Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастони пурқуввати Гуландом Халилова


Гуландом Халилова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нахуст дар бораи ширкати худ дар мусобиқаи байналмилалии Тошканд чунин гуфт:

-Дар ин мусобиқа ман дар вазни 60 кило рақобат карда, бар ҳамаи чаҳор нафар ҳарифонам пирӯз шудам. Дар рақобати ниҳоӣ бар намояндаи Озарбойҷон ғолиб омадам.

- Гуландом, дар бораи худ ва шуғли дӯстдоштаатон каме маълумот бидиҳед.

- Ман 26 солаам. Касбам духтурист. Д у сол қабл Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудам. Се сол аст, ки ба намуди дӯстдоштаам - дастхобонӣ машғулам. Ҳамчунин ба намуди пауэрлифтинг ва ё сеҳарбаи қудратӣ шавқ дорам ва таҳти роҳбарии мураббиам Толеъ Холназаров, қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё тамрин мекунам. Ман ду бор дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба армрестлинг пирӯзӣ ба даст оварда, имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тошканд ширкат доштам ва дар байни панҷ нафар зӯртарин варзишгарони қора дохил шудам.

- Ба намудҳои интихобнамудаи Шумо - армрестлинг ва пауэрлифтинг аслан мардон шуғл меварзанд ва аз ин хотир назари волидайн ва наздиконатон ба ин риштаҳои варзиш машғул шудани Шумо чӣ гуна аст ?

- Назари эшон ба шуғли ман хайрхоҳона мебошад. Ҳарчанд ки ин намудҳо мардонаанд, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон занон низ ба онҳо шавқи зиёд доранд. Вале, мутаассифона, дар кишвари мо шумораи бонувоне, ки ба дастхобонию вазнбардорӣ машғуланд, хеле кам аст. Аз ин рӯ дар мусобиқоти байналмилалӣ байни занон Тоҷикистонро танҳо ман намояндагӣ мекунам. Хуб мебуд занону духтарони тоҷик ба ин намудҳо бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекарданд. Зеро дастхобонӣ, ки намуди бостонӣ маҳсуб мешавад, дар айни ҳол ба барномаи дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ дар макотиби миёнаю олии кишвар дохил аст.

- Чӣ нақша доред?

- Феълан бо роҳбарии устодонам Толеъ Холназаров ва Нодир Дареғӣ, раиси Федератсияи армспорти Тоҷикистон ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон омодагӣ мебинам. Ин мусобиқот аз 27 ноябр то 5 декабри соли равон дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио баргузор мешавад. Албатта ширкати мо дар ин мусобиқот ба кӯмаки молиявии сарпарастон бастагӣ дорад.

Ҳамчунин дар мусобиқаи байналмилалии шаҳри Тошканд варзишгари тоҷик Ҳакимҷон Олимов аз шаҳри Хуҷанд дар рақобатҳо байни мардон дар вазни то 110 кило мақоми севвумро касб намуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
XS
SM
MD
LG