Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Динҳо дар Амрико оё озоданд?

Даҳ тан аз ходимони мазҳабии Тоҷикистон тибқи барномаи "Равобити дин ва ҷамоаҳо" ба Иёлоти Муттаҳида сафар карданд. Ба ин ҳайат як хабарнигор ва як намояндаи дини масеҳӣ низ шомиланд. Ин барномаи бесобиқаро Оҷонсии Рушди Байнулмилалии Амрико (USAID) ташкил додааст. Бадриддин Каримов, имом - хатиби масҷиди ҷомеи маҳаллаи Пахтакори шаҳри Душанбе дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Вашингтон ба радиои Озодӣ роҷеъ ба ҳадафҳои ин сафар гуфт:

Мақсади мо аз ин сафар - дар ҳақиқат андӯхтани таҷриба аст, таҷрибаи демократия ва шинохтани мафҳумҳои "дин" ва "демократия", ҳамчунин бо фаъолияти адёни гуногун ин дар кишвар, ки даъвои демократия мекунад, ошно мешавем. Ва омӯхтани таҷрибаи кишвар барои боз ҳам беҳтар шудани робитаи миёни адён ва ҷилавгирӣ аз бархурди адён дар ҷомеъаи мо мусоидат мекунад.

Амирмуҳаммад Шаҳобзода, як дигари узви ин ҳайат мегӯяд, қарор аст онҳо аз шаҳрҳои гуногуни Амрико дидан ва бо гуруҳҳову созмонҳои диниву дунявӣ мулоқот кунанд:

Чанд рӯз дар Вашингтон хоҳем монд ва баъдан Кентукки сафар карда бо раҳбарони дини ислом дар ин кишвар, бо раҳбарони дигар динҳо - масеҳиву яҳудӣ мулоқот мекунем, то бо чашми худ бубинем, ки дар Амрико демократия ва озодии дин чӣ гуна аст. Рӯзи 9 октябр мо дар Вашингтон бо мудири Шӯрои робитаҳои исломии Амрико хонум Миса Хадича Усмон сӯҳбат доштем ва ба суолҳои ӯ посух додем, ки Ислом як дини илоҳӣ аст, дар ҳеҷ як китоби исломӣ ба хунрезии пурдаҳшат иҷоза дода нашудааст, терроризм миллат надорад, ҳама динҳо, чӣ ислому чӣ масеҳӣ баробаранд.

Сафари ҳайати мазҳабии Тоҷикистон то 24 - уми октябр идома мекунад. Аз ин пеш USAID бо ҳадафи ошноӣ бо вазъи сиёсӣ ва фаъолияти расонаҳои хабарии Иёлоти Муттаҳида чандин гурӯҳи сиёсатмадорону рӯзноманигорон ва сарварони созмонҳои ғайриҳукуматиро ба Амрико даъват карда буд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Тоҷикистон ва Исроил тафоҳумномаи сайёҳӣ имзо карданд

Ҷамшед Ҷумахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон (аз чап) бо Ҳаим Катз, вазири сайёҳии Исроил.
Ҷамшед Ҷумахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон (аз чап) бо Ҳаим Катз, вазири сайёҳии Исроил.

Тоҷикистон ва Исроил дар бахши иқтисод ва сайёҳӣ, тафоҳумнома имзо кардаанд.

Ба навиштаи расонаҳои исроилӣ, ин ёддошти тафоҳумро Ҳаим Катз, вазири гардишгарии Исроил ва Ҷамшед Ҷумахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи Форуми байнулмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, имзо кардаанд. Ин ҳамоиш рӯзҳои 18-20 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ин аввалин ёддошти тафоҳум дар заминаи иқтисод ва гардишгарӣ байни ду кишвар ба шумор меравад.

Вазири исроилӣ гуфтааст, барои Тоҷикистон, ки иқтисодаш ба манбаъҳои нави даромад ниёз дорад, истифода аз шеваҳое чун, ҳавасманд кардани сармоягузории сайёҳӣ, пешниҳоди грант барои соҳибкорон, тарҳҳо дар минтақаҳои дурдаст ва ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ, фоидаовар хоҳад буд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон умедворӣ кардааст, ки тафоҳумнома, имконияте барои табодули дониш ва сармоягузории гардишгарӣ дар Тоҷикистон фароҳам кунад.

То кунун Тоҷикистон ва Исроил асосан дар арсаи кишоварзӣ ҳамкориҳо доштанд ва ҳоло ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки дар бахши иқтисоди гардишгарӣ ҳам ҳамкорӣ мекунанд.

Ба навиштаи хабаргузории исроилии Press Service of Israel (TPS-IL), барои бори аввал аст, ки як вазири исроилӣ ба таври расмӣ ба як кишвари Осиёи Марказӣ сафар мекунад.

