷанги тамомайёр" хоҳад шуд.

Масъуд Пизишкиён, гуфт, ҳадаф қарор додани Алӣ Хоманаӣ ба маънои эъломи ҷанг бо Эрон хоҳад буд. Пизишкиён дар шабакаи Х навишт: «Таарруз ба раҳбарии муаззами кишварамон ба манзилаи ҷанги тамомайёр бо миллати Эрон аст.»

Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи 17-уми январ дар як суханронӣ аз нақши Пизишкиён дар саркӯби тазоҳурот ситоиш кард ва ҳамзамон эътироф кард, ки дар ҷараёни эътирозҳо "чанд ҳазор" нафар кушта шудаанд.

Доналд Трамп беш аз ҳар раҳбари дигари кишварҳои ғарбӣ ҳокимони тундрави Эрон барои саркӯби бераҳмонаи эътирозгарон сахт танқид кард.

"Раҳбарияти нав" барои Эрон

Раиси ҷумҳури Амрико дар сӯҳбат бо нашрияи “Politico”, ки рӯзи 17-уми январ нашр шуд, гуфтааст: "Вақти он расидааст, ки дар ҷустуҷӯи раҳбарияти нав дар Эрон бошем." Доналд Трамп гуфтааст: " Ӯ (Хоманаӣ) ҳамчун раҳбари як кишвар гунаҳкори вайронии комили кишвар ва истифода аз хушунат ба ҳаддест, ки қаблан дида нашуда буд. Барои он ки кишвар дуруст амал кунад, ҳарчанд ҳоло дар сатҳи бисёр паст амал мекунад, раҳбарият бояд ба мудирияти дурусти кишвараш тамаркуз кунад, тавре ки ман дар Иёлоти Муттаҳида мекунам, на ин ки барои ҳифзи қудрат ҳазорон нафарро ба қатл расонад."

Тазоҳурот ва мавҷи нави мухолифат бо ҳукумати мазҳабӣ дар Эрон рӯзи 28-уми декабри соли 2025 сар зад. Тазоҳургарон аввал ба сабаби вазъи бади иқтисодии Эрон ба хиёбонҳо рехтанд, вале ин ҳаракат ба эътирози густурдае ба зидди низоми исломӣ табдил ёфт.

Доналд Трамп дар ибтидо ҳушдор дода буд, ки агар нерӯҳои амниятии Эрон эътирозгаронро бикушанд, Иёлоти Муттаҳида барои иқдом "омода" аст. Баъдан ӯ таҳдид кард, ки агар Эрон ҳукми қатли тазоҳургаронро иҷро кунад, Вашингтон "чораҳое бисёр сахте" ба зидди он ба кор мебарад.

Раиси ҷумҳури Амрико дертар гуфт, ки пас аз лағви 800 ҳукми эъдом аз сӯи Эрон, аз ҳамлаи низомӣ худдорӣ кардааст. Мақомоти Эрон то кунун дар бораи ҳукми қатли 800 эътирозгар ва ё лағви чунин ҳукмҳо чизе нагуфтаанд.

Омори қурбониён ва таҳдидҳои нав

Созмони "Ҳуқуқи башари Эрон", ки дар Норвегия қароргоҳ дорад, кушта шудани камаш 3428 эътирозгарро ба дасти нерӯҳои амниятиро тасдиқ кард. Созмони HRANA, воқеъ дар Амрико, шумори кушташудагонро 3308 нафар ва боздоштшудаҳоро беш аз 24 ҳазор нафар эълон кардааст. Ин созмон афзудааст, ки 4382 парвандаи дигар дар баррасӣ қарор дорад.

Гурӯҳҳои дигари ҳомии ҳуқуқи инсон шумори қурбониёнро ба маротиб бештар медонанд, вале қатъи интернет дар Эрон таҳқиқи дурустии ин иттилоро душвор кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Асғар Ҷаҳонгир, сухангӯи вазорати адлияи Эрон, ишора кард, ки мумкин аст, ҳукмҳои қатлро иҷро кунанд. Ӯ рӯзи 18-уми январ дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Як силсила аъмол ҳамчун 'муҳориба' шинохта шуданд, ки аз сахттарин ҷазо барои он пешбинӣ шудааст." Тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Исломӣ, иттиҳоми "муҳориба" ё ҷанг бо Худо ҳукми қатлро дар пай дорад.

XS
SM
MD
LG