Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги Эмомалӣ Раҳмонов, порлумони номувофиқ, рафтори рӯзномаҳои ҳукуматии Тоҷикистон


Аксари нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта ба мавзӯи суханронии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар порлумони кишвар пардохтаанд. "Минбари Халқ", "Садои Мардум", "Ҷумҳурият" ва нашрияи «Омӯзгор» таҳти унвони «Таҳкими ваҳдати миллӣ кафолати пирӯзиҳои мост» шуморае аз нашри худро пурра ба чопи матни паём ва суханронии президент Раҳмонов дар Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2005 ихтисос доданд.
Дар ҳоле ки ин нашрияҳо суханронии президент Раҳмоновро пураҳамият ва раҳнамудсоз номидаанд, «Курйер» ҳафтаномаи русизабон дар матлабе ба қалами муфассири сиёсии худ паёми Раҳмонов ба Маҷлиси Олиро паёми рейтингхоҳӣ унвон намудааст.

Муфассири сиёсии нашрияи мазкур ҳамчунин бо ишора ба торафт наздик шудани интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон навиштааст, ки бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта метавон суханронии раисҷумҳур Раҳмонов дар порлумонро як навъ шурӯъи қисмати аввали барномаи таблиғотии Эмомалӣ Раҳмонов дар остонаи интихоботи президентии соли 2006-ум дар Тоҷикистон номид. Агар чунин аст афзудааст нашрия, пас президент Раҳмонов аз ҳоло бояд бикӯшад, ки ваъдаҳояш дар хусуси беҳтарсозии сатҳи зиндагии мардум ва демократикунонии ҷомеа қабл аз он интихобот ҷомаи амал пӯшанд, зеро танҳо ин ҳама метавонанд, рейтинги матлубро барои президент Раҳмонов дар остонаи интихобот замонат бахшанд.

«Наҷот» бо ишора ба фаъолияти порлумони дупалатаӣ дар Тоҷикистон навиштааст, дар кишваре, ки тибқи омори омори расмӣ 64 ва ғайрирасмӣ 83 дарсади мардумаш зери хати фақр ба сар мебаранд, порлумони мураккаб аз ду палата зарурате надорад. Ин дар ҳолест, ки меафзояд нашрия, кулли аъзои Маҷлиси Миллии феълиро намояндагони шохаи ҳокимияти иҷроия ташкил медиҳанд. Дар чунин вазъ таъкид намудааст «Наҷот», намояндагони ҳокимияти иҷроия мақоми қонунбарорро касб мекунанд, ки ин ба усули мустақилияти шохаҳои ҳокимият ва Қонуни асосии Тоҷикистон муғойират дорад.

Ҳафтаномаи «Азия Плюс» баёнияи сафорати Амрико дар Тоҷикистонро дар робита ба гузориши ба истилоҳ "маҳрамона"- и сафири Амрико дар Қирғизистон мунташир кардааст. Ҳафтанома аз қавли сафорати Амрико дар Тоҷикистон навиштааст, ки сарфи назар аз бесос ва сохта будани ин гузориш ва дар ҷараён будани Тоҷикистон «Ҷумҳурият» ва «Садои Мардум», ду нашрияи расмии Тоҷикистон ин гузориши сохтаро ба нашр расонидаанд, ки ин танҳо мояи таассуф асту халос. Дар вокуниши сафорати Амрико омадааст, ки ин кишвар ба озодии матбуот эҳтиром қоил аст, вале чунин бархӯрди бемасъулиятонаи матбуот метавонад ба равобити Амрикову Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад.

"Зиндагӣ" низ дар ин робита навиштааст, ки гузориши "ҳангомасоз"-и сафири Амрико дар Қирғизистон дар асл вуҷуд надошт, вале матбуоти расмии Тоҷикистон бо нодида гирифтани ин воқеъият бидуни санҷиш гузориши сохтаеро ба нашр расонидааст. "Зиндагӣ" бо ишора ба нашри матолиби таҳрифомези матбуоти расмии Тоҷикистон навиштааст, ки ин раванд бояд боиси гуфтугузори ҷиддӣ доир ба нақши созандаи матбуот дар Тоҷикистон гардад.
XS
SM
MD
LG