Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидгоҳи аҳзоб ба натиҷаҳои интихобот


Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) рӯзи сешанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо интихоботи порлумониро аз рӯи шакли усули баргузориаш эътироф намекунанд. Оқои Зойиров гуфт, интихоботи рӯзи 27 феврал сарфи назар аз натоиҷаш бояд ғайриқонунӣ эълон ва аз нав баргузор шавад.

Ба ақидаи раиси ҲСДТ, ба хусус дар рӯзи раъйгирӣ ва ҳангоми шумориши оро ҳуқуқи интихобкунандагон поймол шудааст. Ба ин далел, гуфт оқои Зоиров, ҳизби онҳо ба ҳайъати кунунии Кумиссиюни Марказии Интихобот ва Райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) нобоварӣ эълон мекунад.

Раҳматуллоҳ Зойиров гуфт, агар КМИРТ ба талаботи рӯзи душанбе пешгузоштаи 4 ҳизби сиёсӣ дар бораи такроран баргузор кардани интихобот дар ҳавзаҳои шаҳри Душанбе посух нагӯяд, онҳо дар қадами баъдӣ ба Додгоҳи Олӣ ва ба созмонҳои байналмилалӣ шикоят хоҳанд бурд. Оқои Зоиров ба ҳамин тартиб эҳтимоли аз роҳи намоишҳову раҳпаймоиҳои эътирозӣ кор гирифтани ҲСДТ ва аҳзоби дигари мухолифинро истисно накард.

Субҳон Сафиаллоҳ, раҳбари ситоди Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон низ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳизб ба мавқеъи рӯзи 28 феврал изҳоркардааш содиқ мемонад ва тибқи он амал хоҳад кард. Оқои Сафиаллоҳ гуфт, интихобот бо таҳрифкорӣ ва тақаллуби зиёд сурат гирифт, вагарна Ҳизби Коммунист орои ба маротиб бештари мардумро ба даст оварда буд.

Намояндагони се ҳизби Коммунист, Сотсиал-Демократ ва Наҳзати Ислом дар вилояти Бадахшон ҳам аз наҳви баргузории интихоботи порлумонӣ дар ин минтақа ба шиддат изҳори норизоият карда, хостори аз нав баргузор кардани интихобот дар Бадахшон шудаанд.

Аммо Давлаталӣ Давлатов, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократӣ, ки бино ба ҳисобҳои муқаддамотӣ, дар интихоботи рӯзи 27 феврал беш аз 74 дарсади ороро бо худ бурдааст, гуфт, аҳзоби мухолиф бидуни кадом мадрак мақомоти интихоботиро ба тақаллуби натоиҷи интихобот муттаҳам мекунанд. Оқои Давлатов гуфт, дар сурати доштани мадраки лозим ин аҳзоб, тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон, ҳаққ доранд ба додгоҳ муроҷиъат кунанд.
XS
SM
MD
LG