Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вақте Замин танӯри тасфон мешавад...


Як масъалаи илмӣ ва ҳам зистмуҳитӣ, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон имсол роҷеъ ба он бештар сӯҳбат шуд, мушкили гармоиши курраи Замин буд, ки ҳоло гиребонгири инсоният аст. Албатта ин мушкилро инсон бо дастони худаш офаридааст ва бояд худаш дар андешаи он бошад. Табиатшиносони Созмони Милал имсол бо нашри чандин гузориши илмӣ доир ба тағйири иқлим гуфтанд, ки агар болоравии ҳарорат бо ҳамин суръат идома кунад, инсоният ба қавле дар рӯи Замин хоҳад пухт.

Гармоиши курраи Замин хушксоливу обхезиҳо ва даҳҳо фалокатҳои табииро дигарро дар пай хоҳад дошт ва миллионҳо нафарро бехонаву дар ва гурусна хоҳад гузошт.

Тоҷикистони кӯчаки кӯҳистонӣ низ аз ҳоло ранҷи гармоиши курраи Заминро мекашад ва дар сурати болотар рафтани ҳарорат метавонад дучори фалокатҳои табии бештар шавад. Наиля Мустаева - табиатшиноси тоҷик ва корманди Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон дар ин робита ба Радиои Озодӣ сӯҳбат кард. Ӯ гуфт:

«Бар асоси пажӯҳишҳои муқаддамотӣ ошкор шуд, ки аввал ҳарорат дар тамоми қаламрави Тоҷикистон боло меравад. Бояд гуфт, ки дар водиҳо ва ноҳияҳои сераҳолӣ, ҳарорат то як дараҷа боло рафтааст ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорат сифру аз даҳ панҷ дараҷа боло рафтааст. Яъне ҳарорат дар зарфи 50 – 60 соли ахир ҳамингуна дар Тоҷикистон боло рафтааст. Ин аст таъсири аввали гармоиши курраи Замин ба Тоҷикистон ва сипас асари гармоиши курраи Замин ба пиряхҳои кишвар эҳсос мешавад.»

Бар асоси пажӯҳишҳои олимони тоҷик, бар асари тағйири иқлим, пиряхи бузургтарини Осиёи Марказӣ, пиряхи Федченко, ки дар Тоҷикистон ҷойгир аст, солона аз 10 то 16 метр ақибнишинӣ мекунад. Дар зарфи 100 соли ахир ин пиряхи азим бештар аз 1 километр ақибнишинӣ кардааст.

Пиряхи мавсум ба “Гармо” низ аз гармоиши Замин ранҷ мекашад ва ба қавли табиатшиносони тоҷик ба пораҳо тақсим шуда ва солона то 100 метр ақибнишинӣ мекунад. Тағйири иқлим пиряхҳои хурди Тоҷикистон ба мисли пиряхи Деҳондараро, ки тақрибан 1 километри мураббаъ масоҳат доштааст, ба куллӣ об карда ва ба ҷойи он майдони пурсангу хок мерос гузоштааст. Ба гуфтаи Илҳом Раҷабов, Маркази таҳқиқи тағйири иқлим ва қабати азон агар ҳарорат дар курраи Замин ба ҳамин суръат боло равад, тамоми пиряхҳои хурду миёнаи Тоҷикистон аз байн хоҳанд рафт.

Ҳамингуна об шудани пиряхҳо, ки сарчашмаи аслии оби Осиёи Марказӣ ҳастанд, сабаби коҳиши захираҳои обиву азият кашидани мардумони минтақа хоҳад шуд. Дигар аз пайёмадҳое, ки тағйироти иқлим барои Тоҷикистон хоҳад дошт, обхезиҳо аст, чун 85 дар сади қаламрави кишвар дар баробари обхезиву, лағшиши кӯҳ ва тарма осебпазир аст.

Ҳарчанд Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон газҳои гулхонаӣ хориҷ мекунад, аммо ба андозае, ки кишварҳои санъатии ҷаҳон ба қавле осмони софро олуда мекунанд, газҳои гулхонаӣ хориҷ намекунад. Назари Умед Каримов донишманди тоҷик:

«Мо доир ба ихроҷи газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон дар соли 2007 ҳанӯз омор надорем, ва охирин дафъа чунин таҳқиқотро дар соли 2003 анҷом додем. Дар он сол Тоҷикистон ба атмосфера бештар аз 2 миллиону 750 ҳазор тонна гази карбон хориҷ кардааст, ки ин тибқи меъёри махсус ба 2 768 гигаграмм баробар аст. Як гигаграм баробар ба 1000 тонна аст. Агар оддӣ карда ба тоннаҳо гуем, Тоҷикистон дар соли 2003 2 миллиону 768 ҳазор тонна гази карбон хориҷ кардааст. Аз ин миқдор 122 ҳазор тоннаи он гази метан , 8 ҳазор тонна туршии азот ва дигар газҳои гулхонаӣ мебошад. Медонед, ҳоло инро бо фоиз ҳисоб накардаанд, вале нақши Тоҷикистон бисёр ночиз аст ва шояд камтар аз 1 фоиз бошад. Ба ҳадди миёна агар барои ҳар як сокини курраи Замин бигирем, барои як нафар сокини сайёра 3,8 тонна газҳои гулхонаӣ ихроҷ мешавад. Аммо барои ҳар як сокини Тоҷикистон 300 кило гази гулхонаӣ рост меояд, ки аз меъёри миёна дар тамоми курраи Замин даҳ маротиба камтар аст.»

Аммо Тоҷикистон соли оянда дар иртибот бо ҷилавгирӣ аз гармоиши курраи Замин чӣ коре анҷом хоҳад дод. Дар соли оянда Гузориши дуввуми давлатии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Конвенсиюни созмони милал дар мавриди тағйири иқлим таҳия ва Созмони Милал фиристода хоҳад шуд. Дар он гузориш доир ба иқдомоти Тоҷикистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз гармоиши курраи замин ва таъсири ин падида ба кишвар сухан хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG