Исроил рӯзи 8-уми апрел ба шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнон ва даҳҳо нуқтаи дигар дар саросари он кишвар ҳамла кард. Тибқи иттилои ҷониби Лубнон, дар ин ҳамлаҳо даҳҳо нафар кушта ва беш аз ҳазор тан захмӣ шудаанд.
Созмони дифои мадании Лубнон эълон кард, ки дар умум 254 кас, аз ҷумла 91 тан дар Бейрут кушта ва зиёда аз 1100 нафар захмӣ гаштанд. Вазорати тандурустии Лубнон омори кушташудаҳоро дар саросари кишвар 182 нафар донист ва гуфт, ки ин рақам ниҳоӣ нест.
Ба гузориши хабаргузории "Франс-Пресс", ҳамлаҳо ба пойтахти Лубнон бе ҳушдори қаблӣ анҷом шуд ва боис гардид, ки мардум дар кӯчаҳо ба фирор шуруъ кунанд.
Исроил ҳамчунин минтақаи ҷануби Бейрут ва ҷануби Лубнон, ҷойеро, ки "Ҳизбуллоҳ" нуфуз дорад, ҳадаф қарор дод. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ин гурӯҳро, ки аз ҳимояти Эрон баҳравар аст, созмони террористӣ медонанд.
"Даргириҳои Лубнон бахше аз оташбас нест"
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар гуфтугӯи телефонӣ бо шабакаи PBS гуфтааст, ки поёни даргириҳо дар Лубнон дар оташбас миёни Вашингтон ва Теҳрон ҷой дода нашудааст. Трамп ҷанги Исроил ва гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнонро як "даргирии алоҳида" хонд.
Вебсайти Axios низ ба нақл аз Каролин Левитт, сухангӯи Кохи Сафед, навишт, Лубнон бахше аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико нест.
Аз сӯи дигар, мақомҳои эронӣ ҳамлаҳои Исроил ба Лубнонро "нақзи оташбас" дониста, нисбат ба идомаи он ҳушдорҳои тунде доданд. Содиқ Лориҷонӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом, таҳдид кард, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳои Исроил ба "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ба он "посухи қотеъ" хоҳанд дод.
Сипоҳи посдорони Эрон низ дар баёнияе ҳушдор дод, ки дар сурати қатъ нашудани ҳамлаҳои Исроил, "посухи пушаймонкунанда" дар интизор хоҳад буд. Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон таъкид кард, ки Амрико бояд миёни ҳифзи оташбас ё "идомаи ҷанг аз тариқи Исроил", якеро интихоб кунад.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, пеш аз ин зимни ҳимояти оташбас миёни Вашингтон ва Теҳрон гуфт, оташбасе, ки бомдоди чаҳоршанбе оғоз шуд, шомили ҷанги кишвараш бо "Ҳизбуллоҳ" дар Лубнон намешавад.
Исроил Катс, вазири дифои Исроил чанд соат баъд эълон кард, ки артиши ин кишвар як ҳамлаи ғофилгиронаро бо ҳадаф қарор додани садҳо узви "Ҳизбуллоҳ" дар саросари Лубнон анҷом додааст. Дар пайи ин ҳамлаҳои маргбор, нахуствазири Лубнон аз "дӯстон"-и ин кишвар хост, ки барои поён додан ба ҳамлаҳои Исроил ёрӣ кунанд.