Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё бебарқӣ "моли таърих" шуд? ВИДЕО


Лимит ва ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба сокинони Тоҷикистон сар аз 14 январ ва дар пайи муроҷиати раиси ҷумҳур, бекор карда шуд. Ҳодисае, ки мардум онро "таърихӣ" номиданд. Аммо таърихи маҳдудияти барқ барои сокинон ба 23 соли пеш бармегардад. Замоне, ки Тоҷикистон аз захираи барқи системаи ягонаи энержии Осиёи Марказӣ маҳрум карда шуд ва ҳудуди 5 миллиард киловатт соат дефитсит ва камбуди барқ дошт.

"Ҳар рӯзу соат таҳдидҳо садо медод..."

Одинамаҳмад Чоршанбиев, сардори хадамоти Маркази танзими энергосистемаи Тоҷикистон дар ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, агар лимит ҷорӣ намешуд, тамоми кишвар дар дарвозаи моҳи январ пурра аз барқ бебаҳра мемонд.

Вазъи таъмини сокинон бо барқ сол то сол бӯҳронӣ мешуд ва соли 1996 лимити барқрасонӣ ба сокинон то 6 соат дар шабонарӯз поинтар рафт. Аммо ин охири кор набуд ва ба гуфтаи Одинамаҳмад Чоршанбиев, таҳдидҳое пеш омада буданд, ки Тоҷикистонро аз системаи ягонаи энержии Осиёи Марказӣ ҷудо месозанд. Ба гуфтаи ҷаноби Одинамаҳмадов, "ин таҳдидҳо пайваста, ҳар моҳ, ҳар рӯз, ҳар соат садо медод."

Оё лимити барқ моли "таърих" мешавад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:43 0:00

Таҳлилгар: Сабаб қарзи "Барқи тоҷик" буд

Аммо таҳлилгарон як сабаби таҳдидҳои берун кардани Тоҷикистон аз системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказро қарзҳои "Барқи тоҷик" дар назди кишварҳои ҳамсоя ном мебаранд. Ба бовари Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик, яке аз сабабҳо, қарзи барқи Тоҷикистон дар назди Узбакистон буд ва он замон ҷониби Тошканд изҳор медошт, ки "Барқи тоҷик" қарзҳояшро пардохт намекунад.

Маҳз ҳамин таҳдиди ҳамсоякишварҳо Тоҷикистонро маҷбур кард, ки хатти баландшиддати 500 киловолтии ҷануб шимолро оҷилан дар соли 2009 бунёд кунад. Ба гуфтаи Одинамаҳмад Чоршанбиев, тавассути рахнасозиҳо ва баҳонаҷӯиҳо воридоти нерӯи баррқро ба Тоҷикистон бо ҳар баҳона кам мекарданд ё куллан мебастанд. Барои ҳамин соли 2008 ниҳоят соли мушкил ба сари кишвар омад ва дар моҳҳои январ ва феврал пас аз соати 12-и шаб шаҳри Душанбе аз барқ маҳрум мешуд.

Гунаҳкори ин ҳама бебарқиҳо кӣ буд?

Таҳлилгарон дар бӯҳронитар шудани вазъи таъмини сокинон ба барқ дар он солҳо, раҳбарият ва масъулони бахши энержии кишварро гунаҳкор медонанд. Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, "дар хотирам нест, аммо он замон яке аз раҳбарони “Барқи тоҷик”-ро бо он муттаҳам карда буданд, ки бо ҷониби Узбакистон забон як карда буд ва тӯли як ҳафта шабона оби обанбори Норакро пинҳонӣ сар медоданд. Ҳамин гуна гап буд, ки ин об барои Узбакистон зарур будааст ва масъулони “Барқи тоҷик” пул гирифта ва обро пинҳонӣ сар медоданд."

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик.
Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик.

Тоҷикистон дигар аз воридоти барқи хориҷӣ ноумед шуд ва бо сармояи хориҷиву дохилӣ бунёди нерӯгоҳҳоро рӯи даст гирифт. Бар изофаи теъдоди бешумори нерӯгоҳҳои кӯчак, дар 8 соли ахир нерӯгоҳҳои Сангтӯда- 1-ро бо иқтидори 670 мегаватт, Сангтӯда 2- 220 мегаватт, маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, 400 мегаватт бунёд карда шуд.

Одинамаҳмад Чоршанбиев, сардори хадамоти Маркази танзими энергосистемаи Тоҷикистон дар ширкати “Барқи тоҷик”мегӯяд, ки агар ҳаво гарм бошад, талаботи шабонарӯзии Тоҷикистон ба барқ 48-50 миллион киловат соатро ташкил медиҳаду халос."

"Талко худ роҳашро биёбад"

Зафар Абдуллоев мегӯяд, "Талко" ҳамчун як ширкате, ки даромади хуб дорад, бояд худаш ҳал кунад, ки барқро аз куҷо ба даст орад.

Аммо таҳлилгарон роҳи дигари осонтар аз лимити барқ раҳо шудани Тоҷикистонро марбут ба нав кардани технологияи ширкати "Талко ба дастгоҳҳои замонии камхарҷи неруи барқ медонанд. Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки ба бовари вай маҳрум кардани ин корпаратсия аз имтиёзҳо боиси ба даст омадани захираи бузурги нерӯи барқ мегардад, ки онро мешавад ба сокинон ва корхонаҳо пешниҳод кард ва "Талко" ҳамчун як ширкате, ки даромади хуб дорад, бояд худаш ҳал кунад, ки барқро аз куҷо ба даст орад.

Аз бебарқӣ то содироти барқ

Дар тӯли солҳое, ки худи Тоҷикистон ба мушкили шадиди барқ рӯбарӯ буд, ба хотири аз даст надодани бозори хориҷии барқ хатҳои баландшиддатро то марзҳои кишвар бунёд кард. Ҳатто миқдори муайяне ба Афғонистон барқ содир мекард. Ин аст, ки Одинамаҳмад Чоршанбиев мегӯяд, ки Тоҷиистон аслан дар фасли баҳору тобистон интиқоли барқ ба Афғонистонро ба роҳ монд ва масалан, соли гузашта қариб 1 миллиарду 300 миллион киловат соат барқ ба ин ҳамсоякишвар содир намуд.

Ҳоло маълум нест, ки солҳои баъдӣ тақдири лимити барқ дар Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд. Аммо мардуми Тоҷикистон орзу доранд, ки моли таърих шавад ва ибораи “лимити барқ”-ро дар сӯҳбатҳо бо ишора ба замони гузашта ном баранд.

XS
SM
MD
LG