Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, 26-уми март эълон кард, ки бо "дархости ҳукумати Эрон" ҳамла ба нерӯгоҳҳои энержии ин кишварро барои 10 рӯз (то 6-уми апрел) ба таъхир андохт.
Ӯ дар идома гуфт, музокирот бо Эрон дар ҷараён аст ва "бо вуҷуди изҳороти нодуруст бар хилофи он аз сӯи расонаҳои ҷаълӣ ва дигарон хеле хуб пеш меравад".
"Онҳоро торумор кардем. Кӣ намехоҳад музокира кунад? Онҳо зорӣ доранд, ки созише ба даст орем. Мо мебинем, ки оё созиши дурусте ҳосил мешавад ё на. Агар онҳо як созиши боманфиате бикунанд, гулӯгоҳи Ҳурмузро боз мекунанд," -- афзуд Трамп.
Раисҷумҳури Амрико рӯзи 21-уми март таҳдид карда буд, ки агар дар 48 соат гулӯгоҳи муҳими Ҳурмуз боз нашавад, нерӯгоҳҳои Эронро “торумор” мекунад. Дертар ин талабашро то 27-уми март ба таъхир гузошт.
Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳдид кардааст, ки дар сурати ҳамла ба нерӯгоҳҳои ин кишвар ба нерӯгоҳҳо дар минтақа ҳамла хоҳад кард.
Дар айни замон Доналд Трамп талош дорад, ки Эронро ба пазируфтани тарҳи сулҳ водор кунад. Стив Виткофф, намояндаи вижаи Трамп барои Ховари Миёна, тасдиқ кард, ки Амрико як "феҳристи иборат аз 15 банд"-ро аз тариқи Покистон ба Эрон додааст.
Мақомоти баландпоя дар Теҳрон вуҷуди музокиротро бо Вашингтон рад мекунанд, вале 25-уми март гуфтанд, ки пешниҳоди Амрикоро меомӯзанд. Онҳо дар муқобили 15 талаби Вашингтон панҷ шарти оташбаси худро пеш гузоштаанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба гузоришҳо, Амрико нақша дорад, ки ба Ховари Миёна сарбозони иловагӣ фиристад.
Нашрияи The Wall Street Journal рӯзи 26-уми март навишт, Пентагон дар фикри фиристодани 10 ҳазор сарбози изофӣ аст, то ба президент Доналд Трамп имкониятҳои бештари ҳарбӣ фароҳам намояд.
Маълум нест, ин нерӯҳо ба кадом гӯшаи минтақа фиристода мешаванд. Танҳо тахмин зада мешавад, ки онҳо дар масофаи муносиб барои зарба задан ба Эрон ва ҷазираи Хорг – як нуқтаи муҳими содироти нафти хоми Ҷумҳурии Исломӣ – ҷойгир мешаванд.
Сухангӯи Фармондеҳии марказии Амрико, ки масъули маълумот дар бораи нерӯҳои амрикоӣ дар Ховари Миёна мебошад, нахост ин мавзуъро шарҳ диҳад.
Видеоро дар инҷо бинед: