Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин талоши пешгирӣ аз ҳамлаи Туркия


Аксари коршиносон мулоқоти Вошингтонро вопасин талоши ҷилавгирӣ аз ҳамлаи Туркия ба шимоли Ироқ меноманд.

Фазои мулоқоти президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш ва сарвазири Туркия Раҷаб Таиб Эрдуғонро ваъдаи вазири умури хориҷии Амрико, Кондолиза Райс фароҳам овардааст, ки охири ҳафтаи гузашта гуфт, Иёлоти Муттаҳида амалан ба Анкара дар саркӯб кардани ошӯбгарони Ҳизби коргари Курдистон мадад хоҳад кард. Хонуми Райс дар сафараш ба Анкара гуфт, Вошингтон масъалаҳои таҳкими табодули иттилоъ бо Туркияро баррасӣ мекунад. Вале вай ҳамзамон Анкараро ба хештандорӣ даъват кард ва афзуд, решакан кардани ошӯб фурсати бештар мехоҳад. Лекин сарони Туркия мегӯянд, косаи сабри онҳо лабрез шудааст ва гуфтушуниди Вошингтон бояд як мулоқоти ҳалкунанда бошад.

...на танҳо масъалаи ҷанг, балки муносибат бо Амрико низ матраҳ аст...
Фодӣ Ҳакуро, коршиноси умури Туркия дар пажӯҳишгоҳи Чатҳам Ҳауси Лондон мегӯяд: "Мақомоти Анкара аломат додаанд, ки гуфтушуниди Эрдуғону Буш на танҳо масъалаи оғози ҳамлаи нирӯҳои Туркия ба шимоли Ироқ, балки ояндаи муносибатҳои миёни Иёлоти Муттаҳида ва Туркияро рушан хоҳад кард. Ин нуктаро ба таври хеле ошкоро сарвазир дар ҷаласаи порлумон матраҳ кард ва ҳарбиёни Туркия низ ҳамин маъниро ба таври ғайримустақим эълом доштаанд. Ҳарду тараф, яъне ҳам ҳукумат ва ҳам низомиён, ба тавр возеҳ гуфтанд, ки пайомадҳои мулоқоти ҷаноби Эрдуғон ва президент Бушро интизоранд, то муайян кунанд, ки Туркия ба шимоли Ироқ ҳамла хоҳад кард ё на."

Мулоқоти Бушу Эрдуғон ба ақидаи бисёре аз нозирони авзоъ, шояд охирин талоши ҷилавгирӣ аз мудохилаи ҳарбии Туркия ба Ироқ аст. Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки аз ин мудохила нигаронӣ дорад. Шимоли Ироқ дар ҳоли ҳозир яке аз минтақаҳои нисбатан ороми Ироқ аст ва иқдоми Туркия ин эътидоли нисбиро ба ҳам хоҳад зад. Туркия ин аломатро ҳам додааст, ки метавонад, аз нақшаи ҳамла даст бардорад, ба шарте ки посухи Иёлоти Муттаҳида ва Ироқ дар ҳалли мушкили курдии он қобили мулоҳиза бошад. Биноан, Анкара аз мулоқоти Вошингтон қадамҳои ҷиддиеро интизор аст. Дастикам як аломати афзоиши фишори Амрико ва Бағдод ба курдҳои шимоли Ироқ шояд ин аст, ки рӯзи якшанбе ҳашт сарбози турк аз асорати нирӯҳои Ҳизби коргари Курдистон озод шуданд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Шон Маккормак, аз кӯмаки Ироқ дар озодии сарбозон истиқбол намуда, ба ҳамкории бештари миёни Туркия ва Ироқ даъват кард. Вале маълум шудааст, ки ин хабар аз шиддати авзоъ накостааст.

Барои Анкара муҳим ин аст, ки пойгоҳҳои Ҳизби коргари Курдистонро дар шимоли Ироқ аз байн барад ва марзҳои худро эмин гардонад. Дар ҳоле ки гуфтушуниди миёни Анкара ва Бағдод дар ин маъала идома дорад, Ҳизби коргари Курдистон маъракаи худро дар ҷабҳаи дигар, дар самти Эрон густариш медиҳад. Усмон Оҷалон, бародари раҳбари зиндонии Ҳизби коргари Курдистон Абдуллоҳ Оҷалон гуфтааст, ин ҳизб нирӯҳои худро дар шимоли Ироқ коҳиш дод ва ба самти Эрон ҳаракат дорад.

XS
SM
MD
LG