Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз майдонҳои футбол...


«ХИМА»-и Душанбе дар майдони худ бар «Энергетик»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 1, «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа дар меҳмонӣ бар «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 2 бар 1 ва CSKA «Помир»-и Душанбе низ бар тими мизбон - «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 5 бар 0 ғалаба карданд.

Ба ин тартиб дастаи «ХИМА», ки дар ҳамаи панҷ дидори худ пирӯзӣ ба даст овардааст, бо 15 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи «Б» қарор гирифтааст. «Тоҷиктелеком» бо 6 имтиёз дар зинаи дуввум ва «Саройкамар» бо 4 имтиёз дар зинаи севвум ҷойгир шудаанд.

Дар гурӯҳи «А» «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 13 имтиёз аз 5 дидор дар ҷойи аввал мебошад. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 12 имтиёз зинаи дуввум ва CSKA «Помир» бо 9 имтиёз зинаи севвумро касб кардаанд.


Хабари дигар барои мухлисони футбол ин аст, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар чаҳорчӯби омодагиҳо ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни футболбозони то 17-сола дар шаҳри Анқараи Туркия боз як бозии контролӣ анҷом дод.

Футболбозони ҷавони тоҷик пас аз пирӯзӣ бар ҳайати дуввуми тими «Анқараспор»-и Туркия бо натиҷаи 2 бар 1, бозии дуввуми контролии худро бо тими «Зестафони»-и Гурҷистон бо натиҷаи 1 бар 1 ба поин расонданд.

Дастаи Тоҷикистон шаби 12-уми август аз Туркия ба Куриёи Ҷанубӣ сафар кард. Дар пойтахти ин кишвар - шаҳри Сеул аз 18-уми август то 9-уми сентябри соли равон мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2007 байни наврасони то 17-сола бо ширкати 24 даста дар 6 гурӯҳ баргузор мешавад. Дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» рӯзи 20-уми август бо тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 23-уми август бо дастаи Белгия ва 26-уми август бо дастаи Тунис рақобат хоҳад кард.


Мусобиқаи ҷумҳуриявии дастаҳои баскетболи наврасон барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Абдулло Муродов дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе ҷараён дорад.

Дар ин мусобиқа, ки барои панҷумин бор баргузор шудааст, шаш дастаи мунтахаби навҷавонони то 17-сола аз вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру навоҳии тобеъи марказ ва пойтахти кишвар ширкат меварзанд.

Барандаи ҷоизаи ёдбуди Абдулло Муродов рӯзи 15-уми август муайян мешавад.


Ҳамзамон дар шаҳри Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон байни занону мардон баргузор шудааст.

Дар ин мусобиқот 65 шатранҷбоз аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доранд. Аз ҷумла, дар сабқати занон 12 нафар барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ талош меварзанд.

Пас аз ҷамъбасти ҳашт даври бозиҳо дар сабқати занон Надежда Антоноваи душанбегӣ бо 7, 5 имтиёз дар ҷойи аввал ва Елена Нуриддинова, аз шаҳри Чкаловски вилояти Суғд дар ҷойи дуввум қарор гирифтаанд.

Дар сабқати мардон Ҷамшед Исоев, аз шаҳри Душанбе бо 6 имтиёз аз 7 дидор дар ҷойи аввал мебошад. Ҳамшаҳриҳои вай Рашид Ҳусейнов ва Соиб Ҷӯраев, ҳамчунин шатранҷбози шаҳри Қӯрғонтеппа Аъзам Юнусов 5,5 имтиёзӣ ба даст овардаанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон, ки аз нӯҳ давр иборат аст, бегоҳи 14-уми август ба анҷом мерасад.
XS
SM
MD
LG