Анвар Қарқош, мушовири раиси ҷумҳури Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар умури хориҷӣ, мегӯяд, даври дигари даргирӣ миёни Эрон, Амрико ва Исроил «фоҷиабор» хоҳад буд.
Ӯ, ки рӯзи 22-уми май дар нишасти амниятии Глобсек дар шаҳри Прага ҳузур дошт, дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Фардо гуфт, кишвараш аз як роҳҳалли сиёсӣ ҳимоят мекунад, аммо дар сурати шуруи даргириҳо аз худ дифоъ хоҳад кард.
Радиои Фардо: Оё Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз музокирот бо Эрон барои поён додан ба ҷанг ҳимоят мекунад, ё тарҷеҳ медиҳад Амрико ва Исроил фишори низомии бештаре бар Эрон ворид кунанд ва ҳамонтавр, ки бархе мегӯянд «корро тамом кунанд?
Анвар Қарқош: «На, мо ба вазоҳат талоши зиёде кардем, то аз вуқӯи ҷанг ҷлавгирӣ кунем, зеро равобити мо бо Эрон дар ҳудуди 40 соли гузашта ҳамвора робитае печида будааст. Мо ҳамсоя ҳастем, тиҷорат, сармоягузорӣ ва пайвандҳои зиёде бо якдигар дорем. Мавзеи мо ин аст, ки ҳалли ин масъала бояд аз тариқи сиёсӣ бошад. Роҳҳалҳои низомӣ ҳамонгуна, ки имрӯз дидаем, печидагиҳои бисёре ба ҳамроҳ доранд. Мо ҳамчунон аз як роҳҳалли сиёсӣ ҳимоят мекунем, аммо ин набояд баҳонае барои даргириҳои оянда бошад. Масъалаи тангии Ҳурмуз равобитро печидатар мекунад, бавижа дар мавриди дастрасии озод барои тиҷорат ва нафту гази ҷаҳонӣ.
Радиои Фардо: Пас дар воқеъ, ҳамачиз ба ҷузъиёт бастагӣ дорад?
Анвар Қарқош: «Бале, ҷузъиёт бисёр муҳим ҳастанд, аммо мо ҳамчунон намехоҳем, шоҳиди шиддати гирифтани муноқиша бошем, чаро ки медонем, сахт шудани даргириҳо дар минтақа ҳамеша ба бунбаст сабаб мешавад ва он бунбаст мушкилоти бештаре эҷод мекунад. Ҳамчунин бояд дар назар дошта бошем, ки минтақа ниёзманди тармими фаровон аст. Ба таври мушаххас, Иморот ҳадафи 3 ҳазору 300 мушак қарор гирифтааст, ки ҳатто бештар аз ҳамлаҳои Эрон ба Исроил буд. Бале, бештар аз Исроил.. "
Радиои Фардо: Онгуна ки медонед, Марко Рубио, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт нишонаҳои мусбате вуҷуд дорад, аммо афзуд, ки намехоҳад беш аз ҳад хушбин бошад. Оё фикр мекунед ин музокирот ки акнун бо миёнҷигарии Покистон дар ҷараён аст, метавонад ба тавофуқ бирасад ё эҳтимолан шоҳиди даври дигаре аз даргириҳо хоҳем буд?
Анвар Қарқош: «Ин музокирот бояд ба тавофуқ бирасад, на Амрико, на Эрон ва на Иморот хоҳони азсаргирии хусуматҳо нестанд. Яке аз нигарониҳои ман ин аст, ки музокиракунандагони эронӣ ҳамвора беш аз ҳад, тавон ва аҳромҳои худро бузург тасаввур кардаанд ва ин метавонад мушкилсоз шавад. Мо дар сатҳи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон, бавижа мавзӯи ғанисозӣ, нигаронӣ дорем. Дар ҳоли ҳозир Эрон ҳамчунин мехоҳад, наҳваи истифода аз тангии Ҳурмузро тағйир диҳад, ки бар роҳҳои таҳти қонунҳои байналмилалӣ таъсир мегузорад. Нигаронии мо ин аст, ки ин масъала дар ҳар даргирии оянда ба абзоре низомӣ табдил шавад. Мо хоҳони муваффақияти ин музокирот ҳастем, аммо ин музокирот бояд решаи мушкилотро ҳал кунанд, на ин ки сирфан як мусаккини муваққат бошад.»
