Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои даври шашуми мусобиқоти футболи Тоҷикистон


Се бозӣ бо пирӯзии мизбонон ба анҷом расид. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар майдони худ бар «Энергетик»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 1, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 1 бар 0 ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 3 бар 0 ғалаба карданд. Як бозӣ бо пирӯзии дастаи меҳмон хотима ёфт: CSKA «Помир»-и Душанбе «Гвардия»-и Душанберо бо натиҷаи 5 бар 1 шикаст дод. Як дидор миёни «Динамо»-и Душанбе ва «ХИМА»-и Душанбе бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 ба поён расид.

Бад-ин тартиб баъди ҷамъбасти шаш даври мусобиқот «Регар» ТадАЗ, ки дар ҳамаи бозиҳо ғалаба кардааст, бо 18 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. «Парвоз», ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 12 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. «Вахш» бо 10 имтиёз аз 5 бозӣ дар ҷойи севум аст.

Мавқеъи дастаҳои дигар дар ҷадвали мусобиқот чунин аст: 5. «ХИМА» - 8 имтиёз (6 бозӣ). 6. «Динамо» - 8 (6). 7. «Энергетик» - 7 (6). 8. «Хуҷанд» - 7 (5). 9. CSKA «Помир» – 6 (5). 10. «Саройкамар» - 1 (5). 11. «Гвардия» - 0 (6).

Иброҳим Рабимов, бозигари «Регар» ТадАЗ бо 6 гол дар сабқати голзанҳои беҳтарини мусобиқот алҳол пешсаф аст.

Бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқот рӯзҳои 5-уми май («Энергетик» - «Парвоз», «ХИМА» - «Регар» ТадАЗ) ва 6-уми май (CSKA «Помир» - «Динамо», «Саройкамар» - «Вахш», «Тоҷиктелеком» - «Хуҷанд») барпо мегарданд.


Мусобиқаи мини-футбол ё футболи хурд байни дастаҳои сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон бахшида ба 15-солагии барқарор шудани равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Русия бо пирӯзии дастаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба анҷом расид.

Ин мусобиқа бо ширкати шаш даста дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дипломатҳои тоҷик, ки бар дастаҳои мини-футболи сафоратҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (3:1), Узбакистон (5:1), Фаронса (5:0), Бритониё (9:7) ва Русия (3:2) ғалаба карданд, бо 15 имтиёз дар ҷойи аввал қарор гирифтанд. Дастаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷойи дувум ва тими Русия ҷойи севумро касб карданд.


Ва хабари охирин. Рӯзи 1-уми май нахустин мусобиқоти ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон бо дидори дастаҳои «Парвоз» -и Бобоҷон Ғафуров ва «Саройкамар»-и Панҷ шурӯъ шуд.

Дар марҳилаи аввали мусобиқот 11 дастаи лигаи олӣ дар ду гурӯҳ рақобат мекунанд. Ба гурӯҳи «А» «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва се дастаи шаҳри Душанбе - CSKA «Помир», «Динамо» ва «Гвардия» дохиланд. Ба гурӯҳи «Б» панҷ даста - «Хима»-и Душанбе, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа, «Саройкамар»-и Панҷ ва «Энергетик»-и Душанбе шомил шудаанд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқот 10 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқот, ки дар бозии ниҳоӣ рӯзи 2-юми сентябр муайян хоҳад шуд, соҳиби 5 ҳазор доллар мешавад. Ба дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, мутаносибан 3 ҳазор ва 2 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

Дар бозиҳои дигари даври аввали мусобиқот рӯзи 2-юми май «Регар» ТадАЗ ва «Гвардия», «Вахш» ва «Динамо», рӯзи 3-юми май CSKA ва «Хуҷанд» рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG