Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафт... ва баъд аз 16 сол аз худ хабар дод


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Як муҳоҷири кории тоҷик аз вилояти Суғд баъд аз 16 соли гумномӣ дар Русия, ба пайвандонаш дарак додааст, ки вай зинда аст.

Содиқҷон Мирзоқулов, сокини 53-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба пайвандонаш аз шаҳри Тюмени Русия хабар додааст, ки вай зинда аст, аммо аз он, ки бемори барҷомондаву дар хонаи пиронсолон аст, намехоҳад ба ватан назди ҳамсару фарзандонаш баргардад.

Гулбаҳор Имомназарова, хоҳари Содиқҷон Мирзоқулов рӯзи 16-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бародари вай соли 1999 барои мардикорӣ ба минтақаи Ханти-Мансии шимоли Русия рафт ва дигар аз худ дарак надод. Вай афзуд: “Вай мегӯяд, ки бемору барҷомонда ба ватан баргаштан намехоҳад. Мегӯяд, ки аз назди модарам сиҳату саломат Русия рафта будаму ба чӣ ҳол афтодам. Агар баргардам, модари пирам маро дида, аҳволаш чӣ мешавад?”

Содиқҷон Мирзоқулов гуфтааст, ки пояшро дар Ханти-Мансии Русия сармо зада, бемору барҷомонда шуд ва ҳамватанони савобталаб вайро ба Тюмен оварда, дар хонаи пиронсолон ҷо карданд. Гулбаҳор Имомназарова мегӯяд, пайвандон барои ба ватан овардани бародараш аз Русия, талош доранд: “Ман нияти ба Русия рафтан дорам, Содиқҷонро мебинам, агар пулу имкон ёбам, вайро ба ватан меоварам.”

Дар ҳоле, ки ин зани суғдӣ аз бародари гумшудаи худ пас аз солҳо ҷустуҷӯ иттилоъ пайдо кард ва ба гуфтаи худаш, “қалбаш таскин ёфтааст”, даҳҳо сокинони дигари Суғд, ки пайвандонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ гумном шудаанд, ҳанӯз чашм ба роҳи онҳоанд.

Нозирҷон Аҳмадов, сокини дигари ноҳияи Ғафуров аст, ки писари 25- солааш Камолиддин Аҳмадов, моҳи августи соли гузашта дар Маскав нопадид шудааст. Нозирҷон Аҳмадов рӯзи 16-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз аз тақдири писараш хабаре надорад: “Ду писари дигарам ҳам дар Маскав ҳастанд. Ман ҳар рӯз ба онҳо занг мезанам, аммо аз Камолиддин ягон хабаре нест.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, писараш дар Маскав ҳамроҳи бародаронаш мардикорӣ мекард. Вай соли гузашта ҳамсар ва як кӯдаки ширхорашро низ бо худ ба Русия бурда буд. Вай як бегоҳ аз кор баргашта ва мошинашро назди хони иҷорааш мондааст ва ғайб задааст. Баъди гум шудани Камолиддин, бародаронаш зану кӯдаки ӯро ба ватан фиристодаанд.

Камолиддин Аҳмадов.
Камолиддин Аҳмадов.

Нозирҷон Аҳмадов мегӯяд, аз гум шудани писараш дар шаҳри Маскав мақомоти пулисро огоҳ кардаааст. Мақомоти Русия низ Камолиддин Аҳмадовро ба рӯйхати афроди бедаракшуда дар ин кишвар ворид кардаанд. Вай мегӯяд, ки сарнавишти норӯшани Камолиддин, аҳли хонаводаашро дар нигаронӣ ва изтироб нигаҳ медорад.

Ҳамасола дар Русия аз дасти гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва нажодпарастони рус даҳҳо шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик кушта мешаванд. Ҷасадҳои бархе дарёфт ва шиносоӣ нашуда, он афрод ба ҳайси гумшуда солҳо таҳти ҷустуҷӯи пулис ва наздиконашон боқӣ мемонанд.

Ҳамчунин дар бархе маворид шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ ва қочоқбарҳо меафтанд ва наметавонанд муддатҳо аз худ дарак диҳанд. Ба гуфтаи мақомоти Суғд, даҳҳо тан аз сокинони ин вилоят, ки дар ҷанги Сурия иштирок доранд, аз Русия ба ин кишвар рафта, бархе аз онҳо ҳатто аҳли оила ва шахсони наздики худро хабардор накардаанд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳанӯз 3 сол қабл дар натиҷаи пурсиши хона ба хона маълум карда буданд, ки 560 сокини вилояти Суғд дар ҷустуҷӯи кор ба Русия рафта ва беному нишон шудаанд.

Соли гузашта ҳудуди 25 хонавода аз Созмони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Хуҷанд барои ёфтани пайвандони дар муҳоҷирати кории Русия гумшудаи худ ёрӣ хостанд. Раънохон Камолова, танзимгари барномаи ҷустуҷӯ дар ин созмон мегӯяд, ҳамасола тавассути пулис ва дигар ниҳодҳо, аз 3-4 нафар муҳоҷирони гумшуда дарак меёбанд.

XS
SM
MD
LG