Радиои Фардо: Шумо худатон гуфтаед, ки сирфан оташбас кофӣ нест ва минтақа ба як чаҳорчӯби амниятии густурдатар ниёз дорад. Ин чаҳорчӯб дар амал чӣ шакле хоҳад дошт?
Анвар Қарқош: «Оташбас кофӣ нест, зеро наметавонад фақат як роҳҳалли зоҳирӣ ва муваққат барои мо дар Халиҷ (Форс) бошад. Ин ҷанг миёни Амрико, Исроил ва Эрон аст. Кишварҳои Халиҷ (Форс) бахше аз он набуданд ва тазмин дода буданд, ки амният ва ҳокимияти худро алайҳи Эрон ба кор нахоҳанд гирифт. Роҳбурди Эрон барои кашондани кулли минтақа ба як даргирии густурдатар шояд аз назари тактикӣ барои фармондеҳонаш ҷаззоб ба назар мерасид, аммо аз назари роҳбурдӣ мушкилоти баландмуддате дар заминаи эътимод ба Ҷумҳурии Исломӣ эҷод кардааст.
Радиои Фардо: Оё роҳеро мебинед, ки кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва Иморот битавонанд, эътимод ба Ҷумҳурии Исломиро бозсозӣ кунанд?
Анвар Қарқош: «Фикр мекунам дар ҳоли ҳозир ин як роҳи бисёр баландмуддат ва шубҳабарангез аст. Аммо ман миёни «равобит» ва «эътимод» тафовут қоил мешавам. Ман масире барои бозсозии равобит мебинам. Мо равобити дипломатиро қатъ накардем, зеро омӯхтаем, ки бояд ҳадди ақалли тамосҳо ва каналҳои иртиботӣ ҳифз шаванд. Равобит дар ҳавзаи тиҷорат, энержӣ, ё горди соҳилӣ бояд бозгарданд, зеро инҳо масоили амалӣ ҳастанд. Аммо эътимод аз байн рафта ва бозсозии он замони зиёде хоҳад бурд.
Аз назари таърихӣ, Эрон тамоюле ба музокира дар бораи ин масоил бо ҳамсоягони халиҷии худ надошта ва худро як «қудрати минтақаӣ»-и ҳамсатҳи Иёлоти Муттаҳида мебинад. Ин дидгоҳ дигар мутааллиқ ба гузашта аст. Дар ҳоле ки иқтисоди Эрон суқут карда, кишварҳои Халиҷ (Форс) бисёр муваффақ амал кардаанд. Эрон аз назари вусъат ва қудрати низомӣ бозигари муҳиме дар минтақа аст, аммо аз назари рушди иқтисодӣ аз кишварҳои Халиҷ (Форс) ақиб монда аст.»
Радиои Фардо: Чӣ иқдомоте бояд барои бозсозии эътимод анҷом шавад?
Анвар Қарқош: «Аввал аз ҳама бояд ба як роҳҳалли сиёсӣ бирасем. Эрон бояд ин паёмро возеҳ аз мо бишнавад ва инки мо хоҳони ташдиди таниш ё даргирӣ нестем, аммо аз худ дифоъ хоҳем кард. Як роҳҳалли сиёсӣ бояд нигарониҳои аслии ҳамаи тарафҳоро дар назар бигирад. Пас аз он, масири тӯлонии тармим оғоз мешавад. Бозсозии равобит ва иқдомоти эътимодсозӣ барои итминон аз инки Эрон алайҳи мо рафтори хусуматомез нахоҳад дошт. Талошҳои қаблии мо барои эҷоди робитае коромад бо ҳамсояи шимолиамон фурӯ пошидааст. Мо аз як тавофуқи сиёсӣ дар рӯзҳои оянда ҳимоят мекунем то «варақро баргардонем», аммо ин тавофуқ набояд тухми бесуботии ояндаро бикорад.»
Радиои Фардо: Ин даргирӣ чӣ таъсире бар нуфузи минтақаии Эрон хоҳад дошт?