Агарчӣ Тоҷикистон ва Исроил дар солҳои 1992 робитаҳои дипломатӣ барқарор карданд, вале сафоратхонаҳои худро дар кишварҳои якдигар надоранд.

Робитаҳои Тоҷикистон ва Исроил бинобар инки Душанбе ҳамеша дар сатҳи дипломатӣ аз Эрон ва ҳуқуқи фаластиниҳо ҳимоят кардааст, чандон гарм нест.

Тоҷикистон дар моҳи моҳи июн ҳамлаи Исроил ба Ҷумҳурии Исломии Эронро маҳкум кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар муносибатҳои зиёде аз ташкили давлати мустақили Фаластин бо пойтахти он дар шаҳри Байтулмуқаддаси шарқӣ дар марзҳои соли 1967, ҳимоят кардааст.

Амре, ки Исроил бо он мухолифати шадид дорад ва таъсиси кишваре бо номи Фаластинро дар ҳамсоягии худ намепазирад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран ҳамлаи Исроил ба Давҳаро маҳкум кард ва онро "таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзӣ"- Қатар гуфт.

Имзои паймони дифои муштарак миёни Саудӣ ва Покистон

Вазорати дифои Арабистони Саудӣ эълон кард, ки валиаҳди ин кишвар бо нахуствазири Покистон паймони дифои стратегии муштарак имзо кардааст.

Бар асоси ин паймони стратегӣ, ки 18 сентябр аз сӯи Муҳаммад бин Салмон ва Шаҳбоз Шариф имзо шуд, ҳамла ба яке аз ин кишварҳо, "ҳамла ба ҳар ду кишвар" шумурда мешавад.

Вазорати дифои Арабистони Саудӣ дар паёме дар шабакаи Х ҳадаф аз ин паймонро дар марҳилаи кунунӣ, афзоиши "ҳамкории муштарак ва боздорандагии муштарак", хонд.

Ин дар ҳоле аст, ки нерӯҳои ҳавоии Исроил рӯзи 9 сентябр ба қароргоҳи гурӯҳи "Ҳамос" дар шаҳри Давҳа, пойтахти Қатар ҳамла карданд. Дар ин ҳамла 5 тан аз аъзои ин гурӯҳ ва як сарбози қатарӣ, кушта шуданд. Аъзои ҳайати музокиракунандаи "Ҳамос" аз ин ҳамла ҷони солим бадар бурдаанд.

Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ин ҳамлаи Исроилро маҳкум карданд.

Бо ин раванд, кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, низ ки худро дар солҳои ахир ҳамчун "ҷазираҳои амн" муаррифӣ мекарданд, бо ду ҳамлаи мустақими Эрон ва Исроил ба Қатар дар камтар аз чор моҳ, ба шиддат нигарон шудаанд.

Эрон дар моҳи июн як пойгоҳи Амрикоро дар хоки Қатар ҳадаф қарор дод ва 9 сентябр Исроил дар Давҳа ҳамлаи мустақим анҷом дод. Нахуствазири Исроил пас аз ин ҳамла таҳдид кард, ки эҳтимоли чунин ҳамлаҳо вуҷуд дорад.

Имзои қарордоди дифоӣ миёни Риёз ва Исломобод танҳо чанд моҳ пас аз он рух медиҳад, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ миёни Ҳинд ва Покистон задухӯрд сурат гирифт ва аз ҳар ду ҷониб дастикам 70 нафар кушта шуданд.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҳинд дар шабакаи Х навиштааст, ки Ҳинд аз имзои созишномаи дифои муштарак миёни Саудӣ ва Покистон огоҳ ҳаст ва паёмадҳои онро барои амният ва суботи минтақа баррасӣ мекунад.

Ба навиштаи хабаргузории "Франс-пресс", Риёз дар хомӯш кардани оташи ҷанг миёни ин ду қудрати ҳастаии Осиёи Ҷанубӣ, нақши калидӣ дошт.

Ҳукумати ИМА аз ширкатҳо хост, барои визаи корӣ $100 ҳазор пардохт кунанд

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико.

Ҳукумати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мегӯяд, ки аз ширкатҳо мехоҳад, то солона 100 ҳазор доллар барои визаи кори муваққат (H-1B), пардохт кунанд. Дорандагони визаи H-1B маъмулан иқомати аввалияи сесоларо дар Амрико доранд.

Ҳовард Лютник, вазири тиҷорати Амрико рӯзи 19 сентябр ҳамчунин аз ширкатҳо хост, то амрикоиҳоро омӯзиш диҳанд ва овардани мардумони дигарро барои гирифтани ҷойи кори амрикоиҳо, бас кунанд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", ин иқдом эҳтимолан зарбаи сахте ба арсаи технология дар Амрико ворид хоҳад кард, ки ба шиддат ба коргарони моҳири ҳиндӣ ва чинӣ, вобаста аст.

