Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли интиқоли беш аз 1100 паноҳҷӯи афғон аз Қатар ба Конго

Фурудгоҳи Кобул. 15 августи соли 2021.
Фурудгоҳи Кобул. 15 августи соли 2021.

Беш аз ҳазор паноҳҷӯи афғон дар урдугоҳе дар Қатар, пас аз поёни муҳлати муайяншуда аз сӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико барои интиқоли онҳо, бо эҳтимоли зиёд ба таври маҷбурӣ дар Ҷумҳурии мардумии Конго дар Африқо, ҷобаҷо мешаванд.

Ин паноҳҷӯён рӯзи 22 апрел дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пештар ба онҳо гуфта шуда буд, ин урдугоҳ то 31 март баста хоҳад шуд ва сокинони он ба кишварҳои дигар интиқол дода мешаванд, аммо бо гузашти ин муҳлат, ҳеч барномаи муайяне эълон нашудааст.

Тибқи ин гузориш, ҳудуди 1100 нафар дар ин урдугоҳ зиндагӣ мекунад, ки бисёре аз онҳо ғайринизомӣ ҳастанд, ки давоми ду даҳсола ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон, бо ин нерӯҳои ҳамкорӣ кардаанд. Беш аз ниме аз онҳоро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд.

Ин афрод пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2021 ва бозгашти Толибон ба қудрат, аз тариқи чанд парвоз аз ин кишвар берун бурда шуданд ва интизор доштанд ба Амрико интиқол меёбанд. Аммо раванди расидагӣ ба дархостҳои муҳоҷиратии онҳо дар ноябри соли 2025 қатъ шуд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз" 21 апрел хабар дод, ки ин паноҳҷӯён бо интихоби душвор миёни бозгашт ба Афғонистони зери ҳокимияти Толибон ё интиқол ба кишвари Конго дар маркази Африқо, рӯбарӯ ҳастанд.

Ба навиштаи ин рӯзнома, ин гурӯҳ шомили тарҷумонҳои нерӯҳои амрикоӣ, аъзои пешини нерӯҳои вижаи Афғонистон ва аъзои хонаводаи низомиёни ҳамкор бо амрикоён аст ва беш аз 400 кӯдак низ дар миёни онҳо ҳузур доранд.

Дар ин гузориш ба нақл аз як корманди кӯмакрасони амрикоӣ омадааст, ки ин тарҳ дар баррасӣ аст ва мақомҳои Вазорати корҳои хориҷии Амрико ӯро дар ҷараёни гузинаи интиқол ба Конго қарор додаанд.

Бо ин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба таври расмӣ номи ҳеч кишвареро тасдиқ накардааст ва танҳо эълон намудааст, ки баррасии "гузинаҳои ҷобаҷойии дигарбораи довталабона", идома дорад.

Яке аз паноҳҷӯён ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сокинони урдугоҳ ҳамчунон намедонанд ба кадом кишварҳо интиқол дода хоҳанд шуд ва мақомҳо низ посухи рӯшане ироа намекунанд.

Дар ҳамин ҳол, шуморе аз қонунгузорони Ҳизби демократ дар Конгресси Амрико бо интиқод аз ин вазъият, эълон кардаанд, ки ҳукумат ба ваъдаҳои худ дар баробари муттаҳидони афғон амал накард ва ин масъала метавонад ба эътимоди шарикони ояндаи Амрико осеб бизанад.

Дар бахши дигаре аз ин гузориш омадааст, ки шуморе аз паноҳҷӯёни афғон, ки пештар аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба кишвари Руанда мунтақил шудаанд, низ бо чунин вазъияте рӯбарӯ ҳастанд ва бо вуҷуди ваъдаи интиқол ба кишварҳои дигар, моҳҳост дар бесарнавиштӣ ба сар мебаранд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико айни замон эълон кардааст, ки бозгашти довталабона ба Афғонистон ҳамчунон яке аз гузинаҳо аст ва барои афроде, ки ин гузинаро бипазиранд, кӯмаки молӣ дар назар гирифта шудааст, ҳарчанд нигарониҳо дар бораи амнияти ин афрод дар сурати бозгашт, ҳамчунон побарҷост.

Гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ҳатто бархе афроде, ки дар гузашта бо нерӯҳои амрикоӣ ҳамкорӣ кардаанд, пас аз бозгашт ба Афғонистон бо таҳдид, боздошт ва ҳатто шиканҷа рӯбарӯ шудаанд. Аммо Толибон ин мавзӯъро рад кардаанд.

Урдугоҳи "Сайлия" дар Қатар пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар соли 2021 барои иқомати муваққати афғонҳое таъсис дода шуд, ки бо нерӯҳои амрикоӣ ҳамкорӣ карда буданд ва дар интизори интиқол ба Амрико буданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG