Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё барои Русия дар КАСА-1000 ҷой ҳаст?


Нерӯгоҳи Сангтӯда-1.
Нерӯгоҳи Сангтӯда-1.

Русия эълон кардааст, ки мехоҳад ба тарҳи минтақавии интиқоли нерӯи барқи изофӣ аз Тоҷикистон Қирғизистон мавсум ба CASA-1000 бипайвандад ва аз ин роҳ барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳи муштараки “Сангтӯда-1» дар Тоҷикистонро, ба Афғонистон мустақиман фурӯшад. Ҳарчанд мақомоти Афғонистон аз ин пешниҳод истиқбол кардаанд, аммо мақомоти Тоҷикистон изҳор медоранд, ки чунин муомила ғайримумкин аст.

Пешниҳоди Русия ба Афғонистон

Вазири захираҳои об ва энержии Афғонистон Алӣ Аҳмад Усмонӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон эълон кардааст, ки ахиран Кобул пешниҳоди ҳукумати Русия барои пайвастани ин кишвар ба тарҳи минтақавии интиқоли нерӯи барқи изофӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дарёфт кардааст.

Дар ин пешниҳод зикр шудааст, ки Русия дар Тоҷикистон нерӯгоҳе дар ихтиёр дорад ва бо пайвастани ду хатти интиқоли нерӯи барқ, метавонад ба тарҳи CASA-1000 шомил шуда, нерӯи барқро ба Афғонистон фурӯшад. Ба гуфтаи ҷаноби Усмонӣ, Афғонистон аз ин пешниҳод истиқбол кардааст.

"Дар КАСА-1000 ишорае ба Русия нест"

Ҳарчанд мақомоти Афғонистон аз ин пешниҳоди Русия истиқбол кардаанд, аммо мақомоти Тоҷикистон изҳор медоранд, ки чунин муомила ғайримумкин аст.

Аммо Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” 12-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин пешниҳоди Русияро бепоя арзёбӣ кард. Вай гуфт, ки созишномаи CASA-1000 миёни чаҳор кишвар, яъне Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон имзо шудааст ва дар матни он Русия ва ё нерӯгоҳаш дар Тоҷикистон зикр, нашудааст.

Вай афзуд: "Тибқи шартнома бо Русия, ки молики асосии саҳмияҳои нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” дар Тоҷикистон мебошад, фурӯши нерӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳ танҳо ба ҷониби Тоҷикистон пешбинӣ шуда, роҳҳои дигари ин кор дар назар нест. “Сангтӯда-1” вазифадор аст тамоми нерӯи барқи тавлидкардаи худро ба ширкати “Барқи тоҷик” фурӯшад ва ба ҷуз аз ин низоми ягонаи энергетикии Тоҷикистон, ин нерӯгоҳ ба дигар хатҳои интиқоли нерӯи барқ пайваст нест."

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз замони фаъол шудани нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” дар соли 2009, аз ин нерӯгоҳ ҳудуди 800 миллион сомонӣ қарздор шудааст. Зимнан, нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” 15 дарсади барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад ва тавоноии он 670 МВТ мебошад.

Баҳонаи Русия чист?

Тоҷикистон танҳо 25 дарсади саҳмияҳои ин нерӯгоҳро дар ихтиёр дорад ва 75 дарсади дигари он дар ихтиёри ширкати “Росатом”-и Русия аст. Ба ин далел, ҳадс зада мешавад, ки тасмими Русия барои пайвастан ба тарҳи CASA-1000 ба мавзӯи бозпас гирифтани қарзҳои худ марбут аст. Аммо бештаре аз соҳибназарон мегӯянд, ки ҳадафи аслии Русия, ба ин баҳона роҳ ёфтан ба бозори нерӯи барқи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ мебошад.

Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси тоҷик, ки дар гузашта дар ширкати “Барқи тоҷик” кор кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сабаби аслии пайдо шудани қарзҳои ҳангуфти Тоҷикистон дар қиболи нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” дар ғайримуассир будани мудирият дар ширкати энергетикии Тоҷикистон аст.

Вай гуфт: "Мардум ва корхонаҳо қиммати нерӯи барқро пардохт мекунанд, аммо мақомот мегӯянд, ки пул нест. Пас, куҷо мешаванд маблағҳои ҷамъоварӣ кардаи ширкати “Барқи тоҷик”? Ин ҳама нишонаҳои мудирияти ғайримуассир аст, ки имкони пардохти пули нерӯи барқи истифодашударо ширкат надоштааст. Ҳоло кормандони ин ширкат ва нерӯгоҳҳо моҳҳо маоши худро намегиранд, мутахассисони хуб тарки Тоҷикистон кардаанд."

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик"
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик"

Аз сӯи дигар Эрон бо маблағи беш аз 180 миллион доллар дар дар 120-километрии ҷанубу шарқи Душанбе нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” бунёд кардааст ва тибқи шартнома, Эрон аз он ҳудудан 14 сол баҳра мебарад ва баъдан онро комилан ба ихтиёри Тоҷикистон месупорад. Аммо мақомоти Эрон пайваста шиква мекунанд, ки то ҳол аз ин иншоот баҳра набардоштаанд ва гузашта аз ин, Тоҷикистон қарзҳои онро бозпас надодааст.

Дар ҳамин ҳол Нозирҷон Ёдгорӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан Тоҷикистон ба Қирғизистону Афғонистон ҳамарӯза беш аз 300 мегаватт нерӯи барқ содир мекунад. Вай аз эълони арзиши нерӯи барқи содиротӣ ба Афғонистон худдорӣ кард, аммо ба бовари коршиносон ин қиммат бамаротиб бештар аз нархи нерӯи барқ дар дохили Тоҷикистон мебошад.

Тарҳи пурсарусадои КАСА-1000

Зимнан, маросими расмии ифтитоҳи сохтмони хати нерӯи барқи CASA-100012 майи соли гузашта дар Тоҷикистон бо ширкати намояндагони расмии Афғонистону Покистон ва Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуда буд. Барои иҷрои ин тарҳ 1,7 миллиард доллар пешбинӣ шудааст.

Шабакаи CASA-1000 1 222 километрро ташкил медиҳад ва аз ин шабака 1 300 мегават нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол меёбад. 300 мегавати он дар Афғонистон мемонад ва 1000 мегавати дигар ба Покистон меравад. Тарҳи CASA-1000, ки ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯст, тибқи нақша бояд дар соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Ин тарҳро Амрикову Британия, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки Исломии Рушд сармоягузорӣ мекунанд.

Тоҷикистон ба хотири пайдо кардани суди бештар аз захираҳои обу энергетикии худ, розӣ шуда буд ба ин тарҳ бипайвандад. Ҳарчанд сокинони Тоҷикистон дар фасли сармо аз камбуди шадиди нерӯи барқ азият мекашанд, аммо мақомот мегӯянд, ки баъд аз фаъол сохтани агрегатҳои нахустини нерӯгоҳи азими барқи обии Роғун дар соли оянда ин мушкил аз байн меравад ва Тоҷикистон ба содиркунандаву бозигари ҷиддӣ дар бозори нерӯи барқи минтақа табдил мешавад. Ин ҳамон нуқтаест, ки солҳои ахир мояи нигаронии Узбакистони ҳамсоя дар мавриди азсаргирии сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон шуда буд.

XS
SM
MD
LG