Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фақр ва саховат


Робин Диксон, хабарнигори Лос Анҷелес Таймс баъд аз сафар ба минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон мақолаи худро ингуна сар кардааст: "Ду нафарашон кушта шуданд, яке маъюб аст, яке ба Русия рафтаву тақдираш номаълум, яке муаллим аст ва музди кам мегирад, аз сарнавишти ду духтари издивоҷкардааш хабар надорад." Сухан дар ин мақола аз пиразани тоҷик Холбӣ Мӯсоева ва фарзандони ӯ меравад, ки аз сандуқи кӯҳна медали Модари қаҳрамонро берун овардаву ба хабарнигори амрикоӣ нишон додааст. Апаи Холбӣ на танҳо 10 фарзандро ба дунё оварда ба камол расонд, балки тамоми умр дар саҳрои пахта кор кард, аммо имрӯз фақат ҳамин қадар нафақа мегирад, ки матали тоҷикии бихӯру намурро ба ёд меорад. Роб Диксон ҳайрон мешавад, ки апаи Холбӣ, бо вуҷуди бенавоӣ, дастархони зиёфат мекушояд ва аз зиндагӣ шиква надошта, фақат дар ҳаққи писарони дар ҷанги шаҳрвандӣ кушташудаву бачаи дар Русия бенишонгаштааш месӯзад. Диксон менависад, 30 ҳазор зан аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон ба унвони қаҳрамонмодар мушарраф шудааст, вале ин қаҳрамонон ҳоло дар вазъи сангине ба сар мебаранд. Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол натавонистааст, мақоми онҳоро дар ҷомеъа муайян кунад, зеро таблиғи серфарзандӣ хилофи барномаи танзими оила мебошад.

ДОРО ВА НОДОР

Номи намоишномаи Александр Островский, "Камбағалӣ айб нест", ки аслан ба масъалаи издивоҷ пайванд дорад, дар Тоҷикистони шӯравӣ мақоле буд, ки аслан аз сари хоксорӣ ва ҳамчун шиори зидди чизпарастӣ гуфта мешуд. Иқтисодшиноси тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров, мегӯяд, айб нест, яъне айби мардум нест, ки ба рӯз афтодааст. Аммо сарлавҳаи мақолаи ӯ, баракс "Камбағалӣ айб аст" ном дорад. Вай менависад, дар замони шӯравӣ ҳам Тоҷикистон дар миёни 15 кишвар бенавотарин буд, аммо қишри миёнаҳол густардатар буд. Акнун ҷомеъа ба самте меравад, ки касе дар чоҳ афтодаасту касе бар моҳ савор аст. Аҷибаш инки мегӯяд ӯ, камбағалон асосан босаводон, доктору профессорҳоянд ва сарватмандони нав онҳое, ки ҳатто номи худро навишта наметавонанд.

КОҲИШИ ФАҚР?

Намояндагони ҳукумат ба ҳамкорам дар Душанбе Раҳматкарими Давлат гуфтанд, бенавоӣ дар кишвар рӯ ба коҳиш дорад, зеро дар иқтисодиёти Тоҷикистон пешравӣ ба назар мерасад. Аммо онҳо зикр намекунанд, ки бахши аъзами хонаводаҳо бо даромаде ба сар мебарад, ки муҳоҷирон бо баҳои таҳқиру латукубу ҳабсҳои ғайриқонуни милисаи Русия ва дар ивази кори пасттарину бардавор ба даст меоранд. Ва бо вуҷуди боло рафтани ададҳо дар омори иқтисодӣ вазъи зиндагии шаҳрванди оддӣ ба кундӣ тағйир меёбад. Музди кор ва нафақаи бознишастагӣ кам аст. Дар мусоҳибаи мо бо шоири тоҷик Атохоҷаи Мирхоҷа вазъи мардумро дар Бадахшон мешунавед, ки бо вуҷуди дигаргуниҳо ҳанӯз оилаҳое ҳастанд, ки "нони хӯрданӣ надоранд."
Бо вуҷуди партгоҳи бузург миёни қишрҳои нави ҷомеаи тоҷик, назари мардум ба маънии вожаи "фақр" як андоза аз ҳам фарқ мекунад. Яъне дар ҳар фақр фарқе ҳаст мегӯянд. Соли 1994 дар Маскав, дар хонаи худ аз Тоҷикистон чанд меҳмон доштам, барои 2 ҳафта. Онҳо аз бенавоии худ бисёр шиква мекарданд. Ҳамин вақт буд, ки Русия ногаҳонӣ ислоҳоти пул эълон кард ва вақте меҳмонони ман хоҳиш карданд, ки пули онҳоро иваз кунам, аз миқдори он дар ҳайрат мондам. Барои он давраи Тоҷикистон, онҳоро "олигархҳои Тоҷикистон" номидан мумкин буд. Аммо вақте ки онҳо харҷи хатнасури писарон ва издивоҷи духтарон, маросимҳои эҳтимолии дафни волидон, таҳсили фарзандон дар донишгоҳ ва монанди инҳоро дар миён гузоштанд, сармояашон монанди яхи баҳорон об шуд ва назарногир гашт.

САБАБҲОИ БЕНАВОӢ

Пас аз худи мардум шунавем, ки н сабабҳои нодориро дар чи мебинанд:
- кор накардани корхонаву муассисаҳои тавлидотӣ,
- беташаббусӣ ва ё камташаббусию танбалии мардум,
- шиносбозӣ ва хешутаборбозӣ,
- набуди сармояи аввалия барои соҳибкорӣ,
- қашшоқӣ ва носолимии равонӣ,
- нокомии ислоҳоти иқтисодӣ,
- густардагии иқтисодиёти пинҳонӣ,
- хусусигардонии ноадолатона ва бебарнома,
- набуди технологияҳои пешрафта,
- зиёд будани харҷи артиш ва давлат,
- коррупсия, коррупсия ва боз ҳам коррупсия.

САВОЛИ МУШКИЛ

Ба ҳар ҳол оё камбағалӣ айб аст ё не? Агар ҳаст, оё айби кист?
XS
SM
MD
LG