Анвар Қарқош: «Ин даргирӣ нуфузи минтақаии Эронро суст хоҳад кард. Эрон аз сӯи тамоми ҳамсоягони ҷанубиаш ба унвони як таҳдид дида хоҳад шуд ва хароҷоти дифоии минтақа дар посух ба ҳамин таҳдид танзим мешавад. Нуфузи Амрико дар Халиҷ (Форс) пуррангтар хоҳад шуд. Эрон ҳамчунин роҳи дарозе барои бозсозии зербунёдҳо, иқтисод ва арзи миллии худ дар пеш дорад. Ман нигарони талош барои бозсозии «сегонаи дифоӣ» яъне шибҳинизомиён дар Ироқ, Яман ва дигар нуқот ҳастам. Сиёсати «дифои пешрав» шикаст хӯрда ва даргириро ба қалби Эрон кашонда аст. Эрон бояд монанди Туркия ё Миср баунвони як қудрати минтақаии масъул амал кунад. Кишварҳое, ки шибҳанизомиёни азиме барои истифода баунвони хатти аввали дифоъ эҷод намекунанд.»
Радиои Фардо: Оё ин ҷанг боиси наздиктар шудани Исроил ва Иморот шуд?
Анвар Қарқош: «Мо бо Исроил робитае расмӣ ва аланӣ дорем ва сафоратхонаҳо ҳастанд. Исроилиҳо дар дифои мо дар баробари мушакҳо ва паҳподҳои эронӣ бисёр мадад карданд, ин як воқеият аст. Ҳамлаҳои Эрон ба Халиҷ (Форс) боис шуда амнияти Халиҷ (Форс) беш аз пеш аз мафҳуми «амнияти арабӣ» ҷудо шавад. Акнун тамаркузи амнияти Халиҷ (Форс) бештар бар Эрон аст, то Исроил. Аз назари роҳбурдӣ, стратегияи Эрон барои ҳамла ба Халиҷ (Форс) шикаст хӯрд ва фурсатҳои бештаре барои Исроил дар Халиҷ (Форс) эҷод кард, чӣ аз тариқи каналҳои сиёсӣ ва чӣ дар заминаи харидҳои дифоӣ.»
Радиои Фардо: Ба назари шумо паёмадҳои баландмуддати ин ҷанг чӣ хоҳад буд?
Анвар Қарқош: «Чеҳраандози роҳбурдӣ бисёр душвортаре дар пеш хоҳад буд. Ҳамачиз бастагӣ ба дарсҳое дорад, ки ҳукумати Эрон мегирад, ё инки роҳи даргирии доимиро интихоб кунад, ё бар масоили дохилӣ тамаркуз кунад. Як дарси рӯшан барои кишварҳои Халиҷ (Форс) ин аст ки мо бо як хатари фаврӣ рӯбарӯ ҳастем, на як таҳдиди фарзӣ, ва бояд омода бошем. Ҳазинаҳои дифоӣ афзоиш хоҳад ёфт ва робита бо Иёлоти Муттаҳида амиқтар ва табиитар мешавад. Ҳамчунин зерсохтҳои логистикиеро бозсозӣ хоҳем кард, ки вобаста ба тангии Ҳурмуз набошанд, то вобастагӣ ба манотиқи ҳассос коҳиш ёбад.»
Радиои Фардо: Фарз кунем, тавофуқе ҳосил нашавад ва Амрико ва Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунанд. Оё нигарон ҳастед, ки шоҳиди як ҷанги минтақаӣ бошем? Гузоришҳое мунташир шуд мабнӣ бар инки Арабистони Саудӣ ва Иморот низ дар ҷараёни ҷанг ба Эрон ҳамла карданд.
Анвар Қарқош: «Мавзеи мо рӯшан аст. Мо иқдоми хусуматомез анҷом нахоҳем дод, аммо аз худ дифоъ хоҳем кард. Даври дувуми ҷанг фоҷиабор хоҳад буд, зеро Эрон дар мавқеияти бисёр заифе қарор дорад. На Амрико ва на Иморот чунин роҳеро намехоҳанд. Ҳамачиз бастагӣ ба нармишпазирии музокиракунандагони Эрон бастагӣ дорад. Касе, ки дар тӯли таърих фурсатҳои зиёдеро аз даст дода, то қудрати тактикӣ нишон диҳад, дар ҳоле ки кишвар баҳои сангине пардохта аст.»
Гуфтугӯ