Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркӯби рамзҳои динӣ барои тарғиби "фарҳанги миллӣ"

Намояндаи Кумитаи кор бо занони ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи маъракаи тарғиби либоси миллии тоҷикӣ бо занон дар кӯча сӯҳбат мекунад.
Намояндаи Кумитаи кор бо занони ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи маъракаи тарғиби либоси миллии тоҷикӣ бо занон дар кӯча сӯҳбат мекунад.

Бисёре аз тоҷикҳо мегӯянд, ки тасмим дар бораи пӯшидани либос, намуди зоҳирӣ ва боварҳои мазҳабӣ, ҳоло бо дастурҳои расмӣ сахт алоқаманд аст.

Тоҷикҳое, ки бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ суҳбат карданд, мегӯянд, мардон бинобар доштани риш, ки мақомот мумкин аст онро нишонае аз ифротгароии мазҳабӣ бидонанд, боздошт мешаванд.

Хушнуд ҳар ҳафта "Вотсапп"-и худро боз мекунад, як акси "селфӣ" аз чеҳраи тарошидааш мегирад ва онро ба пулис мефиристад.

Ин фурӯшандаи 37-солаи мусалмон, ки сокини шаҳри Бохтар дар ҷануби Тоҷикистон аст, мегӯяд, аз вақте, ки барои риш доштанаш аз сӯи пулис боздошт ва се рӯзро дар боздоштгоҳ сипарӣ кард, ин корро анҷом медиҳад.

Хушнуд, ки ба далоили амниятӣ хоҳиш кард насабаш зикр нашавад, гуфт, "онҳо ба ман дастур доданд, ки ҳар ҳафта аксе барояшон бифиристам, ки нишон диҳад, ришамро тарошидаам".

Ӯ мегӯяд, ки мақомот ӯро ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ айбдор ва 180 сомонӣ (ҳудуди 18 доллар), ҷарима карданд.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз мақомоти пулис дар ин бора шарҳ хост, аммо посухе дарёфт накард.

Таҷрибаи Хушнуд нишондиҳандаи раванд ё тамоюли рӯ ба густариш аст: Бисёре аз тоҷикҳо мегӯянд, интихоби либос, намуди зоҳирӣ ва боварҳои динӣ ҳоло бо дастурҳои расмӣ сахт гиреҳ хӯрдааст.

Ислом дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки аксар аҳолии он мусалмон ҳастанд, решаи амиқе дорад. Аммо солҳои ахир мақомот иқдомотеро рӯи даст гирифтаанд, ки пӯшидани либос ва дигар намуди зоҳириро, ки ба назари онҳо бо фарҳанги миллии тоҷикӣ созгор нестанд, маҳдуд месозад.

"ДЕҲА БА ДЕҲА"

Муборизаи Душанбе алайҳи ҳиҷоби исломӣ (ё ҳамон рӯсарӣ) дар соли 2024 замоне ба авҷи худ расид, ки ин кишвар ба қонуни "ҷашну маросимҳо" тағйирот ворид кард, то "либоси ба фарҳанги миллӣ бегона"-ро расман манъ кунад. Истилоҳе, ки дар умум ба пӯшиши исломӣ ишора дорад.

Пеш аз ин низ маҳдудиятҳое барои пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва идораҳои давлатӣ, ҷорӣ буд.

Дар Тоҷикистон мақомот аксаран ҳиҷобпӯшии занон ва риши мардонро нишонаҳои зоҳирӣ аз эҳтимоли гароиш ба ифротгароии мазҳабӣ медонанд.

Мақомот борҳо эълон кардаанд, ки ҳадафашон манъи ҳиҷоби исломӣ ё маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ нест. Аммо бо ин ҳол, тағйирот дар қонунгузорӣ боис шудааст, ки бархе аз афроди мазҳабӣ дар бораи намуди зоҳирии худ дар ҷойҳои ҷамъияти эҳтиёткор бошанд.

Моҳира, як сокини 35-солаи вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон, рӯзи 20 июл ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки "моҳи гузашта вақте ба назди табиб рафтам, яке аз кормандон дар даромадгоҳ пеши роҳамро гирифт ва гуфт, бояд рӯймоламро тавре бандам, ки манаҳ ва гарданам намоён бошанд".

Моҳира, ки бинобар нигаронии амниятӣ хоҳиш кард, насабаш истифода нашавад, гуфт, ки акнун ҳар вақте ба идораҳои давлатӣ, марказҳои тиббӣ ё мактаби фарзандонаш меравад, либосҳояшро бо диққат интихоб мекунад.

Ӯ гуфт, "ман ҳанӯз ҳам рӯйсарӣ мебандам, аммо рангҳои рӯшан, рангҳои гулдор ва рӯйсарии дорои сангчаҳои ҷилодорро интихоб мекунам".

Моҳира изҳор дошт, ки аз пӯшиши "либосҳои сафед ё сиёҳи якранг" худдорӣ мекунад, зеро эҳтимол дорад ин рангҳо ҳамчун либоси мазҳабӣ, ки ба кишварҳои дигари мусулмонӣ хос аст, қабул шаванд.

Дар моҳи май, Кумитаи кор бо занон ва оила дар ноҳияи Рӯдакӣ (дар атрофи Душанбе) аксҳоеро аз маъракаи худ зери унвони "Деҳа ба деҳа" нашр кард: ба гуфтаи ин ниҳод, ҳадафи ин маърака тарғиби фарҳанги миллии тоҷикӣ ва пешгирӣ аз либосҳои бегона ё хориҷӣ буд.

Дар аксҳо мансабдорон дида мешуданд, ки дар кӯча бо занони ҳиҷобпӯш ва дорои либосҳои дарозу озод, сӯҳбат мекарданд. Ин паём пас аз онки дар шабакаҳои иҷтимоӣ эътирозҳоро барангехт, ҳазф карда шуд.

Тибқи гузориши Комиссияи байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF), ки дар моҳи май нашр шуд, ҳукумати Тоҷикистон талошҳои худро барои "назорат кардани ҳама паҳлӯҳои ҳаёти динии Тоҷикистон", аз ҷумла, иттиҳодияҳои динӣ, либос, таълим ва ибодатҳои умумӣ дар ин кишвар", идома додааст.

Ин гузориш меафзояд, ки мақомот бо роҳандозии маъракаҳое барои пешгирӣ аз пӯшидани либосҳое, ки "бо фарҳанги миллӣ бегона" хонда мешаванд, иҷрои қонуни манъ дар соли 2024-ро, идома додаанд.

Бар асоси ин гузориш, мақомот моҳи феврал бо ҳузур дар мактабҳо дар мавзӯи "тақлиди фарҳанги бегона", суҳбатҳо гузаронидаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз сиёсатҳои худ ба унвони талоше барои ҳифзи суннатҳои миллӣ ва пешгирӣ аз ифротгароӣ дифоъ карда, борҳо маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабии шаҳрвандонро рад намудааст.

"ҲАР ЯК ҲОЛАТ САБТ МЕШАВАД"

Бар хилофи манъи ҳиҷоб, дар Тоҷикистон ҳеч қонуне вуҷуд надорад, ки ба таври ошкор гузоштани ришро манъ кунад. Аммо сокинон ба Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мардон барои гузоштани риш боздошт шудаанд ва мумкин аст мақомот онро нишонае аз ифротгароии мазҳабӣ бидонанд.

Ду марди боздоштшуда аз сӯи пулис бинобар доштани мӯйи рӯй, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтанд, ки кормандон пас аз ба зӯрӣ тарошидани ришашон, онҳоро бе ягон айб раҳо карданд. Онҳо гуфтанд, ки аз дигар ҳодисаҳои ба ин монанд огоҳ ҳастанд.

Ба гуфтаи онҳо, мақомот дар баъзе мавридҳо ин мардонро ба ҷиноятҳои маъмурӣ, чун халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ ё сигоркашӣ дар ҷойҳои мамнӯъ, айбдор кардаанд.

Амин, сокини 37-солаи вилояти Хатлон нақл кард, ки чигуна ахиран кормандони пулис дар ҳузури писари 6-солааш, риши ӯро "қоқтарош" (бе истифода аз об), карданд.

Амин гуфт, "ман ҳатто одами диндор нестам. Вақте мӯйҳои сарам ба рехтан сар кард, риш гузоштам. Ин танҳо як интихоби сабки зоҳириам буд".

Яке аз масъулони Идораи шиносномадиҳии Хатлон, ки нахост номаш зикр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба муроҷиаткунандагоне, ки риш доранд, одатан тавсия дода мешавад, ки пеш аз гирифтани ҳуҷҷатҳояшон, ришашонро битарошанд.

Ин мақомдор изҳор дошт, "ҳар як ҳолат сабт мешавад ва номҳо ба мақомоти болоӣ фиристода мешаванд".

Вай афзуд, ки ин маълумот дар гузоришҳои моҳона оид ба назорати риши мардон ва пушиши мазҳабии занон, ворид карда мешавад.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG