Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуҷалил ҷонашро дар хатар гузошт ва илмро наҷот дод. ВИДЕО


Абдуҷалил солҳост, ки ба офаридани навъҳои нави пахта машғул аст.
Абдуҷалил солҳост, ки ба офаридани навъҳои нави пахта машғул аст.

Тобистон ва тирамоҳи соли 1992 шаҳри Қӯрғонтеппа маркази ҷанги шаҳрвандӣ буд. Сокинонро дар он рӯзҳо ҳар лаҳза марг таҳдид мекард. Ҳама дар фикри наҷоти ҷони худу наздиконашон буданд. Абдуҷалил Сангинов ҳам яке аз онҳо буд. Ӯ бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо мегӯяд, ки "бовар намекардем, ки ҷанг мешавад. Гурезогурез оғоз шуд, мо низ гурехтем. Ҷойи гурези мо аз як паноҳгоҳ ба паноҳгоҳи дигар буд."

Мардуми Қӯрғонтеппа аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон буданд. Онро метавон шаҳри муҳоҷирон номид. Абдуҷалил зодаи кӯҳистони Айнӣ аст ва баъди хатми Донишгоҳи аграрӣ, ба Қӯрғонтеппа роҳхати кор гирифт. Ӯ мутахассиси соҳаи зироатпарварист ва онҳо тухмии навъҳои гуногуни пахтаро дар марказҳои омӯзишии Пажӯҳишгоҳи зироатпарварӣ барои кишти минбаъда дар вилояти Хатлон меофариданд.

Соли 1992 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷанг сар шуд ва агар ҳама фақат дар фикри ҷони худ буданд, Абдуҷалил, ки он вақт 50 сол дошт, ҷуз наҷоти худу хешу табор, боз ташвиши дигаре низ дошт, ки он наҷоти тухмиҳои пахта буд.

25 халтачаи пахтаро, ки аз ҳамон солҳо буд, ҷамъоварӣ кардам. Наметавонистам, ки пахтаҳоро ҷамъ накунам, чун аз миён мерафтанд.

​Барои Абдуҷалил пажӯҳиш ва имкони татбиқи амалии андешаҳои илмӣ ба беҳтарин ваҷҳ дар Хатлон фароҳам буд. Ӯ меомӯхт, рӯзҳову шабҳои худро дар майдонҳои кишт ва коргоҳи пажӯҳишӣ мегузаронд ва ба мисли садҳо олимони ҳамсини худ, ба дурнамои кори худ хушбин буд. Чанд навъи нави тухмии пахтаро офарида буд.

Соли 1992 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷанг сар шуд. Агар ҳама фақат дар фикри ҷони худ буданд, Абдуҷалил, ки он вақт 50 сол дошт, ҷуз наҷоти худу хешу табор, боз ташвиши дигаре низ дошт.

Тир меборид, вале тухмиҳоро мегирифтам

Ӯ мегӯяд, ки "навъҳои пахта, ки мо доштем, ҳамааш кишт карда шуда буд, ҷойи нигоҳдории тухмии навъи пахтаро, ки мо онро "ҷингавз" мегуфтем, оташ заданд. Дуди ҳамин ҷойи нигоҳдории пахтаро дидам, ки месӯзад, пойи луч аз хонае, ки паноҳ мебурдам, худамро ба байни замин задам, ба заҳбур ва пинҳонӣ, чун оппозитсия онҷо буд. Дар ҷӯйборҳо, ки пахтаи коллексионӣ барои таҷриба буд, ҳифз кардам."

Ҷанги дохилӣ ва достони Абдулҷалили зироатпарвар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:16 0:00

Ҷамъоварӣ ва "наҷот"-и тухмии пахта барои Абдуҷалил Сангинов осон набуд, чунки болои сараш тир мерехт. Ӯ мегӯяд, ки халтаҳои пахтаро дар пойҳояш баста, дар миёни замин бо шикам гашта, тухмиро ҷамъоварӣ мекард: "25 халтачаи пахтаро, ки аз ҳамон солҳо буд, ҷамъоварӣ кардам. Наметавонистам, ки пахтаҳоро ҷамъ накунам, чун аз миён мерафтанд. Ҳолатҳое буд, ки ба ман хатари марг таҳдид мекард."

Барои ман муҳим пирӯзии маърифат бар хунрезӣ буд

Абдуҷалил Сангинов бо гурӯҳе аз нерӯҳои ҷанганда ҳамақида набуд. Ӯ мисли ҳазорҳо зиёиёни тоҷик мехост, маърифат бар хушунат пирӯз шавад.

Ӯ мегӯяд, "аз хона баромадам, бо фарзандонам, дар як хона, ҳама якҷо пинҳон будем, вақте, ки мехостам тухмии пахтаро ҳифз кунам, тирҳое, ки мепаронданд, ба болои сарам мерехт, як маротиба ду тир кулоҳамро сӯрох кард. Як вақт дар дохили замин ба шикам хоб карда, пахта ҷамъоварӣ мекардам, ки танка ба болоям гузашт, нагурехтам, дидам манро мекушанд, худамро дар миёни ду чархаш гирифтам, ки зинда мондам."

Ҷанг тамом шуд, илм монд

Дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон як гурӯҳ парчами сафед дошт ва дигар сурх. Бо ин рангҳо тарафдорони худро мешинохтанд. Абдуҷалил Сангинов мегӯяд, ки он замон халтачаҳои ҷамъоварии пахтааш натанҳо аз порчаҳои сафед, балки бо рангҳои мухталиф буданд.

Танка ба болоям гузашт, нагурехтам, дидам манро мекушанд, худамро дар миёни ду чархаш гирифтам, ки зинда мондам.

Абдуҷалил мегӯяд, дороиҳое, ки бо пули пажӯҳишгариаш ҷамъ карда буд, дар овони ҷанг аз даст дод. Аммо ба назараш, ӯ беҳтарин ганҷинаро аз оташи ҷанг тавонист наҷот диҳад ва аз ин кораш ифтихор мекунад.

Институти зироатпарварӣ дар Қӯрғонтеппа 20 гектар замин барои таҳқиқот ва офаридани тухмиҳои нав дорад, ки дар он Абдуҷалил Сангинов ба ҳайси пажӯҳишгар кор мекунад. То ҳол 28 навъ тухмии пахтаро, ки ӯ офаридааст, баъзе аз онҳо кишт мешаванд, аз ҳамон тухмиҳое, ки зери тиру туфанг ҳифз кард.

XS
SM
MD
LG