Бо ба сари қудрат омадани Трамп дар моҳи январи соли ҷорӣ, ҳукумати ӯ ба маҳдуд кардани фаъолияти муҳоҷирон оғоз кард.

Шӯрои Амният қатъномаи лағви таҳримҳо алайҳи Эронро рад кард

Шӯрои Амнияти СММ. Акс аз бойгонӣ.
Шӯрои Амнияти СММ. Акс аз бойгонӣ.

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 19 сентябр бо 9 раъйи мухолиф қатъномаеро, ки барои пешгирӣ аз дубора ҷорӣ шудани таҳримҳои СММ алайҳи Эрон бинобар барномаи ҳастаияш пешниҳод шуда буд, рад кард.

Аз ин қатънома, ки аз сӯи Кореяи ҷанубӣ, раиси феълии Шӯрои Амният пешниҳод шуд, Русия, Чин, Алҷазоир ва Покистон пуштибонӣ карданд. Ду кишвар аз раъй додан худдорӣ намуданд. Ин қатънома барои пешгирӣ аз иҷрои таҳримҳо дар поёни моҳи сентябр, ба дастикам 9 раъй ниёз дошт.

Бо рад шудани ин қатънома, замина барои дигарбора ҷорӣ шудани таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон фароҳам мешавад.

Баъд аз тасмими рӯзи ҷумъаи Шӯрои Амнияти СММ, Эрон ва се кишвари аврупоӣ -- Фаронса, Олмон ва Бритониё, ҳашт рӯз мӯҳлат доранд, то барои ба таъхир андохтани бозгашти таҳримҳо, ба созиш бирасанд.

Комиссиюни Аврупо бастаи нави таҳримҳои зидди Русияро таҳия намуд

 Раҳбари комиссиюн Урсула фон дер Ляен
Раҳбари комиссиюн Урсула фон дер Ляен

Комиссиюни Аврупо бастаи 19-уми таҳримҳои зидди Русияро пешниҳод кард. Дар ин бора дар нишасти матбуотии рӯзи 19 сентябр намояндаи расмии ин ниҳод Паула Пинйо хабар дод.

Раҳбари комиссиюн Урсула фон дер Ляен гуфт, ки пешниҳод шудааст аз 1 январи соли 2027 аз хариди гази табиии моеи Русия даст кашида ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои "Роснефть" ва "Газпромнефть" пурра манъ карда шавад.

Ӯ гуфт, ки ба феҳристи таҳримшудаҳо 118 киштии соягии Русия ворид карда шуда, шумори умумии онҳо акнун 560 ададро ташкил медиҳанд. Инчунин 45 ширкати русӣ ва хориҷӣ, пойгоҳҳои криптоасъор, бонкҳои русӣ ва бонкҳои кишварҳои сеюм ҳам таҳрим шуданд. Исми дақиқи ин муассисаҳо феълан нашр нашудаанд. Ба иловаи ин, пешниҳод шудааст, ки муомилаҳо бо криптоасъор ва ҳам ширкатҳое, ки дар минтақаҳои хоси иқтисодӣ сабт шудаанд, пурра манъ шаванд. Чораҳои маҳдудкунанда дар нисбати системаи пулии русии “Мир” ҳам ҷорӣ карда мешавад.

Фон дер Ляйен рӯзи 16 сентябр гуфта буд: «Иқтисоди ҷангии Русия аз ҳисоби даромади маводи сӯхт дастгирӣ шуда хунрезиҳои Украинаро маблағгузорӣ мекунад. Барои хотима гузоштан ба он Комиссиюн пешниҳод корад, ки марҳила ба марҳила аз воридоти маводи сӯхти Русия даст кашида шавад”.

Иттиҳоди Аврупо то имрӯз воридоти нафти хомро аз Русия бо роҳҳои баҳрӣ манъ карда, барои хариди он марзи 47,6 доллар барои ҳар бушка таъин кардааст, дар ҳоле, ки то тобистони имсол нархи як бушка нафт 60 долларро ташкил медод. Қаблан гуфта мешуд, ки Иттиҳоди Аврупо аз 1 январи соли 2028 аз воридоти нафти русӣ даст мекашад.

18 сентябр мақомот дар Эстония гуфтанд, ки аз 1 январи соли 2026 харид ва воридоти гази моеи табии Русияро манъ мекунанд. Вазири корҳои хориҷии Эстония Маргус Тсахкна гуфт, ки Русия аз ниятҳояш даст накашидааст ва бо идомаи ҷанги васеъмиқёс амнияти ҷаҳониро таҳти хатар қарор медиҳад. Ӯ гуфт, «мо боло бурдани нархи ин таҷовуз барои Русия ва роҳҳои кам кардани даромади онро идома медиҳем, чун мошини ҷангиро маблағгузорӣ мекунанд».

