Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи сайёрае мисли Замин


Нуҷумшиносон дар хориҷ аз системи офтобӣ сайораеро кашф кардаанд, ки ба сайораи Замин хеле монанд аст, ба ҳамин далел онҳо ин сайораро ба истилоҳ "Замин"-и дуввум ҳам ном мебаранд. Ин сайора дар мадори ситораи камнури "Глиз-581" кашф шудааст ва тибқи маълумоте, ки то ҳол ба даст омадааст, он аз сайораи Замин дар масофаи 20 солу шаш моҳи ҳаракати нур ҷой гирифтааст, ки он 193 трилиён километр аз Заминро ташкил медиҳад. Ситораи камнури Глис 581 аз офтоби мо сардтар ва хурдтар аст, ба ҳамин сабаб ҳарорати сатҳи сайораи нав ба ҳарорати сайораи Замин наздик аст ва он аз сифр то 40 дараҷаро ташкил медиҳад.


Дар гуфтугуе аз Хурсанд Ибодинов- донишманди тоҷик ва раиси пажуҳишгоҳи физики нуҷумшиносии Тоҷикистон пурсидам, оё дар ин сайораи нав метавонад нишонаҳои ҳаёт мавҷуд бошад, дар сурате, ки донишмандон шароити онро тъақрибан ба сайораи мо монанд медонанд?


"Албатта чунин сайораро бо ёрии телескопи хеле қаввӣ ва пуриқтидор кашф кардан мумкин аст. Агар дар ҳақиқат тасдиқ шавад, ки чунин сайорае дар назди ситора даври гардишаш 13 руз аст, дар он сурат масофаи байни сайораи нав ва ситораи он бояд хеле наздик бошад ва ҳарораташ ҳам бояд паст бошад, яъне ситораҳое, ки хомуш мешаванд. Ин аз ҷиҳати назариявист. Вале агар ҳарорат аз сифр то 40 дараҷа бошад, дар ҳамин ҳудуди ҳарорат дар он ҷо як навъ ҳаёти заминӣ вуҷуд дошта метавонад".

Бино ба маълумоти донишмандон, сайораи нав аз ситораи нурбахши худ, яъне аз Глис 581 нисбат ба масофаи байни Замин, яъне сайораи мо ва офтоб 14 маротиба наздиктар аст. Натиҷаҳои ин кашфиёт дар ҷое чоп нашудааст, вале Алан Босс аз пажуҳишгоҳи Карнегии Вошингтон ба матбуъот гуфтааст, дар ин пажуҳишгоҳ нуҷумшиносон дар ҷустуҷуи сайорае ҳастанд, ки ба сайораи Замин монанд бошад.

Стефан Удрӣ-яке аз муаллифони ин кашфиёт аз расадхонаи Женев мегуяд, тибқи таҳқиқот ин сайора ё аз санг иборат аст ё бо уқёнусҳо пушида шудааст. Донишманди дигар Хавиер Делфосе аз донишгоҳи Гренобли Фаронса гуфтааст, агар дар ин сайора об дар шакли моеъ мавҷуд бошад, ба эҳтимоли зиёд ҳаёт низ дар он ҷо вуҷуд дорад, зеро ҳар ҷо об аст он ҷо зиндагист.

Вале Хурсанд Ибодинов-донишманди тоҷик фарзияи дигареро истисно намедонад ва мегуяд, агар ситораи нурбахш ё нурафкан дар ҳоли хомуш шудан бошад ва нури он ба сайора заъифтар расад, ранги сайора сурх шуда, ҳарорат дар он ҷо поён меравад, ки дар чунин ҳарорат мавҷудияти об дар шакли моеъ имконпазир аст.


"Агар дар он ҷо чун дар руи замин моеъе дар шакли об мавҷуд бошад, (чунки об дар сайораҳои дигар низ дар шакли об, дар шакли молекулаҳо бисёр аст,) дар он сурат мумкин ҳаёт мавҷуд бошад. Лекин мумкин аст, ин марҳалаи ахири ҳаёт дар он сайора бошад. Яъне вақте, ки ситораи марказӣ хомуш мешавад, энергияи вай кам мешавад ва охири ҳаёт наздик меояд, чунки баъд аз ба охир расидани энергияи ситораи марказӣ ҳарорат якбора паст меравад ва тамоми намуди ҳаёт дар он ҷо бозмеистад".


Баъзе донишмандони дигар ба мавҷудияти об дар ин сайораи нав шак доранд ва мегуянд, суҳбат дар ин бора ҳануз зуд аст. То ҳол нуҷусшиносони ҷаҳон дар хориҷ аз системи офтобӣ 220 сайораро кашф кардаанд. Вале дар ин сайораҳо ҳаёт вуҷуд надорад, зеро ҳарорат ё хеле баланд ё хеле паст аст.


Таҳқиқоти донишмандон гувоҳӣ медиҳад, ки вазни сайораи нав аз вазни Замин панҷ баробар бештар аст ва ҳаҷми он низ бузургтар аз Замин, яъне якуним баробари сайораи Замин мебошад. Масалан, Замин дар атрофи меҳвари худ дар 24 соъат давр мезанад ва шабонарузи мо заминиён 24 соъатро ташкил медиҳад. Аз Хурсанд Ибодиннов-донишманди тоҷик мепурсам, дар чунин ҳолат оё гардиши сайораи нав аз гардиши сайораи мо, яъне Замин метавонад фарқ кунад ва соъатҳои шабонаруз кам ё зиёд бошад?


"Ҳоло гуфтан бисёр душвор аст, ки даври гардиши ин сайора ба Замин монанд аст. Марказҳои махсус ҳастанд, ки даври гардиши сайораҳоро муайян мекунанд. Ман намедонам, ки оё мо имкони ёфтани даври гардиши ин сайораро дошта бошем. Вале даври гардиши сайора бо андоза ё вазни он вобастагӣ надорад. Масалан, андозаи сайораи Миррих аз сайораи Замин хурдтар аст, аммо даври гардиши ҳар ду тақрибан як хел аст. Ё баръакс, сайораи Муштарӣ даври гардишаш даҳ соъат аст, бо вуҷуди ин ки андозаи он аз Замин 330 маротиба калонтар аст. Яъне вобастагии мустақим дида намешавад".


Рушаноӣ ё шуъои сайораи нав низ якуним баробари рушаноии руи замин аст. Ба ҳамин далел телескопҳои имрузӣ наметавонанд ба таври дақиқ аз сайораҳои камнур аксбардорӣ кунанд.

Ин сайораро телескопҳои як расадхонаи аврупоӣ дар Силлаи Чиллӣ шиносоӣ кардааст. Донишмандон мехоҳанд телескопҳои қавӣ ва бузургро ба фазои кайҳон интиқол диҳанд ва аз он ҷо таҳқиқоти зарурӣ анҷом бигирад.
XS
SM
MD
LG