Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кӯдаки чаҳорсолааш дод мегуфт, ки маро набар". ВИДЕО


"Ака маро гузор, ту дарди маро намефаҳмӣ"
"Ака маро гузор, ту дарди маро намефаҳмӣ"

Раёсати умури дохилии Душанбе як сокини пойтахтро барои наҷот додани зане бо ду фарзандаш аз худкушӣ қадрдонӣ кардааст. Ин зани 31-сола мехостааст худ ва ду фарзанди хурдсолашро ба дарё афканда ғарқ намояд. Дилшод Ҳайтов, наҷотдиҳандаи зану кӯдакон мегӯяд, нидоҳои “намеравам оча”- духтари хурдсоли ин зан, ки намехост бо модараш ба сӯи марг биравад то ҳол дар гӯшҳояш садо медиҳанд.

"Ака маро гузор, ту дарди маро намефаҳмӣ"

Ҳодисаи талошии худкушии зан бо ду фарзандаш нимарӯзи 30-юми апрел дар маҳаллаи Ҳаёти нав дар рӯ ба рӯи маркази савдои “Ёвар” рух додааст. Дилшод Ҳайтов мегӯяд, дар ин соат ӯ дар ҷойи кораш дар истгоҳи роҳи оҳан машғули вазифааш буд, ки нохост дид, ки зане ду кӯдакашро ба даруни дарё кашола мекунад.

Дилшод нахуст гумон кардааст, ки ин зан шояд мехоҳад фарзандонаш ба лаби дарё барад, ба ҳамин хотир мегӯяд ба онҳо нахуст диққат надод. Аммо ин гумони Дилшод хато баромад ва ӯ мушоҳида кардааст, ки зан як тифл дар бағал ва дигариро ба дохили дарё мекашад.

"Аз ҷойи корам дод мезадам ва ҳатто бо ҳуштак ҳам садо кардам, аммо он зан посух намедод. Маҷбур шуда, аз он тарафи пул давида омадам ва онҳоро аз об берун кардам. Кӯдаки хурдиаш намедонист, ки чӣ мегузарад, аммо калониаш, ки тахминан чорсола буд, дод мезад ва бо модараш ба дарё ворид шудан намехост. Модараш ӯро зада бо зӯрӣ кашола карда, мехост ба ҷойи тезоб расонад."

"Кӯдаки чаҳорсолааш дод мегуфт, ки маро набар"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00

Дилшод Ҳайтов мегӯяд, вақте аз зан талаб мекард, ки баргардад ӯ намехост. Ин зан ба Дилшод гуфтааст, "намебароям, ака ту ҳолати маро намефаҳмӣ, маро ба ҳолам гузор. Ман худамро дар об ғарқ мекунам."

Ба қавли ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, то вақте, ки ин занро берун овард, аллакай одамон ҷамъ шуда буданд. Дилшод афзуд, занро бо кӯдаконаш назди одамон гузошта, аз онҳо хоҳиш кард, ки ба милиса занг зананд. Чун ба қавли Дилшод телефони худаш дар вақти ба дарё даромадан хароб шуд ва ҳамчунин маҷбур буд ба сари истгоҳи поезд баргардад.

"Дар рӯи зан хуни хушкшуда буд"

Ҳодисаи қасди худкушии зан бо ду кӯдакаш дар пойтахт баҳси худкуширо дубора доғ кард. Мутахассисон бо ишора ба зиёд будани занону духтарон дар миёни шахсони қасд ба ҷони худ карда мегӯяд, ин масъала боз ҳам хушунати хонаводагӣ гиреҳ мехӯрад.

Дилшод Ҳайитов.
Дилшод Ҳайитов.

Дилшод Ҳайтов, ҷавоне, ки ин модарро бо кӯдаконаш аз ғарқшавӣ наҷот дод, мегӯяд, ҳолати равонии зан дар вақти аз об баровардан хеле вазнин буд. Бахусус Дилшод гуфт, дар як тарафи рӯйи ин зан хуни хушкшуда буд. Дигар аз шоҳидоне, ки дар ҷойи ҳодиса қарор доштааст, мегӯянд, дар либосҳои ин зан низ изи хун дида мешуд.