Толибон ҷуфти ҳамсарон Рейнолдсро аз ҳасб озод карданд

Акси Питер ва Барбара Рейнолдсро хешовандонашон дар Лондон дар рӯзи 1 август нашр карданд. Ҷои гирифташудаи ин акс нашр намешавад
Акси Питер ва Барбара Рейнолдсро хешовандонашон дар Лондон дар рӯзи 1 август нашр карданд. Ҷои гирифташудаи ин акс нашр намешавад

Мақомоти Толибон дар Афғонистон рӯзи 19 сентябр гуфтанд, ҳамсарони пиронсол аз Бритониёро баъди ҳашт моҳи ҳабс озод карданд.

Питер Рейнолдси 80 ва Барбараи 76-сола моҳи феврали имсол боздошт шуданд ва вақтҳои охир хабар мерасид, ки вазъи саломатии онҳо дар ҳабс бадтар мешавад.

Ҷуфти озодшударо ба намояндаи вижаи Бритониё Ричард Линдсей супурданд. Хабар дода шуд, ки ҳамсарон Рейнолдсро асосан бо талошҳои дипломатии ҷониби Қатар тавонистанд озод кунанд.

Питер ва Барбара Рейнолдс соли 1970 дар Кобул издивоҷ карда давоми бист сол дар он ҷо бо барномаҳои таълимӣ машғул буданд. Онҳо инчунин шиносномаҳои расмии шаҳрвандони Афғонистонро доштанд.

Сабаби боздошти онҳоро ҳукумати Толибон ҳеҷ гоҳ нашр накардааст, вале баъди ҳабси онҳо дар вилояти Бомиён гуфтанд, ки ҳамсарон Рейнолдс «қонунро вайрон кардаанд».

Варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои III кишварҳои ИДМ омода мешаванд

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои III кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки аз 28-уми сентябр то 8-уми октябр дар Озарбойҷон баргузор мешаванд, бо шумули 142 нафар ширкат хоҳанд кард.

Тавре хабаргузории azerisport.com иттилоъ медиҳад, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштироки худро дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ тасдиқ кардаанд.

Бозиҳо дар 12 иншооти варзишӣ дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон: Ганҷа, Евлах, Мингачевир, Габала, Шекӣ, Гойгол ва Ханкендӣ баргузор мешаванд. Ганҷа шаҳри асосии мусобиқот хоҳад буд, ки дар он маросими расмии ифтитоҳ ва пӯшидашавии бозиҳо доир мегардад.

Шумораи аз ҳама зиёди варзишгаронро дастаи мизбон - мунтахаби Озарбойҷон - ташкил медиҳад, ки аз 349 варзишгар иборат аст. Ба ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия 263, Қазоқистон 259, Узбекистон 257, Беларус 255, Туркманистон 170, Тоҷикистон 142 ва Қирғизистон 85 варзишгар дохиланд.

Ба ғайр аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар Бозиҳои сеюм иштироки варзишгарон аз 15 кишвари хориҷӣ низ дар назар аст.

Дар маҷмӯъ, теъдоди умумии ҳайатҳои вакилон дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ наздики 3000 нафар, аз он ҷумла ҳудуди 2000 варзишгарро ташкил хоҳад дод. Дар мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо варзишгарони то 23-сола ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

Дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ варзишгарон барои 246 маҷмӯи медалҳо дар 23 намуд рақобат мекунанд. Намояндагони Тоҷикистон дар 18 намуд: бадминтон, баскетбол, батут, бокс, волейбол, гимнастика, гуштии озод, гуштии юнону румӣ, камонварӣ, каратэ, қаиқронӣ, самбо, таеквондо WT, тирандозӣ, футбол, шамшербозӣ, шиноварӣ ва ҷудо иштирок хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки 1100 варзишгар аз 9 кишвар баргузор шуда буд.

Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ карда, 14 медал – 7 нуқра ва 7 биринҷӣ – гирифтанд. Тоҷикистон баъди Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон мақоми ҳафтумро касб намуда, аз Арманистону Молдова пеш гузашт.

Дар Бозиҳои I кишварҳои ИДМ мунтахаби Русия бо касби 212 медал, аз он ҷумла 111 нишони тилло, ҷойи аввалро соҳиб гашт. Узбекистон бо касби 90 медал, минҷумла 23 нишони тилло, дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 107 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло, дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ, ки моҳи августи соли 2023 дар Беларус доир гардид, 2200 варзишгари 9 кишвари ИДМ, инчунин намояндагони Баҳрайн, Куба, Кувайт, Венесуэла, Ветнам, Малайзия, Миср, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Муғулистон, Покистон, Умон ва Эрон ширкат варзида, аз рӯи 20 намуди варзиш рақобат карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 130 нафар аз рӯи 13 намуд ширкат варзида, бо касби 13 медал (1 нишони тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар байни 22 кишвари иштироккунандаи бозиҳо ҷойи ҳаштумро соҳиб шуд.

