Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони истифода аз кӯли Сарез


Аз миён бурдани хатари кандашавии сарбанди кӯли Сарез, ба эътиқоди коршиносон, дар мавриде имконпазир аст, ки сатҳи оби ин кӯл ба 60 метр поён бурда шавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилооти расмӣ, сатҳи оби кӯли Сарез ҳар сол тақрибан 200 сантиметр боло меравад. Коршиносон мегӯянд, наздиктарин мавзеъи аҳолинишин дар фосилаи 26 дақиқа, ноҳияи Ҳамадонӣ дар 30 соат ва навоҳии наздимарзии Узбакистон дар 38 соати пас аз рахнаи сарбанди Сарез зери об хоҳанд монд. Онҳо мегӯянд, дар ин ҳол ҳудуди 5 миллион сокини Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон ва Туркманистон ҷони худро аз даст хоҳанд дод.

Ҳамзамон Мухтор Муҳиддинов, як масъули вазорати ҳолатҳои изтирории Узбакистон, мегӯяд, Тоҷикистон тадбирҳои муҳимме дар роҳи таъмини амнияти шаҳрвандон андешидааст ва ин таҷриба бояд дар кишварҳои ҳамсоя низ андӯхта шавад. У меафзояд: «Узбакистон низ аз хатари рахнашавии сарбанди кӯли Сарез нигарон аст. Таваҷҷуҳи ҳукумати кишвари мо ба ин масъала мутамаркиз аст. Мо ҳамеша бо аҳолие, ки дар сурати рахнашавии сарбанди Сарез эҳтимолан осеб мебинанд, корҳои омӯзишӣ ва тамринҳои доимӣ мебарем».

Дар ҳамин ҳол Собит Неъматуллоев, раиси гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ки ба таҳқиқи коҳиши хатари рахнашавии сарбанди Сарез машғул аст, гуфт, сарбанди Сарез танҳо дар ҳоле канда мешавад, ки зилзилаи шадиде дар шарқи Тоҷикистон сар занад. Вай афзуд, ҳукумати Тоҷикистон дар ин маврид тадбирҳои амниятӣ андешидааст ва дар ҳоли ҳозир хатаре аз сӯи Сарез нест. Ин олим меафзояд, барои таъмини комили амният хеле муҳим аст, ки сатҳи оби кӯли Сарез дастикам то 50 - 60 метр поин бурда шавад. Як роҳи дигари коҳиши хатари рахнашавии Сарез ва истифодаи пурсамари оби он, ба ақидаи оқои Неъматуллоев, бунёди нерӯгоҳҳо дар канораи ин кӯл аст. Академик шарҳ медиҳад: «Ҳоло имкониятҳои фаннию молии мо бештар шудаанд, мо метавонем таййи чор-панҷ соли оянда як нерӯгоҳи барқи обӣ бунёд кунем, роҳи интиқоли оби Сарез ба нерӯгоҳи Даштиҷум ва аз Даштиҷум то ба Афғонистону Эронро боз кунем. Зимнан сатҳи об дар кӯли Сарез ба ҳоли муътадил расида ва ҳатто мешавад дар соҳилҳои Сарез минтақаи ҷаҳонгардӣ бунёд кард».

Гулсара Пӯлодова, мушовири аршади барномаи стротежии Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши мизони хатари рахнашавии сарбанди Сарез, низ бар ин аст, ки беҳтарин василаи безараргардонии кӯли Сарез бунёди силсилаи нерӯгоҳҳо дар ин мавзеъ аст: «Вақти он аст, ки мо натанҳо доир ба пайомадҳои ногувори рахнашавии сарбанди кӯли Сарез ва таъмини амният суҳбат кунем, балки роҳҳои манфиъатбардорӣ аз ин кӯлро биандешем. Ҳадаф аз ҳамоиши имрӯза бо ҷалби сармояи хориҷӣ низ ин аст, ки барои бунёди нерӯгоҳ бо истифода аз оби Сарез ҳавасмандии онҳо ҳосил шавад. Мақсади мо ин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон низ ба ин лоиҳа - лоиҳаи таъсиси нерӯгоҳ дар кӯли Сарез - ҷалб шавад ва он дар сатҳи ҳукуматҳо иҷро гардад. Барои сохтмони ин нерӯгоҳ, тибқи арзёбиҳои муқаддамотӣ ҳудуди чаҳор сол ва сарфи 100 миллион доллари амрикоӣ лозим аст».

Ахиран давлати Тоҷикистон эълом дошт, ки омода аст кишварҳои Осиёи Марказиро аз кӯли Сарез бо оби аз лиҳози эколожӣ соф таъмин намояд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфтааст, дар сурати таъсиси Консорсиуми обу энержии Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз кӯли Сарез то Узбакистон лӯлаи обгузари 600-километрӣ месозад ва қариб нисфи аҳолии Осиёи Марказиро бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳад кард.

Бо ин роҳ Тоҷикистон мехоҳад ҳам манфиъати иқтисодӣ бардорад ва ҳам эҳтимоли рахна гаштани сарбанди кӯли пурхавфи Сарезро, ки ҳанӯз 96 сол инҷониб бар асари зилзилаи шадид дар Бадахшон ба вуҷуд омадааст, бартараф намояд.
XS
SM
MD
LG