Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футбол: Лигаи аввал


Ёдовар мешавем, ки «Ориёно» бо 34 имтиёз ғолиби мусобиқоти лигаи аввал гардид. «Тоҷиктелеком», ки дар охирин дидори худ бар дастаи меҳмон - «Меҳнат»-и Колхозобод бо натиҷаи 4 бар 2 ғалаба кард, бо 30 имтиёз мақоми дуввумро ишғол намуд. Воқеан, Фозил Сатторов, ҳамлагари «Тоҷиктелеком», ки дар бозиҳои мусобиқоти имсола 18 гол задааст, беҳтарин нишонзани лигаи аввал эълом шуд.

Дастаи «Фархор» дар даври охирини мусобиқот бидуни бозӣ соҳиби се имтиёз гашт, зеро ки ҳарифаш , тими меҳмон - «Ваҳдат»-и Ваҳдат аз рақобат даст кашид. Ба ин тартиб, «Фархор» бо 26 имтиёз мақоми севвумро ишғол намуд ва барандаи медали биринҷӣ шуд. Бояд гуфт, ки дастаи «Динамо»-и Душанбе низ дар сурати пирӯзӣ дар бозии охирини мусобиқот рӯзи якшанбеи 30 октябр дар майдони худ бар «Ҳулбук»-и Восеъ чун «Фархор» 26 имтиёз ба даст меорад ва шумораи ғалабаи ҳарду баробар мешавад. Вале тибқи низомномаи мусобиқот дар мавриди натоиҷи мушобеҳ ба даст овардани дастаҳо мавқеашон дар ҷадвал аз рӯи натоиҷи ду бозии байни онҳо муайян хоҳад шуд. Бинобар ин, «Фархор», ки дар ҳарду дидори худ бар ҳарифи аслиаш, «Динамо»-и Душанбе ғалаба кардааст, дар мақоми севвум ва рақибаш дар мақоми чаҳорум қарор гирифтанд. «Ваҳдат» бо 19 имтиёз ҷойи панҷумро соҳиб шуд. «Гвардия»-и Душанбе, ки дар бозии охирини худ бар тими меҳмон, «Ҳулбук»-и Восеъ бо натиҷаи 2 бар 1 ғолиб омад, бо 10 имтиёз дар зинаи шашум ҷой гирифт.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ
ТО 30 ОКТЯБР



1. «Ориёно» 14 бозӣ 34 имтиёз
2. «Тоҷиктелеком» 14 30
3. «Фархор» 14 26
4. «Динамо» 13 23
5. «Ваҳдат» 14 19
6. «Гвардия» 14 10
7. «Меҳнат» 14 10
8. «Ҳулбук» 13 7

Беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот :

Фозил Сатторов («Тоҷиктелеком») - 18 гол
Самад Шоҳзуҳуров («Ориёно») - 13 гол
Сайфулло Абдуллоев («Фархор») - 10 гол
Нуралӣ Бобоев («Динамо») - 9 гол

Бозии охирини мусобиқот:

30 октябр, якшанбе
«Динамо» - «Ҳулбук»
XS
SM
MD
LG