Дастаи мунтахаби Русия, ки дар даҳ рӯзи бозиҳо 288 медал (149 тилло, 89 нуқра ва 50 биринҷӣ) гирифт, дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти ҳам сифати нишонҳо ва ҳам теъдоди умумии онҳо мақоми аввалро соҳиб гашт.

Мунтахаби Беларус бо касби 236 медал (48+78+110) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Узбекистон бо касби 106 медал (28+25+53) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ танҳо аз Туркманистон пеш гузашт ва нисбат ба Бозиҳои аввал як зина поин шуд. Инчунин теъдоди медалҳои нуқра чаҳор адад кам гардид. Аммо натиҷаи хурсандибахш он буд, ки варзишгарони тоҷик ин дафъа тавонистанд

бори аввал медали тилло бигиранд. Медали ягонаи тиллоро ба Тоҷикистон Меҳроҷ Суфиҷонов дар мусобиқаи бокс дар вазни то 48 килограмм овард.

Ҳабси 1500 тонна кокаин дар соҳилҳои Петербург

Халтачаҳои кокаин. Акс аз бойгонӣ
Халтачаҳои кокаин. Акс аз бойгонӣ

Сохторҳои қудратӣ дар шаҳри Санкт-Петебург аз ҳабси беш аз 1,5 тонна кокаин хабар доданд. “Фонтанка” навишт, ходимони ҳифзи қонун дар бораи эҳтимоли қочоқ шудани маводи мухаддири мамнӯъшуда аз ҳамкорони хориҷиашон хабар ёфтанд.

Рӯзи 29 август тафтиш дар соҳилҳои Санкт-Петербург, ки ба халиҷи Финляндии баҳри Балтик мебарад, нишон дод, ки дар як боре, ки банан дошту бо киштии Cool Emerald аз кишвари Эквадор омада буд, 1500 халтачаи кокаин пайдо шуд. Дар бозори сиёҳ нархи он беш аз 20 миллиард рубл, муодили 240 миллион доллар ҳисоб шудааст. Тафтиш оғоз гардид.

“Фонтанка” мегӯяд, дар соҳилҳои Санкт-Петербург ҳар сари чанд вақт маводи мухаддири аз Эквадор омадаро ошкор ва ҳабс мекунанд. Моҳи маи имсол ҳам дар дохили киштие 61 кг кокаин пайдо шуд. Моҳи июл як шаҳрванди Эквадорро ҳангоми талоши фурӯши 23 кг кокаин боздошт карданд.


навшуда

Шаҳри Волгоград дубора Сталинград мешавад?

Президенти Русия Владимир Путин ваъда дод, ки ба сари пешниҳоди раҳбари ҳизби коммунист Геннадий Зюганов дар бораи аз Волгоград ба Сталинград табдил кардани исми шаҳри маъруфи Русия «андеша мекунад». РБК навишт, Путин 18 сентябр дар мулоқот бо раҳбарони ҷиноҳҳои ҳизбии Думаи давлатӣ ба пешниҳоди бозгардони исми пешини шаҳри Волгоград гуфт:

«Бояд андеша кунем. Инро сокинони маҳаллӣ ҳал мекунанд, вале дар маҷмӯъ ҳамаи он чизе, ки бо Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳам нақше, ки Сталин дар ин ғалаба доштааст, ба инобат гирифта ва кӯшише шавад, ки ранги сиёсӣ нагирад».

Путин инчунин гуфт, дар бораи саркӯбҳои давраи ҳукумати сталинӣ ва баробар бо он, нақше, ки «ин шахси муайян дар ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги ҷаҳон доштааст, набояд фаромӯш шавад».

РБК ёдовар шудааст, ки Путин соли 2017 дар мусоҳибааш ба коргардон Оливер Стоун гуфт, дар Ғарб "аз ҳад зиёд бад нишон додани» Сталин як василаи ҳамла ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия шудааст.

Таҷлил аз 80-солагии Гулназар Келдӣ дар Тоҷикистон

Муҷассамаи шоирро 11 июли соли 2025 дар маркази ноҳияи Айнӣ бо иштироки  президенти Тоҷикистон ифтитоҳ карданд
Муҷассамаи шоирро 11 июли соли 2025 дар маркази ноҳияи Айнӣ бо иштироки  президенти Тоҷикистон ифтитоҳ карданд

Ба ифтихори 80-солагии марҳум Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, ки муаллифи Суруди миллӣ мебошад, дар Душанбе ва вилояти Суғд маросимҳои ҷашнӣ барпо мегарданд. Қарор аст рӯзи 20 сентябр ба ифтихори ин сана дар зодгоҳи шоир - ноҳияи Айнии вилояти Суғд бо иштироки адибони тоҷик маросими ёдбуде барпо шавад. То он замон чандин маросиме дар шаҳри Душанбе ва ҳам маркази ноҳияи Айнӣ барпо гардид.

Рӯзи 18 сентябр дар Душанбе маҳфили адабию ҳунарие ба ифтихори зодрӯзи шоир бо иштироки шоирон, нависандагон ва аҳли адаб баргузор гардида, ба навиштаи «Ховар», иштирокчиён аз нақши шоир «дар ташаккули андешаи миллӣ, тарғиби ватанпарастӣ ва рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуданд». Рӯзи 16-уми сентябр дар маркази ноҳияи Айнӣ, дар назди муҷассамаи шоир маҳфили “Шоми Гулназар” баргузор гардид.

Гулназар Келдӣ, ки аз солҳои 1970-ум ба арсаи адабиёт ворид шудааст, муаллифи даҳҳо маҷмӯаи ашъор мебошад. Ӯ то охири умраш як адиби фаъол ва озодандеш буд ва борҳо назарҳои танқидиро дар бораи вазъи иҷтимоиву сиёсӣ ваё шеъру адаб дар Тоҷикистон баён кардааст.

Аз ҷумла, дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ соли 2011 дар бораи сабабҳои гӯё беарзиш шудани сухан дар ҷомеа гуфт: «Ҳар вақт, ки мушкилӣ ҳаст, адабиёт пеш намеравад. Чаро дар замони Сомониҳо адабиёт пеш рафт, ин қадар шоиру нависандаҳо ба майдон омаданд, устод Рӯдакӣ пайдо шуд? Чунки замони хуб буд. Замона хуб шавад, адабиёт ҳам хуб мешавад ва мардум ба адабиёт рӯ меоварад."

Гулназар Келдӣ рӯзи 13 августи соли 2020 дар давраи пандемияи короновирус дар синни 75-солагӣ даргузашт.

ИМА қатъномаи Шӯрои Амният дар бораи қатъи ҷанги Ғаззаро "вето" кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба қатъномаи нави Шӯрои амният дар бораи ҷанг дар Ғазза "вето" гузошт. Ин қатънома талаб мекард, ки дар Ғазза "оташбаси фаврӣ, беқайду шарт ва доимӣ" ҷорӣ шавад ва Исроил ҳама гуна маҳдудият барои вуруди кумакҳои башардӯстонаба ин минтақаро бекор кунад. Ҳамаи 14 узви Шӯрои амният аз ин қатънома пуштибонӣ карданд.

Ин санад баъд аз он таҳия шуд, ки Созмони Милал моҳи август баъди ду соли ҷанг бори аввал дар Навори Ғазза қаҳтӣ эълон кард. Дар қатъномае, ки аз сӯи даҳ узви Шӯрои амният таҳия шуда буд, ҳамчунин талаб мешуд, ки "Ҳамос" ҳамаи гаравгонҳоро бидуни қайду шарт озод кунад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.

Кристин Лассен, сафири Дания дар Созмони Милал гуфт, ин қатънома паёми рӯшане аст, ки Шӯрои Амният аз талошҳо барои барқарории оташбас дар Ғазза, гуруснагӣ дар ин минтақа ва озодии гаравгонҳо даст намекашад.

Намояндаи Исроил дар Созмони милал гуфт, ин қатънома "гаравгонҳоро озод ва ба минтақа субот намеорад".

Сафири Амрико дар Созмони Милал гуфт, кишвараш ин қатъномаро қабул надорад ва вақти он расидааст, ки "Ҳамос" ҳамаи гаравгонҳоро озод карда, таслим шавад.

Боздошт 4 тан дар Душанбе барои рафтан ба назди фолбин

Пулиси Душанбе аз муҷозоти чор нафар барои рафтан ба назди фолбин хабар додааст. Мақомот мегӯянд, ду нафар аз инҳо духтарони ҷавон ва ду каси дигар занони миёнсол ҳастанд.

Маълум нест, ки онҳо барои чӣ ба назди фолбин рафтаанд. Мақомот гуфтанд, нисбати ин чор нафар бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ санад тартиб додаанд.

Моҳи июли имсол ҳукумати Тоҷикистон ба порлумон пешниҳод кард, ки барои рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо ва истифода аз кори онҳо ҷазо таъйин карда шавад.

Дар санаде, ки Вазорати адлия нашр кард, дида мешавад, ки барои рафтан ба назди сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 375 то 750 сомонӣ), ҷарима таъйин шудааст.

