Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ориёно» - ғолиби мусобиқоти лигаи аввал


Ин даста пас аз пирӯзӣ дар ду бозии охирини худ дар Душанбе бар «Гвардия» бо натиҷаи 3 бар 0 ва дар меҳмонӣ бар «Фархор»-и Фархор бо натиҷаи 3 бар 1, новобаста аз натоиҷи бозиҳои ду даври охирин барои ҳарифонаш дастнорас шуд. «Ориёно» дар чаҳордаҳ дидори худ 34 имтиёз ба даст оварда, дар 11 бозӣ ғолиб омадааст. Таносуби тӯбҳояш низ беҳтарин: 43 бар 14 мебошад. Носир Ҳамидов, сармурабии "Ориёно" ба Радои Озодӣ гуфт, ҳайати даста аслан аз бозингарони ҷавону умедбахш иборат мебошад. Ӯ афзуд, пирӯзии даста ҳамчунин ба дастгирии Муҳаммадназар Солеҳов, раҳбари дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон бастагӣ дорад.

«Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа, ки ду бозии даврҳои сипаришударо бо дастаи мизбон «Ҳулбук»-и Восеъ бо натиҷаи 1 бар 1 ва бо тими меҳмон, «Фархор» бо натиҷаи 2 бар 2 анҷом дод, новобаста аз натиҷаи дидори охиринаш 27 октябр бо дастаи меҳмон- «Меҳнат»-и Колхозобод, мақоми дуюмро касб намуда, бо медали нуқра сарфароз хоҳад шуд. Ин даста дар 13 бозӣ 27 имтиёз ба даст овардааст.

Ва аммо барандаи медали биринҷии мусобиқот пас аз натиҷагирии даври охир муайян мешавад. Барои дарёфти мақоми сеюм «Динамо»-и Душанбе ва «Фархор» талош доранд. Ҳар кадом соҳиби 23 имтиёз мебошад. «Фархор» дар даври охирин рӯзи панҷшанбеи 27 октябр дар майдони худ бо «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат ва «Динамо» рӯзи якшанбеи 30 октябр дар майдони хеш бо дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ рақобат хоҳанд кард.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ
ТО 27 ОКТЯБР


1. «Ориёно» 14 бозӣ 34 имтиёз
2. «Тоҷиктелеком» 13 -- 27
3. «Динамо» 13 -- 23
4. «Фархор» 13 -- 23
5. «Ваҳдат» 13 -- 19
6. «Меҳнат» 13 -- 10
7. «Гвардия» 13 -- 7
8. «Ҳулбук» 12 -- 7

Беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот:

Фозил Сатторов («Тоҷиктелеком») - 18 гол
Самад Шоҳзуҳуров («Ориёно») - 13 гол
Сайфулло Абдуллоев («Фархор») - 10 гол
Нуралӣ Бобоев («Динамо») - 9 гол

Тақвими бозиҳои охирини мусобиқот:

27 октябр,панҷшанбе
«Фархор» - «Ваҳдат»
«Тоҷиктелеком» - «Меҳнат»
«Гвардия» - «Ҳулбук»

30 октябр, якшанбе
«Динамо» - «Ҳулбук»

РЕЙТИНГИ НАВИ ФИФА

FIFA - Созмони байналмилалии футбол рейтинги нави эътибори тимҳои миллии кишварҳои ҷаҳонро нашр кард. Мунтахаби Бразилия бо 840 имтиёз дар байни 204 кишвар дар ҷойи аввал мебошад. Тими Ҳолланд бо 797 имтиёз мақоми дуюм ва дастаи Чехия бо 783 имтиёз мақоми сеюмро ишғол мекунанд.Миёни тимҳои қораи Осиё мунтахаби Ҷопон натиҷаи беҳтарин - 711 имтиёз ба даст овардааст ва мисли пешин дар зинаи шонздаҳум қарор дорад. Тими миллии Эрон бо 699 имтиёз се зина поин - ба ҷойи бисту якум фуромад. Байни тимҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мунтахаби Ӯзбекистон беҳтарин аст. Ин даста бо 581 имтиёз мавқеашро дар зинаи панҷоҳу ҳафтум нигаҳ дошт. Мунтахаби Туркманистон бо 415 имтиёз ду зина поин - ба ҷойи яксаду ёздаҳум фуромад. Дастаи Тоҷикистон бо 304 имтиёз дар рейтинги нави FIFA се зина поён- ба ҷойи яксаду чилу сеюм фуромад ва байни 44 тими миллии қораи Осиё дар мақоми бисту ҳаштум қарор гирифтааст. Тими Қирғизистон бо 258 имтиёз як зина поин - ба ҷойи яксаду панҷоҳу сеюм фуромад.
XS
SM
MD
LG