Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин. Дӯсти нави Тоҷикистон?


Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон аз Чин бо дасти холӣ барнагашт. Коршиносон мегӯянд, сафари Чин аз муваффақтарин гомҳо дар сиёсати хориҷии раисҷумҳури Тоҷикистон будааст.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар поёни ин сафар иттилоъ дод, ки музокираҳои Раҳмонов бо сарон ва макомоти мухталифи Чин бо имзои даҳҳо санади муҳим ва ҳаётӣ барои Тоҷикистон анҷом ёфтаанд.

Ва аммо бештар коршиносон ба сафари Раҳмонов таваҷҷӯҳ доштанд ба ин маъно ки чаро оғои Раҳмонов сафари нахустини хориҷии худро пас аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳур ноябри соли гузашта маҳз аз Чин оғоз кард. Дар пасманзари талошҳои кишварҳои абарқудрат ба монанди Амрико, Русия кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати тавсеаи ҳузур дар Осиёи Марказӣ ин сафар чӣ ба дунбол хоҳад дошт?

Баъди натиҷагириҳо аз соли 2006 Тоҷикистон расман се кишвар ё се қудрати ҷаҳониро ҳамчун ҳамкорони умдатарини хеш шинохт. Саймуддин Ятимов, муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, дар соли 2006 муваффақияти умдатарини Тоҷикистон ҳифз ва рушди равобит бо Русия, Ҷумҳурии Халқии Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар асоси сиёсати хориҷии мутавозин ва бисёрқутба будааст.

Ба ҳамин минвол, аввалин сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин сурат гирифт. Равобити Тоҷикистону Чин 15 сол ба ин сӯ идома дорад. Аммо ба эътиқоди коршиносон, маҳз баъди сафари шашрӯзаи Эмомалӣ Раҳмонов ба Ҷумҳурии Халқии Чин аҳамияти мутақобили Чину Тоҷикистонро дар пеши якдигар расман тасдиқ шуд. Сайфулло Сафаров, муовини Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, мавқеи Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон баъди ин сафар тағйир хӯрд ва ниҳоят муносибатҳои ду кишвар рӯшан шуданд. Оқои Сафаров гуфт, Чин расман омодагии худро барои як шарики боэътимоди Тоҷикистон будан собит намуд ва дуввумӣ расман як ҳамкори боэътимодро дар баробари дигар қудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ пайдо кард.

Қаробатҷӯиҳои Душанбе бо Пекин дар ҳоле сурат мегирад, ки соли 2006 Чин нисбат ба Русия, ИМА, Ирон ва дигар қудратҳои минтақавӣ бештар ба пиёда кардани як қатор лоиҳаҳо муваффақ шуд. Аз ҷумла, таҷдиди роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанак тариқи нақби Шаҳристон, нақби Шаршар, хатҳои интиқоли барқи "Ҷануб-Шимол" ва "Лолазор-Хатлон" аз сӯйи ширкатҳои чиноӣ шурӯъ шудааст. Теъдоди ширкату корхонаҳои Чин дар Тоҷикистон аз 40 гузаштааст. Ва тибқи иттилооти расмӣ, гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2006 ба 157 миллион доллар расидааст.

Бархе аз коршиносон бар онанд, ки рӯ ба Чин овардани Тоҷикистон хатаре ба манофеъи кишварҳои абарқудрати нуфузҷӯ дар минтақаро эҷод намекунад. Тоҳири Абдуҷаббор, коршинос дар умури иқтисодӣ мегӯяд, Чин он холигоҳҳо, дурусттараш он барномаҳоеро рӯйи даст мегирад, ки Русия ва ё Иёлоти Муттаҳидаи Амрикову Ирон натавонистаанд ба зимма гиранд. Оқои Абдуҷаббор мегӯяд, иншооте, ки Чин дар Тоҷикистон ба дӯш гирифтааст ва барои онҳо маблағ медиҳад, стратегӣ нестанд, яъне қудратҳои дигарро ин ҳол нигарон намекунад ва бо тавсеаи нуфузи Чин дар Тоҷикистон муросо кардаанд.

Тибқи иттилоъи маркази матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, ширкати "Синоҳайдро"-и Чин як нирӯгоҳи обӣ-барқиро ба маблағи 300 млн доллар рӯйи рӯди Зарафшон моҳи марти соли равон шурӯъ мекунад. Тибқи мувофиқаи ҷонибайн иқтидори ин нирӯгоҳ 150 мегават хоҳад буд. Низ тибқи ин лоиҳа як стансияи тақсимоти барқ ва 60 км хатти интиқоли нерӯи барқ аз маҳалли нирӯгоҳ то ноҳияи Панҷакент бунёд мегардад. Тайи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон, Чин ба ин кишвар 70 млн юан, муодили 20 млн доллари амрикоӣ кӯмаки бебозгашт хоҳад дод. Ширкати "Ситик-групп"-и Чин тариқи қарзи имтиёзнок 23 тепловози ҷадид ба Тоҷикистон ворид мекунад. Низ бо сармояи Чин роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ва Колхозобод-Панҷи Поён бунёд мешавад ва роҳи оҳани Конибодом-Бекобод бо васоили муосири таъминоти барқ муҷаҳҳаз хоҳад шуд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмонов ба Чин аввалин сафари ӯ баъди интихоб шудан ба маснади раисҷумҳур аст. Коршиносон мегӯянд, маҳз ба Чин сафар кардани раҳбари Тоҷикистон тасодуфӣ нест. Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, барои сафари Раҳмонов ба Чин шароити тааҳҳуд ва мухолифати қудратҳо рӯйи баъзе аз масоили умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Вай афзуд, Русия, Ирон, Ҳиндустонро ба шумули Чин заъиф сохтани мавқеи ИМА ва ё тавсиаи созмонҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ агар муттаҳид кунад, дар дастрасӣ ба манобеъи энержии минтақа онҳо миёни худ ихтилоф доранд. Оқои Ҳакимов афзуд, Тоҷикистон тавонистааст аз мушкилоти иҷтимоии худ барои ин қудратҳо таърифи дуруст пешниҳод кунад, он мушкилоте, ки маҳз терроризм ва ифротгароиро ба миён меоранд.

Тибқи иттилооти расмӣ, тайи панҷ соли ахир Чин ба Тоҷикистон 630 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки моддӣ расондааст, ки 30 миллиони он грант аст. Дар донишгоҳҳои Чин бо мусоидати ҳукуматҳои ду кишвар ҳудуди 63 нафар донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Коршиносони Тоҷикистон бар онанд, ки эҳтимол дорад ин донишҷӯён асоси элитаи сиёсии Чин дар Тоҷикистон гарданд, ки бешак, баъди даврони кӯмакҳои моддии Чин навбати натиҷагириҳои сиёсии ин кишвар дар Тоҷикистон мерасад.
XS
SM
MD
LG