Вале Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар хабарномае навишт, муштариёни фолбин ва ҷодугарҳо аз 3700 то 4500 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо, худдорӣ кунанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта хабар дода буд, ки мизоҷони фолбинҳо ба шуъбаҳои ВКД даъват шуда, номашон дар махзанҳои алоҳида бо расмҳояшон гузошта мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон давоми як соли ахир маъракаи мубориза бо фолбинон ва ҷодугаронро оғоз кардаанд. Вале пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандони онҳо ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.

Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия вазъи муҳоҷиронро баррасӣ карданд

Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия.
Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия.

Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия мавзӯи шароити муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ кардаанд. Ин дидор дар шароите баргузор мешавад, ки муҳоҷирони тоҷик аз мавҷи нави рейдҳои пулис дар Русия шикоят доранд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо Владимир Колоколтсев 17-уми сентябр дар Чин баргузор шудааст. Ба қавли манбаъ, ду тараф дар бораи "масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, беҳтар намудани шароит ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия", сӯҳбат кардаанд.

Аммо ҷузъиёти бештар аз ин вохӯрӣ нашр нашудааст ва барои ҳамин маълум нест, ки ду тараф дар бораи беҳтар кардани вазъи муҳоҷирони тоҷик ба чӣ хулоса расидаанд.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз рейдҳои пулиси Русия ва кӯмак нагирифтанашон аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир зиёд шудааст. Пас аз ба анҷом расидани мӯҳлати қонунигардонии муҳоҷирон дар рӯзи 10-уми сентябр, мақомоти Русия ба рейдҳои сартосарии пур аз хушунат даст задаанд.

Пештар мақомоти Русия гуфта буданд, ки беш аз 700 ҳазор муҳоҷир дар ин кишвар санади дуруст барои ҳузур дар ин кишварро надоранд ва агар то 10-уми сентябр санадҳояшон аз нав таҳия нашаванд, аз кишвар ихроҷ мешаванд. Дар фурудгоҳи "Внуково" ҳам гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷикро нагузоштаанд вориди Русия шаванд.

Тақдими 2600 китоби электронӣ ба Маркази мероси хаттии Тоҷикистон

Хабарнигори пешини Радиои Озодӣ дар Қазоқистон Насибҷон Амонӣ (аз чап) бо Раҳматкарими Давлат, мудири Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар маросими тақдими китобҳои электронӣ.
Хабарнигори пешини Радиои Озодӣ дар Қазоқистон Насибҷон Амонӣ (аз чап) бо Раҳматкарими Давлат, мудири Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар маросими тақдими китобҳои электронӣ.

Дар Душанбе дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чанде пеш маросими муаррифӣ ва тақдими беш аз 2600 нусха китоби электронӣ ба хатти форсӣ баргузор гардид. Нависанда ва ходими илмии ин марказ Наҷмиддин Шоҳинбод дар саҳифаи фейсбукиаш дар ин бора хабари муфассале нашр намуда гуфтааст, ки Китобхонаи электронии адабиёти ҷаҳон ҳоло дар 135 ҳазор муассиса, китобхона, Маркази эроншиносӣ, муассисаи илмии таърих ва шарқшиносӣ маҳфуз аст.

Феҳрист ба ибтикори Насибҷон Амонӣ, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон ва Тоҷикистон ва хабарнигори собиқи Радиои Озодӣ дар Алмаато ва инчунин донишманди эронӣ Муҳаммадҷаъфари Шайх Султонӣ таҳия шудааст.

Амонӣ дар суханронии худ гуфтааст, ки “бо дӯсти эрониам Муҳаммадҷаъфари Шайх Султонӣ, ки дар шаҳри Алмаато зиндагӣ мекунад... дар муддати чанд моҳ беш аз 1600 китоби электронӣ ба хати форсӣ ва беш аз 100 китоби гӯё ё савтӣ гирд овардем. Ва қарор кардем, ки ин китобҳоро ба Тоҷикистон биёварему ба Маркази мероси хаттӣ тақдим кунем».

Дар миёни китобҳои тақдимшуда ба хату забони форсӣ, аз ҷумла, асарҳои Гёте “Фауст”, Ҷорҷ Оруэл “1984”, Пабло Неруда “Абадияти як бӯса”, Эҳсон Табарӣ “Абулфазли Байҳақӣ ва ҷомиаи ғазнавӣ”, Бартолт Брехт “Оперо барои бенавоён”, Вилям Шекспир “Отелло”, Чарлз Диккенс “Орзуҳои бузург” ва садҳо китоби дигар мебошанд.

