Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти таърихшиноси маъруф Намоз Ҳотамов

Намоз Ҳотамов, таърихшинос
Намоз Ҳотамов, таърихшинос

Таърихнигори шинохта, профессор Намоз Ҳотамов рӯзи 19 июл дар манзилаш дар шаҳри Душанбе даргузашт. Вай ба синни 80 расида буд. Дар ин бора раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳамкорону шогирдони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.

Намоз Ҳотамов зодаи деҳаи Шоботии ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро буда, дар мактаби тоҷикии ин деҳа таҳсил кардааст ва пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар ҳамин даргоҳ ва ниҳодҳои дигари илмии Тоҷикистон кор кардааст. Вай бо силсилаи пажуҳишҳояш дар бораи вожгунии аморати Бухоро шуҳрат дошта, яке аз муаллифони таҳқиқоти густардаи “Таърихи халқи тоҷик” аст.

Ҳарчанд осори замони Шӯравии Намоз Ҳотамов дар чаҳорчӯбаи таърихнигории сиёсии он давра иншо шудаанд, соҳибихтиёрии Тоҷикистон сабаб гашт, ки ӯ аксари асарҳояшро бознависӣ кунад ва маводи то он замон мамнуъро ба нашр расонад. Вай ҳамчунин ҳаммуаллифи китобҳои дарсии таърих барои мактабҳои миёна ва коллеҷҳо, барандаи Ҷоизаи Муҳаммад Осимӣ аст.

Намоз Ҳотамов яке аз меҳмонони доимии барномаҳои Радиои Озодӣ буд ва дар тарҳи “Сад ранги сад сол. Тоҷикон дар қарни бистум” саҳми бориз гирифтааст.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG