Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ эълон кард, ки аз раҳбарии ин ҳизб даст мекашад ва дигар номзадиашро дар ҷаласаи интихоби раҳбари ин созмони мухолифи давлат намегузорад.
Худи Муҳиддин Кабирӣ дар як посухи катбӣ рӯзи 18-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин тасмимаш аъзои раёсати ҳизбро дар ҷараён гузоштааст. Дафтари матбуоти Ҳизби наҳзат низ дар як баёния гуфт, ки қарор аст, рӯзи шанбе 19-уми сентябр, “интихоботи роҳбари нави Наҳзати Исломии Тоҷикистон баргузор мегардад” ва раҳбари феълӣ “Муҳиддин Кабирӣ эълом доштааст, ки номзадии худро дар ин интихобот пешниҳод намекунад.”
Дар ин баёния омадааст, ки интихоби раҳбари нав идомаи раванди ислоҳоти Наҳзати исломии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва “то имрӯз се нафар аъзои Раёсати олӣ барои иштирок дар интихоботи роҳбари нави Наҳзати Исломии Тоҷикистон номзадии худро дар Комиссияи интихоботӣ сабт кардаанд.”
Муҳиддин Кабирӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 10 рӯз пеш дар ҷаласаи Раёсати олии Ҳизби наҳзат, тасмими худро дар бораи истеъфо эълон кардааст. Ӯ афзуд: "Ҳарчанд Раёсати олӣ ин пешниҳодро ба овоз монда, бо аксари оро истеъфои маро қабул накард, ман бори дигар таъкид кардам, ки ин тасмим ниҳоӣ аст. Ин бори аввал нест, ки ман истеъфо медиҳам. Раёсати олӣ ҳар дафъа онро рад мекард ва бо назардошти шароит, ман низ иҷрои масъулиятамро идома медодам. Аммо ин дафъа эълон кардам, ки тасмимам қатъӣ ва ниҳоӣ аст ва хоҳиш намудам, ки Раёсати олӣ барои дар ин мақом боқӣ мондани ман пофишорӣ накунад."
Дар бораи далелҳои аз раҳбарияти ин созмони мухолифи давлати Тоҷикистон рафтанаш ӯ гуфт, ки муддати дарозест, ки раҳбари ин ҳизб аст ва фурсати он аст, ки дигар ба гуфтаи вай «навсозӣ» сурат бигирад.
Муҳиддин Кабирӣ афзуд: «Аввал ин ки бист сол муддати кам нест. Ман шахсан бовар дорам, ки дар раҳбарии кишварҳо, ҳукуматҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ бояд ҳамеша ҷойивазкунӣ ва навсозӣ сурат бигирад. Ман бори аввал ҳанӯз дар Тоҷикистон, баъд аз интихоботи соли 2015, истеъфо дода будам. Аммо бо назардошти шароит, раҳбарияти ҳизб тасмим гирифт, ки ман барои муддати дигар дар ин мақом боқӣ монам. Ман низ бо дарназардошти муҳоҷират ва печидагии вазъият ин пешниҳодро қабул карда будам.»
Вале дар чанд соли гузашта дар дохили ҳизби таҳти раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ихтилофоти ошкоре сар зад ва чеҳраҳои шинохтае аз узвияти ҳизб хориҷ шуданд. Аз ҷумла, Ҳисомиддин Зубайдуллозода, Шуҳрати Раҳматулло ва Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ, фарзандони аъзои зиндонии ҳизб бо нишони эътироз аз сафи ҳизб хориҷ шудаанд. Ин се нафар 7-уми январ дар Фейсбук навиштанд, "бо сабаби ноуҳдабароиҳо ва бемасъулиятиҳои раҳбарияти ҳизб ва ҳамчунин бекифоятии онҳо дар мудирияти ҳизб, аз идомаи мубориза дар сафи ҳизб даст кашиданд".
Муҳиддин Кабирӣ ин иддаоҳоро рад карда ва гуфтааст, ки аъзои ҳизб зери фишори мақомоти амнияти кишвар бо сару садо аз ҳизб берун мешаванд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки агарчӣ аз ҳизб меравад, аммо ҳамчунон раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон эътилофи созмонҳои мухолифи давлат дар хориҷ боқӣ мемонад.
Ӯ афзуд: "Шахсан бар ин назарам, ки як раҳбари сиёсӣ набояд бештар аз ду давра дар раҳбарии ҳукумат ё ҳизби сиёсӣ боқӣ бимонад. Ҳоло тасмими ман ниҳоӣ аст. Аз ин рӯ, эълон кардам, ки дигар номзадии худро ба мақоми раҳбари ҳизб пешниҳод намекунам. Аммо мисли пештара дар Раёсати олии ҳизб ва дар тамоми фаъолиятҳо ширкат хоҳам кард. Таҷриба, малака ва донишеро, ки дар ин солҳо андӯхтаам, дар ихтиёри дӯстон, бародарон ва ҳамсафонам хоҳам гузошт... Мо бояд фарҳанги истеъфо ва иваз шудани раҳбаронро дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон қадам ба қадам ҷорӣ кунем. Набояд раҳбар танҳо дар натиҷаи табаддулот, инқилоб ё марг аз мақому мансаб канор равад."
Муҳиддин Кабирӣ аз соли 2006 раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аст. Ӯ пас аз даргузашти Саид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари пешини ҳизб дар моҳи августи ҳамон сол дар анҷумани ҳизб расман раиси ин созмони сиёсӣ интихоб шуд ва то кунун раҳбарии онро бар ӯҳда дорад.
Ӯ пас аз ошӯби нофарҷоми моҳи сентябри соли 2015 ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифо ва террористӣ эълон шудани Ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон, кишварро тарк кард ва дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунад. Додситонии Тоҷикистон он замон раҳбарияти ин ҳизбро ба маблағгузорӣ ва тарҳрезии кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ муттаҳам кард ва теъдоде аз аъзои раёсати онро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Додситонии Тоҷикистон ъуди Кабириро ба ҷиноятҳои сахте ба мисли терроризм муттаҳам кардааст.
Раҳбарияти ҲНИТ ва Муҳиддин Кабирӣ ҳамаи ин иттиҳомотро рад карда, онҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва аз ин роҳ берун кардани як ҳизби мухолифи давлат номидаанд. Ҳизб то замони қатъи фаъолияташ дар Тоҷикистон бештар аз 40 ҳазор узв дошт ва баъди Ҳизби халқии демократӣ, ҳизби ҳоким, дуввумин ҳизби бузурги сиёсӣ ба ҳисоб мерафт. Садҳо узви ҳизб, аз ҷумла, аъзои раёсати он дар зиндон ҳастанд. Созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ ҳукумати Тоҷикистонро барои манъи фаъолияти ҳизб дар гузашта бисёр танқид кардаанд.