Амонӣ гуфтааст, дар Тоҷикистон «осори классикони ҷаҳон бо хати сириллик кам тарҷумаву чоп шудааст, мо қаблан ва ҳоло ҳам бештар он асарҳоро дар тарҷумаи русӣ ва имрӯз ҳатто ба забони англисӣ мехонем. Табиист, ки ҳангоми тарҷумаи асари нависандаи масалан, англис ё итолиёвӣ... ба забони русӣ дар он тарҷума хоҳу нохоҳ фарҳангу дороиҳои забонӣ, аз ҷумла равону зарбулмасалу мақолҳои русӣ низ нуфуз мекунад. Вале ҳангоми тарҷумаи он асарҳо ба забони форсӣ ба он асарҳо фарҳангу дороиҳои забонии худамон ворид мегардад, ки дар натиҷаи хондани чунин тарҷумаҳои форсии осори бузургони ҷаҳон мо бурди чандҷониба мекунем, яъне ҳам лаззати маънавӣ мегирему ҳам фарҳангу дониши забониамонро ғанӣ месозем ва ҳам сатҳи худшиносиву худогоҳӣ ва ахлоқамонро боло мебарем”.

Барои доираи васеи хонандагон дар Тоҷикистон ва берун аз он китобҳои тақдимшуда ба забони форсиро мешавад тавассути Маркази мероси хаттӣ бо суроғаи merosikhatti@inbox.ru дархост ва истифода намуд.

Лукашенко дар зиндон будани Статкевичро тасдиқ кард

Александр Лукашенко, раҳбари Беларус гуфт, ки Николай Статкевичи 69-соларо, ки ҳафтаи гузашта дар ҷараёни озодкунии маҳбусони сиёсӣ нахост кишварашро тарк кунад, мақомоти қудратӣ «бурдаанд». Лукашенко дар ин бора рӯзи 17 сентябр дар ҷараёни мулоқот бо тарафдорони ҳукумат изҳори назар кард. Лукашенко гуфт, қарори аз зиндон озод кардани Статкевичро бо сабаби бад будани вазъи саломатии ӯ қабул кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Ин одам дар поёни умраш аст, базудӣ, худо накарда, дар зиндон мемурад. Ба ӯ ин корҳо чӣ даркор? Вай мехоҳад раҳбар бошад». Худи Лукашенко 71-сола аст.

Ин дар ҳолест, ки мақомот дар Беларус бо гузашти як ҳафта аз ҳодисаи нопадидшавии ӯ дар марзи Беларусу Литва макони будубоши Статкевичро шарҳ намедоданд.

Лукашенко дар идома инчунин гуфт:

Статкевич «гӯё ба он ҷо, ба минтақаи ҳоил ворид шуда ба назди литвониҳо рафт. Бачаҳо пурсиданд: «Ту ба Беларус баргаштанӣ ҳастӣ, о туро ба зиндон…» (Статкевич гуфтааст): «Ба зиндон меравам». «Хеле хуб». Ӯро бурданд. Монда намераванд-ку. Ӯ ба ҳар ҳол одами худи мо аст. Яъне шаҳрванди мо. Ба Беларус бурданд. Чаро ӯро хафа кунанд? Агар ӯ хоҳад, ки пешвои оташ задани мошину хонаҳои милисаҳо бошад, бигузор дар он ҷо (дар зиндон) истад, - гуфт Лукашенко. – Каме мубориза бурд, бас аст, хуб, ин ҳам қиссаи дигар аст».

Николай Статкевич соли 2020 номзадии худро барои иштирок дар интихоботи президентӣ пешбарӣ намуд ва то ҳол маҳбуси маъруфтарини сиёсӣ дониста мешавад. Рӯзи 11 сентябр мақомоти Беларус 52 зиндонии сиёсро аз маҳбас озод карданд ва дар миёни онҳо Статкевич ҳам буд. Шоҳидон гуфтанд, ки вақте маҳбусони сиёсиро савори автобус ба самти минтақаи ҳоил дар марз бо Литва интиқол медоданд, ӯ аз дохили автобус берун шуда фирор намуд.

Ба Беларус ӯро одамони ниқобпӯш бурданд. Аз он замон дар борааш ҳеҷ маълумоте дар даст набуд. Ҳоло ҳам маълум нест, ки ӯро дар куҷо нигоҳ медоранд.

Нашрияи мустақили беларусии "Наша Нiва" бо такя ба як «манбаи боварбахш» гуфт, ки Статкевичро ба зиндони шаҳри Глубокое дар вилояти Витебск интиқол доданд. Ӯ дар ҳамин маҳбас мӯҳлати ҷазояшро сипарӣ мекард. Декабри соли 2021 ӯро ба 14 соли зиндон маҳкум карданд.

Ҳамсари Статкевич Марина Адамович дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки ба зиндони Глубокое рафт, то дар бораи макони будубоши шавҳараш пурсад, вале ба ӯ тасдиқ накарданд, ки ҳамсараш дар ин муассиса қарор дорад. Ин зан гуфт, ки маъмурияти зиндон ба ӯ ваъда дод, ки ба дархосташ дар 15 рӯз ба таври хаттӣ ҷавоб медиҳад.


Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG