Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбуси собиқи Гуантанамо ба Озодӣ мегӯяд, бо ӯ бадрафторӣ шудааст


Абдураҳмон Раҷабов - шаҳрванди Тоҷикистон ва яке аз ёздаҳ маҳбуси раҳошуда аз зиндони Гуантанамои Амрико ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони интизомии ин зиндон нисбат ба онҳо бадрафторӣ кардаанд. Абдураҳмон гуфт, бар асари фишор, азияти равонӣ ва ҳамчунин як амали ҷарроҳии ҷигар дар зиндони Гуантанамо вазъи сиҳатии ӯ дар ҳоли ҳозир хуб нест ва ӯ ба манзури дарёфти кӯмак ба сафорати Амрико дар Тоҷикистон ва Кумитаи Салиби Сурх дар ин кишвар муроҷиат кардааст.
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон мушаххасан дар бораи Абдураҳмон сӯҳбате намекунад ва мегӯяд, сиёсати давлат он аст, ки ҳеҷ шарҳе дар ҳолатҳои мушаххас намедиҳад. Ин дар ҳолест, ки намояндаи Салиби сурх дар Тоҷикистон таъйид кард, ки дар пайи дархости Абдураҳмон ба ӯ кӯмак кардааст. Пидроми Яздӣ - намояндаи ин муассиса гуфт, созмони Салиби Сурх барои ташхиси бемории оқои Абдураҳмон дар бемористони шаҳр мусоидат кардааст: "Як мутахассиси тиббӣ барояш ёфтем дар ин ҷо, чун намедонист, куҷо равад ва ба хотири бемор буданаш худро куҷо сабт кунад. Мо ба хотири ташхиси бемориаш ба ӯ кӯмак кардем."
Оқои Яздӣ афзуд, ки Салиби сурх беш аз ин кӯмак ва мададеро наметавонад дар ихтиёри Абдураҳмон ва ё афроди дигари ба мисли ӯ бигузорад. Абдураҳмон, ки бештар аз ду сол дар зиндони Гуантанамо будааст гуфт, дар пайи ташхис бемории ӯ дақиқ шудааст, вале табобати ин навъи беморӣ дар Тоҷикистон имконнопазир мебошад. Вай гуфт, ба ҳангоми раҳоӣ ба ӯ ваъда додаанд, ки ҷиҳати барқарории сиҳатӣ ва рафъи хисороти равониву моддӣ ба ӯ кӯмак хоҳад шуд: "Ба мо мегуфтанд, ки барои табобати ту кӯмак мекунем. Ман аз Салиби Сурх пурсидам, онҳо бисёр ёрӣ дода наметавонистанд ва ман ба сафоратхонаи амрикоиҳо муроҷиат кардам, ки ин суханашон ҳақиқат аст, ё не, ёрӣ дода метавонанд, ё ки не? Лекин аз он ҷо ягон гап нест, хабар нест, ягон ҷавоб нашунидам."
Абдураҳмон як табааи ӯзбактабори Тоҷикистон буда чиҳил сол дорад. Ба гуфтаи худи Абдураҳмон, ӯ бо амри тасодуф ба Афғонистон афтода ва бо мусоидати полиси ин кишвар ба асорати сарбозони амрикоӣ меафтад. Дар тобистони соли гузашта баъди асорати ду солу чаҳормоҳа аз зиндон раҳо ва ба ватан бозгардонида мешавад. Дар посухи катбии сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ омадааст, ки ин кишвар дар бархӯрд бо асирон шароити Конвенсияи Женева, аз ҷумла ба онҳо расонидани кӯмаки тиббиро муроот мекунад. Ҳамзамон таъкид шудааст дар ин посух масъулияти муроқибати асирони раҳошуда бар дӯши кишварҳоест,ки асирон табааи он астанд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе

Мусоҳибаи комил бо маҳбуси собиқи Гуантанаморо ин ҷо бишнавед.
XS
SM
MD
LG