Дилшод худ корманди идораи роҳи оҳан аст ва мегӯяд, то ҳол дар бораи шахсони наҷотдодааш иттилои зиёд надорад ва дақиқ намедонад, ки чаро ӯ даст ба ин кор зад. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, зиёд мехоҳад аз аҳволи ин се нафар бахусус аз аҳволи кӯдакон хабар гирад. Дилшод мехоҳад туҳфаи гирифтааш ба хотири наҷоти занону кӯдаконро ба худи онҳо биспорад.

"То ҳол ба наздикони ин зан вонахӯрдаам. Аммо агар онҳоро бубинам, мегӯям, ки мушкилоти хонаводаашонро на бо зӯрӣ, балки бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ҳал кунанд. Агар мушкиле аст, онро бо хубӣ ба занҳо фаҳмонанд, азобашон надиҳанд ки зан маҷбур нашавад даст ба худкушӣ занад."

"Чанд бор гуфтем, ки арақ нанӯш"

Мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе то ҳол исми зани қасди худкуши дошта ва ҳамчунин омилҳои даст ба ин кор задани ӯро шарҳ надодаанд. Як мақом дар Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин зан зери назорат қарор дошта, қазияааш мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Аммо таҳқиқи Радиои Озодӣ маълум кард, ки ин зан сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буда, дар минтақаи маъруф ба “Автовокзал” зиндагӣ мекунад. Ҳамсари ин зан ба мошиншӯӣ машғул будааст.

Ҳамкорони шавҳари ин зан аз ӯ Имом ном бурданд ва гуфтанд, ӯ зиёд машрубот менӯшад. Яке аз ин ҳамкорони Имом, бидуни зикри номаш ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, аз болои ӯ чандин маротиба модар ва ҳам ҳамсараш бо шикоят ба ҷойи кораш, нуқтаи мошиншӯӣ омаданд.

"Ин мард рӯзона кор мекунад, аммо бегоҳ маблағи ба дастовардаашро меравад ва машрубот менӯшад. Чандин маротиба ба Имом фаҳмондем, ки ду фарзанд дорӣ, аз нӯшидани машрубот даст каш ва ба тарбияи фарзандонат машғул шав. Аммо ӯ боз корашро мекунад",-афзуд ҳамсӯҳбати мо. Ҳамкорони шавҳари ин зан мегӯянд, баъди ин ҳодиса ҳам Имом тағйир накард ва гуфтааст, ки "ҳамааш сад аст."

"Ман аз ҳисоби худам менӯшам"

Аммо Имом, шавҳари ин зан, ки қасди ҷони худ кард, гунаҳкор буданаш дар ин ҳодисаро рад мекунад. Ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан ҳамсар ва кӯдаконаш дар хонаи ӯ набуда, балки дар манзили хусураш мебошанд. Имом дар шарҳи воқеаи ба сари зану фарзандонаш омада гуфт, то ҷое фаҳмидааст, дар рӯзи ҳодиса ҳамсари ӯ бо модараш ҷанҷол кардаанд.

"Ман он рӯз дар хона набудам, балки дар ҷойи кор будам. Вақте дар ҷои кор будам, бо модарам ҷанҷол кардааст. Дар дари прокуратура дидамаш, сару рӯяш кандагӣ, рафта экспретиза кардааст. Гуфтам, чӣ коре мекунӣ, кардан бигир",-гуфт ҳамсари ин зан.

Имом, ки ҳатто аз бурдани насабаш худдорӣ кард иттиҳоми шаробнӯшиашро рад накард ва гуфт, "аз пули худам мехӯрам". Имом, ки худро 32-сола муаррифӣ кард, афзуд, ба қадри тавонаш фарзандонашро нигоҳубин мекунад.

Худкушӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон

Масъалаи худкуширо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, дар ҳолатҳои зиёд хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад.

Зани 31-солаи сокини Душанбе ягона нафаре нест, ки талош кардааст, ҳамроҳ бо фарзандонаш худро аз ҳаёт маҳрум кунад. Дар солҳои ахир чандин ҳодисаҳое расонаӣ шуданд, ки занон ҳамроҳ бо фарзандон қасд ба ҷони худ карданд. Аммо на ҳамаи ин воқеаҳо бо наҷоти ашхоси қасд ба ҷони худ карда анҷом ёфт.

Аз ҷумла соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродова, ҷавонзани 25-солаи сокини Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Пеш аз ин як модари ҷавон дар ноҳияи Вахш ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, боиси ҳалокати се кӯдакаш шуд.

XS
SM
MD
LG