Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат таҳқиқи одилонаи қазияи Сулаймонро талаб кард


Сулаймон Саидов
Сулаймон Саидов

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо ирсоли ёддошт аз Вазорати корҳои хориҷии Русия хостааст, ки қазияи тирпаронӣ ба сӯи муҳоҷири тоҷик Сулаймон Саидов мунсифона баррасӣ шавад.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи қазияи тирпаронӣ ба сӯи муҳоҷири 38-солаи тоҷик Сулаймон Саидовро талаб кардааст. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорат, рӯзи 11 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки онҳо дар ин замина ба Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошти расмӣ низ фиристодаанд.

"Мо тамоми талоши худро ба харҷ хоҳем дод, то ин қазия мунсифона таҳқиқ шавад," – афзуд ӯ.

Шоми 8 апрели соли ҷорӣ Сергей Тсарев, марди 58-солаи рус дар истгоҳи Калужскаяи шаҳри Маскав Сулаймон Саидов, сокини ноҳияи Восеъ, ҳамла карда, ба сару бадани ӯ тир холӣ кардааст. Сулаймон баъд аз ин ҳодиса ба бахши эҳёгарии Бемористони клиникии рақами 1-и Маскав интиқол ёфта, айни ҳол дар бахши умумии ин бемористон бистарист. Вазъи ӯ мӯътадил гуфта мешавад.

НАҚЛИ ҲОДИСА АЗ ЗАБОНИ СУЛАЙМОН

Худи ӯ рӯзи 9 апрел дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ, ки ба аёдаташ рафта буд, ин қазияро шарҳ дода ва гуфт, ҳодиса он тавре нест, ки расонаҳои Русия бозтоб додаанд. Бештари расонаҳои русӣ навиштанд, ки гӯё Сулаймон Саидов ва Сергей Тсарев аввал вориди моҷаро шуда, сипас дувумӣ барои ҳифзи ҷонаш аз туфангча истифода кардааст.

Аммо Сулаймон Саидов мегӯяд, фарди ҳамлакунанда маст буд ва ба маҳзи ворид шудан ба вагон, бо ҷияни ӯ Муҳаммадҷон Ҳакимов вориди моҷаро шуда, ба онҳо таҳдид кардааст, ки “баъд аз се дақиқа ба ҳалокат мерасед”. “Дар ҳамин ҳолат туфангчаро бароварда ва ба сару пешонии ман тир холӣ кард,” нақл кард Сулаймон.

Ӯ гуфт, ин мард мехост бо тири дигар Муҳаммадҷон Ҳакимовро низ ҳадаф қарор бидиҳад, ки ӯ пинҳон шудааст. Ва дар ин ҳолат миёни Сулаймон ва ин мард занозанӣ сурат гирифта ва марди ҳамлавар ба шиками Сулаймон як тири дигар холӣ кардааст.

Вазъи саломатии Сулаймон Саидов муътадил аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:13 0:00

БОЗПУРСИИ ДУ ШОҲИД

Пулис то ба ҳол аз шоҳиди ҳодиса Муҳаммадҷон Ҳакимов ва як зани дигар дар робита ба ин ҳодиса, суолу ҷавоб кардааст. Бо қарори додгоҳи ноҳияи Черёмушкии Маскав омили ин ҳодиса ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифта шуда ва нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи Дилшоди Абдураҳмон, писарамаки Сулаймон, як зани рус ва Муҳаммадҷон Ҳакимов ҳини рӯбарӯкунӣ марди ҳамлакунанда Сергей Тсаревро шинохтаанд.

Ба гуфтаи Дилшоди Абдураҳмон, пулиси рус талош мекунад, ки ин рухдодро як ҳодисаи одӣ нишон бидиҳад ва чунин вонамуд кунад, ки гӯё забони русиро надонистани Муҳаммадҷон, сабаби ин моҷаро шудааст. Аммо вай мегӯяд, воқеият чунин нест ва онҳо талош доранд вакили дифоъ гирифта ва ин қазияро пайгирӣ намоянд ва собит созанд, ки ин маҳсули таблиғоти дурӯгин ва миллатгароёнаи васоили ахбори оммаи Русия аст.

ТУФАНГЧАИ "ОСА"

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, Сергей Тсареви 60-сола, ки аз туфангчаи травматикии "Оса" ба сӯи ин муҳоҷири тоҷик тир холӣ кардааст, дар метрои Калужская боздошт шудааст. Ба гуфтаи пулиси Маскав, Тсарев ҳангоми фирор аз дасташ туфангчаи "Оса"-ро афтондааст ва тавассути хамин туфангча кормандони пулис ба зудӣ ӯро пайдо кардаанд.

Cафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки раванди тафтиши парвандаи ҳамла ба Сулаймон Саидов дар метрои шаҳри Маскавро зери назорат дорад.

XS
SM
MD
LG