Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон созишномаро бо ширкати чинии "Хенан" бекор кард


Тоҷикистон созишнома бо ширкати чинии “Хенан Чжун-Я”, ки бояд корхонаи “Азот”-ро дар шаҳри Леваканди Хатлон ба кор медаровард, якҷониба бекор кард. Дар ин бора қарори ҳукумати Тоҷикистон зери рақами 434 содир шуд.

Мақомот мегӯянд, ин ширкати чинӣ ба ваъдааш вафо накард ва корхона дар муҳлати муайяншуда ба кор надаромад. Ҷониби Чин дар ин бора расман чизе нагуфтааст, вале қаблан намояндагони Пекин танқидҳо аз фаъолияти онҳоро дар корхонаи “Азот” “умумӣ” ва “бе далели хос” номида буданд.

Идимат Абдуллоев, як масъули ширкати "Азот", рӯзи 11-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мувофиқи созишнома чиниҳо дар ду марҳила корхонаи "Азот"-ро ба кор медароварданд. “Ду дафъа сарвазир омада, аз чиниҳо сабаби ба кор надаромадани корхонаро пурсид. Аммо онҳо натавонистанд маблағҳоро аз Чин ворид кунанд. Сабаби бекор кардани созишнома низ ҳамин аст," – гуфт Абдуллоев.

Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2016 бо ин ширкати Чин дар мавриди фаъол сохтани корхонаи тавлиди нуриҳои минералии "Азот" созишнома баста буд. Тибқи шартнома ширкати "Хенан Чжун-Я” бояд давоми 1,5 сол марҳилаи аввали корхонаро бо иқтидори тавлиди 120 ҳазор тонна нурии минералии аммиак ва 200 ҳазор тонна карбамид ба кор меандохт. Дар давоми се сол марҳилаи дувуми лоиҳа бояд анҷом меёфт ва тавлиди аммиак ба 300 ҳазор тонна ва карбамид ба 500 ҳазор тонна мерасид. ​Мувофиқи шартнома даромади софе, ки аз тавлиди нуриҳои минералӣ ба даст меомад, давоми 6 сол 70 дарсад ба ҷайби ширкати чинӣ ва 30 дарсад ба Тоҷикистон тақсим мешуд.

Ширкати чинии “Хенан Чжун-Я” замоне барои таҷдиди "Азот" омад, ки Узбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ намефурӯхт ва қарор буд ин ширкат бо насби таҷҳизот аз ангишт газ истеҳсол карда, корхонаро фаъол кунад. Аммо ҳоло чунин зарурате нест, чун бо хуб шудани муносиботи Тоҷикистону Узбекистон, интиқоли гази табиӣ аз ин кишвар дубора мумкин шуд.


Тоҷикистон аз Узбекистон гази табиӣ мегирад ва бекор хобидани корхонаи "Азот" танҳо ба фарсуда будани қубури газ аз Ёвон то Леваканд гиреҳ мехӯрад. Идимат Абдуллоев гуфт, масъалаи таъмири қубур ҳанӯз ҳал нашудааст, вале ба иттилои ӯ ин масъала айни замон дар баррасии ҳукумат қарор дорад.

Корхонаи азими "Азот" 11 сол боз фаъолият намекунад ва Тоҷикистон, ки аслан як пояи аслии иқтисодаш кишоварзист, нуриҳои минералиро бо нархи гароне аз хориҷа ворид мекунад. Бино ба ҳисобҳо, Тоҷикистон ҳар сол тақрибан ба маблағи 70 миллион доллар аз Узбекистону Русия аммиак ва карбамид мехарад.

Корхонаи "Азот" дар солҳои истиқлоли кишвар, дар маркази моҷароҳои мулкиву пулӣ ва ҳатто сиёсӣ қарор гирифт. Корхонае, ки соли 1967 дар шаҳри Леваканд (Сарбанд)-и вилояти Хатлон бо ҳадафи таъмини кишоварзони тоҷик бо нуриҳои минералӣ бунёд шуд, дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз кор монд.

Соли 2001 ин корхонаро олигархи украинӣ Дмитрий Фирташ ва ширкаташ Group DF бо 75 дар сади саҳмияҳояш аз худ кард. Фаъолияти баъдии ин корхона бо гази табиии Узбекистони ҳамсоя ҷон гирифт, вале бо қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон дар солҳои 2008-2009 дубора аз кор монд.

Исми корхона дар солҳои 2014 ва баъд ба матбуот на ба ҳайси корхонаи дучори мушкил, балки ҷузъе аз баҳсҳои додгоҳиву парвандаҳои ҷиноӣ, аз ҷумла дар робита бо соҳибкори зиндонӣ ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов роҳ ёфт.

Қаблан 75 дарсади саҳмияҳои корхонаи саноатии "Азот" ба миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ, 20 дарсад ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсад ба Хайрулло Саидов, писари соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов тааллуқ дошт. Аммо Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон соли 2014 ин созишномаро ғайриқонунӣ эълон карда, корхонаи азимро дубора ба ихтиёри давлат гузошт.

Пас аз давлатӣ шудан ҳукумат ин корхонаро бо чиниҳо қисмат кард. Аммо бо омадани чиниҳо низ корхона фаъол нашуд ва ҷониби Тоҷикистон созишномаро ҳамакнун якҷониба бекор кард.

Ин бори нахуст нест, ки Ҳукумати Тоҷикистон созишнома бо ширкатҳои хориҷиро якҷониба бекор мекунад. Соли 2005 ҳукумати Тоҷикистон созишнома бо ширкати "Русал"-и Русияро бекор кард, ки қарор буд сохтмони нерӯгоҳи Роғунро сармоягузорӣ кунад.

Ҷониби Тоҷикистонро пойфишории "Русал" ширкати Олег Дерипаска, сармоядори рус ва аз дӯстони Владимир Путин, бар сари пасттар кардани садди обанбори Роғун писанд наомад.

XS
SM
MD
LG