Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷоти як духтари донишҷӯ аз дарёи Сир баъди қасди худкушӣ


Дар ин рӯдхона чандин нафар худро ба об андохта ва худкушӣ кардаанд.
Дар ин рӯдхона чандин нафар худро ба об андохта ва худкушӣ кардаанд.

Дар шаҳри Хуҷанд ҷавонони раҳгузар ва наҷотбахшон духтареро, ки бо қасди худкушӣ худро ба дарёи Сир андохтааст, аз марг наҷот доданд.

Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, ​Очабибӣ Файзуллоеваи 19-сола аст, ки субҳи рӯзи панҷшанбеи 4-уми апрел зоҳиран худро аз болои пули “Ҷашнвора” дар Хуҷанд ба рӯди Сир андохт, вале чанд ҷавони раҳгузар тавонистанд, ӯро аз об берун оварда, аз марг наҷот диҳанд.

Духтарак беҳуш буд. Ёрии аввалия расонида ба ҳуш овардем. Баъд “Ёрии таъҷилӣ”-и даъваткардаамон расида омад ва духтарро табибону милисаҳо ба беморхона бурданд

Ҷузъиёти ҳодиса, аз ҷумла сабабҳои даст ба худкушӣ задани духтари ҷавон маълум нест. Танҳо гуфта мешавад, ки ин сокини Аштро баъди берун оварда шуданаш аз рӯдхона ба шифохона бурдаанд.

Дар чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон аз шуҷоати ҷавонҳое, ситоиш мекунанд, ки духтарро наҷот додаанд. Дар видеоҳое, ки ба Интернет роҳ ёфтаанд, дида мешавад, ки ду ҷавон паси ҳам ба ёрии духтаре, ки зоҳиран аз ҳуш рафтаву дар об меравад, мешитобанд ва ӯро берун мебароранд. Дар навори дигар, дида мешавад, ки наҷотдбахшон ба духтарак ёрии аввалияи тиббӣ мерасонанд ва ба ҳуш меоранд.

Исми наҷотбахшони Очабибӣ Файзуллоева ҳам нашр намешавад.

"Занг зада гуфтанд, ки духтарак худро ба об партофт"

Як қароргоҳи наҷотбахшон дар шаҳри Хуҷанд дар маркази шаҳр дар соҳили рӯди Сир ҷойгир аст. ​Акмал Сангинов, корманди ситоди ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, вақте ба идораи онҳо занг зада гуфтанд, ки духтаре худро ба об партофтааст, онҳо ба ҷойи ҳодиса шитофтанд. Акмал Сангинов, наҷотдиҳандаи ситоди ҳолатҳои фавқулодда гуфт:

“Рӯзи панҷшанбе, соати 8 субҳ буд. Ба мо хабар доданд, ки як духтарак худро аз пул ба дарё партофт. Ҳамроҳи наҷотдиҳандагони дигар рафтем. Сокинон духтаракро аз дарё берун мебароварданд, ба онҳо ёрӣ додем. Духтарак беҳуш буд. Ёрии аввалия расонида ба ҳуш овардем. Баъд “Ёрии таъҷилӣ” расида омад ва духтарро табибону милисаҳо ба беморхона бурданд.”

Акмал Сангинов гуфт, ки рӯзи 4 апрел сатҳи оби Сирдарё хеле баланд буд, вале бо ин вуҷуд духтаракро аз об зинда берун оварда тавонистанд
Акмал Сангинов гуфт, ки рӯзи 4 апрел сатҳи оби Сирдарё хеле баланд буд, вале бо ин вуҷуд духтаракро аз об зинда берун оварда тавонистанд

Як шоҳиди ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Очабибӣ Файзуллоева дар яке аз донишгоҳҳои Хуҷанд таҳсил мекунад. Раёсати умури дохилӣ аз додани маълумоти бештар дар бораи ӯ ва қасди худкушӣ худдорӣ меварзад.

Беш аз 440 ҳодисаи худкушӣ дар соли 2018

Мақомоти интизомӣ дар вилояти Суғд дар гузашта гуфтаанд, ки хабарҳо дар бораи қасди худкушии сокинонро нашр намекунанд, чунки ба назари онҳо, нашру пахши ин гуна хабарҳо дар расонаҳо ба зиёд шудани чунин ҳодисаҳо сабаб мешавад.

Иддаое, ки коршинсону таҳлилгарон қабул надоранд ва мегӯянд, худкушиву суиқасд ба ҷони худ кардани сокинон аз сабабу заминаҳое, мисли бемориҳои равонӣ ва афсурдаҳолии шадид, мушкилоти сахти иҷтимоӣ, хушунати хонаводагӣ, бекорӣ ва қарздориву мисли ин мушкилот сар мезанад ва ба хотири роҳ надодан ба чунин ҳодисаҳо, баръакс бояд ҷомеа огоҳонида шавад.

Кор то ҷое расидааст, ки дар ҳодисаҳои чанд соли охир бархе занон зери бори таҳқиру хушунати хонаводагӣ ҳамроҳ бо фарзандони ноболиғашон худро ба дарё меафкананд.

Ин дар ҳолест, ки қонунҳои Тоҷикистон дар сурати собит шудани ин ки шахс зери фишори шахси дигар қасди ҷони худ кардааст, озордиҳандаро бар асоси моддаи " то худкушӣ расонидан" ба ҷавобгарӣ мекашад.

Танҳо дар нӯҳ моҳи соли 2018 ба иттилои расмӣ, беш аз 440 нафар дар Тоҷикистон даст ба худкушӣ задаанд, ки беш аз дусад нафар зан ва 40 нафар духтарони ноболиғ будаанд. Манобеи расмӣ мегӯянд, аксари ин афрод ба сабаби мушкилоти хонаводагӣ, бемории равонӣ ва сахтиҳои зиндагӣ ба зиндагӣ хотима додаанд.

Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, гуфтааст, дар соли гузашта дар вилоят 244 нафар, аз ҷумла 138 мард ва 106 зан даст ба худкушӣ задаанд, ки назар ба соли 2017 - 43 ҳолат бештар аст.

Ҷомеашиносоне, ки худкушӣ дар миёни занонро таҳқиқ мекунанд, мегӯянд, аксаран афсурдагӣ сабаби қасди ҷони худ кардани занону духтарон аст. Дар ҳолати дучор шудан ба мушкил бисёриҳо намедонанд, ки чӣ кор кунанд, аз чӣ касе кӯмак ва машварат бигиранд.

Райҳона Ҳақбердиева, ҷомеашиноси тоҷик аз вилояти Хатлон дар як сӯҳбати қаблиаш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки шахси дучори мушкил дар ҳолати бади равонӣ бояд ба равоншиносону созмонҳои бӯҳронӣ муроҷиат кунад, ки “баъди сӯҳбатҳо оромиш пайдо кунанд ва аз фикри бад даст кашанд”.

XS
SM
MD
LG