Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кош, нороҳатии сайёҳони хориҷӣ бо ин амали ман ҷуброн мешуд" ВИДЕО


Як ҷавоне, ки мегӯяд баъд аз ҳодисаи ҳамла ва кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар Данғара нороҳату хиҷолатзада буд, шаби гузашта тавонист бо як кори хайри худ эҳсоси роҳат кунад.

"Хостам нишон диҳам, ки тоҷикон ҳамеша меҳмоннавоз ҳастанд"

Муҳаммад Изатуллоеви 23-сола, ки ронандаи таксӣ дар маркази пойтахт аст, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вақте ҳамён ва ҳуҷҷатҳои фаромӯшкардаи як сайёҳи амрикоиро аз дохили мошинаш пайдо ва ба ӯ баргардонанд, худро то андозае роҳат ҳис кард. Ӯ гуфт, хост бо ин кораш нишон диҳад, ки тоҷикон ҳамеша меҳмоннавоз боқӣ мондаанд.

Муҳаммад мегӯяд, "ростӣ, ҳеҷ гоҳ бовар надоштам, метавонам барои як шаҳрванди амрикоӣ, ки барои меҳмонӣ ба Тоҷикистон омадааст, кӯмак карда метавонам."

"Кош, нороҳатии сайёҳони хориҷӣ бо ин амали ман ҷуброн мешуд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Муҳаммад мегӯяд, рӯзи 8-уми август шаҳрванди Амрико Матю Пушелро, ки ҳамроҳи ҳамсар ва кӯдаки хурдсолаш барои саёҳат ба Тоҷикистон омада буд, бо мошинаш ба ҷойи дилхоҳи онҳо бурд. Аммо сайёҳони хориҷӣ тамоми ҳуҷҷатҳояшон дар дохили мошин фаромӯш кардаанд.

"Вақте хостам ба хона равам, дидам, ки дар даруни мошин чанд ҳуҷҷат, ҳамён дар дохилаш пул дошт. Ба модарам ҳодисаро гуфтам, модарам ба ман гуфтанд, бояд ба ҷое, ки мусофиронро фаровардам, рафта, онҳоро пайдо кунам ва ҳуҷҷатҳоро ба онҳо баргардонам. Аммо ман дар ҷое, ки онҳо фаромада буданд, касеро пайдо накардам. Баъдан ба шаҳри бехатар рафтам",- афзуд ӯ.

Муҳаммад Иззатуллоев
Муҳаммад Иззатуллоев

Ашки шодии сайёҳони амрикоӣ

Ин ҷавон мегӯяд, аллакай дар ин муддат сайёҳ ба вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат карда, барои пайдо кардани ҳуҷатҳояш кӯмак хостааст. Муҳаммад мегӯяд, тамоми ҳуҷҷат ва ҳамёнро ба сайёҳи Амрико Матю Пушел супорид ва ӯро сайёҳи амрикоӣ бо изҳори минатдорӣ сахт ба оғӯш кашид. Эҳсосе, ки ба гуфтаи Муҳаммад, ашкро ҳам аз чашмони сайёҳ ва ҳам аз чашмони ӯ беихтиёр ҷорӣ кард.

Муҳаммад мегӯяд, Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси энергетик хатм карда, аммо таксиронӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, "ростӣ, ҳеҷ гоҳ бовар надоштам, метавонам барои як шаҳрванди амрикоӣ, ки барои меҳмонӣ ба Тоҷикистон омадааст, кӯмак карда метавонам. Дар ин шабу рӯзе, ки ин ҳодиса рух дод ва ҳамаро нороҳат кард. Шояд ин ҳам як сабабе дошт".

Дучархасаворони хориҷӣ дар кӯчаҳои Душанбе сайр мекунанд. 9 август
Дучархасаворони хориҷӣ дар кӯчаҳои Душанбе сайр мекунанд. 9 август

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам бо нашри ин хабар ва аз қавли Матю Пушел навишт, ки ин сайёҳи амрикоӣ бори дуюм барои саёҳат ба Тоҷикистон омадаст ва аз сайругашт дар ин кишвар таассуроти хубе дорад.

Матю Пушел дар сӯҳбат бо пулис ва онҳое, ки барояш кӯмак кардаанд, гуфтааст, "ин хатогии худам буд, ки ҳамён ва ҳуҷҷатҳоямро дар таксӣ фаромӯш кардам ва ҳеҷ боварӣ надоштам, ки онҳоро меёбам. Вале бо кӯмаку дастгирии кормандони полиси сайёҳӣ онҳоро дар муддати 20 дақиқа ёфтам. Бовар мекунед, вақте, ки онҳоро ба ман баргардониданд, ман аз хурсандӣ ашк рехтам, чунки гум кардани онҳо барои ман як ҳодисаи ногаҳонӣ буд, зеро ман бо аҳли оилаам пагоҳ бояд ба Амрико баргардем. Мо барои сафар чипта харида, омодагӣ мегирифтем".

Ҳамла ба сайёҳон дар Данғара

Дар ҳамла ба гурӯҳи 7 нафарии дучархасаворони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара рӯзи 29-уми июл чаҳор нафар кушта шуданд ва 3 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Фоҷеа бо саёҳони хориҷӣ барои давлати Тоҷикистон, ки имсолро соли рушди сайёҳӣ хонда барои инкишофи соҳа талош дорад, хабаре баде аст ва метавонад, боиси коҳиши равуои хориҷиён ба кишвар шавад.

Баъди се рӯзи ҳамлаи бераҳмона ба 7 туристи хориҷӣ дар Тоҷикистон, ки аз онҳо чор нафарашон кушта шуданд, дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ, шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ таъсис ёфт.

Ҳоло дар пайи ин ҳодисаи фоҷеабор барои тоза кардани хотироти бад чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ шудааст. Шанбеи 11-уми август ҳам дар қаҳвахонаи "Jeans" дар маркази Душанбе барномаи консертие роҳандозӣ шудааст, ки тамошо ва нӯшидани нушокиҳо барои сайёҳони хоҳишманд, ройгон хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG