Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзияи тафтишот: подполковник дар паи бемории равонӣ худкушӣ кард


Даҳ рӯз баъди марги мармузи як подполковники милиса дар вилояти Хатлон, мақомоти тафтишотӣ ин фарзияро мавриди санҷиш қарор додаанд, ки Зафар Сафарови 49-сола метавонист дар паи мушкилоти равонӣ даст ба худкушӣ занад.

Тафтиши парвандаро додситонии ноҳияи Вахш идома медиҳад ва дар чаҳорчӯби ин таҳқиқ чанд ҳамкори Сафаров бозпурсӣ шудаанд.

Дар як соли охир дар Тоҷикистон беш аз 500 нафар қасди ҷони худ кардаанд, ки аксари онҳо занону духтарон мебошанд. Дарсади ками онҳо мардон мебошанд, ки маъмулан аз мушкилоти сангини пулию иқтисодӣ, қарзи зиёд ва сабабҳои дигар аз зиндагӣ дилсард шуда қасди ҷони худ мекунанд.

Мақомот мегӯянд, тафтишот то имрӯз мушаххас кард, ки дар марги Сафаров аломатҳои зӯроварӣ ё хушунат дида намешавад ва зоҳиран ин ҳодиса худкушӣ буд.

Як мақом аз ниҳодҳои интизомии вилояти Хатлон рӯзи 8 октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки як фарзияи худкушии подполковники милиса зоҳиран дучори бемории равонӣ шудани ӯ мебошад, вале, ба гуфтаи ӯ, таҳқиқот идома дорад ва онҳо мунтазири хулосаи ниҳоӣ ҳастанд.

Ба саволи радиои Озодӣ дар бораи он ки "чӣ гуна як шахси дорои бемории рӯҳӣ метавонист дар як мақом кор кунад?", ин манбаи огоҳ аз тафтишот гуфт, "ҳоло хулосабарорӣ барвақт аст ва бояд мунтазири ниҳоӣ шудани тафтишот шуд".

Падари 7 фарзанд, 10 соли собиқаи корӣ...

Ҷасади подполковники милиса Зафар Сафаров, ки муовини раиси ҷаъмияти Иттиҳодияи автомобилчиёни ноҳияи Шаҳритус буд, дар охири моҳи сентябр дар шохи дарахти чормағзи ҳавлиаш дар ҷамоати ба номи Рӯдакии ноҳияи Вахш ошкор шуд. Дар идораи ташхиси додгоҳии вилояти Хатлон рӯзи 1-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Зафар Сафаров худкушӣ кардааст, аммо то ба ҳол сабабҳои худкушии подполковник маълум нест.

Зафар Сафаров соҳиби ҳафт фарзанд буда, даҳ сол боз дар ноҳияи Шаҳритус кор мекард. Ҳамсояҳояш мегӯянд, ки ӯ ҳарсари чанд вақт ба хонааш назди фарзандонаш дар ноҳияи Вахш меомад.

Умед Сафаров, бародари Зафар Сафаров гуфта буд, ки ӯ пулиси собиқадор буд бародараш аввал дар идораи Бозрасии Давлатии Автомобилии ноҳияи Кӯшониён (Бохтари собиқ) кор карда, сипас, фаъолиятро дар Иттифоқи автомобилчиёни ноҳияи Шаҳритус идома дод.

Ба гуфтаи бародараш, “рӯзҳои душанбе ба кор мерафту ҳар шоми ҷумъа ба хонааш бармегашт. Рӯзҳои истироҳати ҳафта ҳамеша бо хонавода буд", - гуфт ӯ.

Вале шаби пеш аз маргаш, ба гуфтаи Умед Сафаров, Зафар рӯзи панҷшабе ба хона омад ва субҳи ҷумъа ҷасадашро дар чормағзи рӯи ҳавлӣ ёфтаанд. Ӯ ҳам гуфт, ки чунин рафтори бародараш онҳоро дар ҳолати "шок" қарор дод ва то ба ҳол ба ин суол ки чаро худкушӣ кард, ҷавоб наёфтаанд.

Муҳибулло Ҷӯрақулов, ҳамкори Зафар Сафаров, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар ӯ афсурдагиро надида буданд ва аз чизе ҳам шикоят надошт. "Аз соли 2008 боз дар Иттиҳодияи автомобилчиёни ноҳияи Шаҳритус кор мекард. Хабари худкушиаш моро ошуфта кард", - афзуд ӯ.

Наздикони Сафаров мегӯянд, ки аз рӯи маълумоти онҳо ӯ ҳеҷ мушкили ҷиддӣ надошт, аз касе қарздор набуд ва шоми пеш аз маргаш ҳам дар ҳалқаи азизон бо хубӣ гузашт.

3 ҳодисаи худкушