Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Амрико "дар ҳоли музокира" барои поён додани ҷанг аст

навшуда
Доналд Тра
Доналд Тра

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, дар бораи созиши хатми ҷанг "бо одамони муносиб дар Эрон" дар гуфтугӯ аст. Нашрияи The New York Times ва Канали 12-и Исроил гуфтанд, Амрико ба Эрон нақшаи сулҳи иборат аз понздаҳ шартро фиристод.

"Хоҳиши онро дорам, ки мо инро бе талаф додани ҷони бештар ва бе хароб кардани нерӯгоҳҳои 10-миллиарддолларии мавриди ситоиши бисёриҳо хотима дода тавонем," -- гуфт раисҷумҳури Амрико.

Нашрияи The New York Times бо такя ба манбаъҳояш навишт, маълум нест нақшаи пешниҳодие, ки бо дасти Покистон расонида шудааст, то куҷо тавони хатми пурраи низоъро дорад.

Канали 12-и Исроил бо такя ба се манбаъ гуфт, Вашингтон мехоҳад оташбаси якмоҳаи баррасии нақша эълон шавад ва дар ин муддат дар қатори чизҳои дигар, гулӯгоҳи Ҳурмуз боз шуда, барномаи ҳастаӣ, гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон дар минтақа нобуд карда шаванд ва таҳримҳои Теҳрон бекор гарданд.

Кеннет Поллак, таҳлилгари масоили Ховари Миёна, гуфт, дар асл барои тасдиқи ин ки пешрафти дипломатӣ вуҷуд дорад, далели кофӣ дар даст нест.

Поллак, ки дар гузашта таҳлилгари Маркази истихбороти Амрико ҳам будааст, рӯзи 23-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "тавре ман мефаҳмам, эрониҳо пешшартҳои калоне гузоштаанд, мисли ин ки Амрико бояд ҷуброни ҷангро пардозаду ҳама нерӯҳояшро аз минтақа ақиб кашад. Ин чиз қобили қабули Трамп нест".

Ӯ афзуд, "ҳарфҳои Трамп бештар ба хотири ором кардани бозор садо додаанд, на баёни воқеият ё намоиши пешрафти ҷиддие."

БЕШТАР БИХОНЕД: ДАР ЭРОН ЧӢ МЕГУЗАРАД?

Дар ҳамин ҳол, Эрон ба Кувайту Исроил ҳамлаҳо анҷом дод. Мақомот гуфтанд, дар пайи ҳамлаи паҳподҳо дар Телавив биное хароб шуда, шаш нафар маҷрӯҳ гаштанд. Кувайт гуфт, низоми дифои ҳавоияш "ба ҳамлаҳои мушаку паҳпод" вокуниш кард ва дар бораи дар ҳаво хунсо шудани онҳо хабар дод.

Низомиёни ироқӣ рӯзи 24-уми март Амрико ва Исроилро барои нишон гирифтани қароргоҳи "Ҳашд-аш-Шаъбӣ", як гурӯҳи ниманизомии мавриди ҳимояти Эрон ва ҳам манзили раҳбари ин созмон муттаҳам карда, гуфтанд, 15 кас кушта шуд.

Дар ҳоле ки Эрон ҳамлаҳоро болои Исроилу кишварҳои Халиҷ ва муассисаҳои амрикоӣ дар минтақа идома медиҳаду борикаи Ҳурмуз баста мемонад, Доналд Трамп мегӯяд, "ҷангро бурдаанд" ва Эрон "пурра мағлуб карда шуд".

Вале аз шурӯи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил болои Эрон (28-уми феврал) ҷанг бо ҳамон шиддат давом дорад. Матбуоти амрикоӣ бо такя ба манбаъҳо аз ирсоли ҳазорҳо сарбози дивизияи ҳавоии 82-юм ба Ховари Миёна хабар медиҳад.

The Wall Street Journal гуфт, Пентагон 3 ҳазор сарбоз фиристоданӣ аст. "Ин сарбозон ҳунари истифодаи чатрро дар хоки душман доранд," -- навишт ин нашрия.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Нақшаи амрикоии хатми ҷанги Эрон аз 15 бахш иборат будааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00
XS
SM
MD
LG