Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯз баъд аз таҳлукаи нархи сим-карт: Кӣ фоида бардошт? ВИДЕО


Яке аз серодамтарин нуқтаҳои фурӯши сим-карт марбут ба ширкати Тселл буд
Яке аз серодамтарин нуқтаҳои фурӯши сим-карт марбут ба ширкати Тселл буд

Ҳанӯз як рӯз пеш назди нуқтаҳои сим-картфурӯшии ширкатҳои мобилӣ серодам ва пурташвиш буд ва шумори мардуми интизори навбат то 500 нафар мерасид.

Онҳое, ки шоҳиди таҳлукаи ҳазорҳо сокинон шудаанд, тамоми ҳарфу тасмимҳо дар атрофи нархгузорӣ шудани симкортҳоро ҳамчун тасмими “беандешона”, “иштибоҳӣ” ва "барои ҷомеа носозгор” интиқод карданд.

Ин мардумро нигаронӣ ва андешаи якбора дар ҳаҷми 250 сомонӣ нархгузорӣ шудани сим-карти телефонҳои мобил ба ин ҷо оварда буд. Рӯзи 30 август бо як дастури президент тасмими нархгузорӣ шудани сим-карт то 1 январи соли нав ба таъхир гузошта шуд ва рӯзи 31 август кӯчаву хиёбонҳо ҳафтаҳои охир серодаму серташвиш якбора ба маҷрои маъмулӣ баргашт.

Ҳоло бархе мегӯянд, дар авҷи саргардониҳои мардум ва нигарониҳо аз якбора 50 баробар боло рафтани нархи симкортҳои 10-сомонӣ, ширкатҳои мобилӣ буданд, ки дар фурсати ду-се ҳафта даромади хубе ба даст оварданд. Ҳаҷми кортҳои дар ҳафтаҳои охир фурӯхташуда маълум нест, вале як ширкати мобилӣ ба нашрияи “Азия-Плюс” рӯзи 30 август гуфтааст, ки танҳо дар як ҳафта ин ширкат 15 ҳазор сим-картро дубора сабти ном кардааст.

Бозори сим-картфурӯшӣ тафсон шуд

Ба қавли як сокини Душанбе Меҳрубон Раззоқов, ширкатҳои “Мегафон-Тоҷикистон”, “Вавилон” ва дигарҳо арзиши симкортҳои 10-сомониро то 25-35 сомонӣ боло бурданд. То ба иҷро даромадани фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ оид ба 250 сомонӣ таъин шудани нарх ду рӯз монда буд, ки арзиши симкорт дар бархе нуқтаҳо ба 40 сомонӣ (тахминан 4,5 доллар) баробар шуд.

Онҳое, ки шоҳиди таҳлукаи ҳазорҳо сокинон шудаанд, тамоми ҳарфу тасмимҳо дар атрофи нархгузорӣ шудани симкортҳоро ҳамчун тасмими “беандешона”, “иштибоҳӣ” ва "барои ҷомеа носозгор” интиқод карданд.

Як рӯз баъди таҳлукаи нархи сим-карт: Кӣ фоида дид?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Субҳиддин Бадалзода, як сокини ноҳияи Рудакӣ мегӯяд: “Агар ин чиз ба фоидаи бехатарии давлат бошад, мо зид нестем, лекин ҳар чиз қоидаву қонун ва тарзи рафтор дорад. Мисол, агар ҳамсоя як соат пеш аз тӯй омада ба маърака даъват кунад, шумо саросема мешавед ва наметавонед ба ин маърака дуруст омода шавед. На рафта ва на як чиз тақдим карда наметавонед. Ин ҳам мисли ҳамин аст. Аз ин лиҳоз ҳар чиз ба худ муҳлат ва тартиб дорад”.

Сокини дигари Душанбе мегӯяд, тасмимҳои шитобзада ҳамеша ва дар ниҳояти амр бар зарар ва зиёни молии мардум тамом мешавад. Марат Ҷӯрабоев, як сокини шаҳри Душанбе гуфт, «амали мақомот беандешона буд» ва аз ин ҳолат “ширкатҳои мобилӣ ба манфиати худ истифода бурда тавонистанд”. Ӯ гуфт: “Тасмимро ба таъхир гузоштанд, ин хуб аст, ба он хотир, ки мардум зиён набинад”.

"То омадани табар кунда меосояд"

Айни замон, бисёр дигар сокинон изҳори умедворӣ мекунанд, ки дар ниҳояти амр мақомот ҳам аз фикри ба андозаи хеле гарон ва ҳам аслан аз фикри нархгузорӣ кардани сим-картҳое, ки дар тамоми ҷаҳон бепул фурӯхта мешаванд, даст мекашанд.

Тасмими боло бурдани қимати симкортҳоро то арзиши 250 сомонӣ (муодили 26 доллар) дар як ҷаласаи пӯшидаи мақомоти интизомӣ (ВКД, КДАМ ва дигарҳо) ва Хадамоти алоқаву ширкатҳои мобилӣ қабул карданд. Ин тасмим 8 август гирифта шуд ва рӯзи 23 август Хадамоти зиддиинҳисорӣ ин тасмимро тасдиқ ва дуруст арзёбӣ кард. Дар тасмими охир гуфта шуд, ки нархи симкорт аз 1 сентябр 250 сомонӣ муқаррар мешавад ва гуфт, ки ин нархномаро ширкатҳои мобилӣ тарафдорӣ кардаанд.

Мақомот дар шарҳи худ гуфтанд, ки тасмим бо андешаҳои амниятӣ гирифта шудааст, то ки сим-картҳо ба дасти афроди ҷиноятпешаву террорист наафтад. Вале ин хабар боиси эҷоди таҳлукаву норизоияти мардум шуд. Бисёр сокинон пушти дари ширкатҳои мобилӣ шитофтанд, ки барои худ сим-карт бигиранд. Бисёриҳо фикри фарзандони муҳоҷири худро карданд, ки базудӣ ба ватан баргашта бояд соҳиби рақами телефон шаванд. Дар ниҳоят, дар ҷаласаи рӯзи 30 августи ҳукуматӣ президент иҷрои ин амрро то 1 январи соли оянда ба таъхир гузошт.

XS
SM
MD
LG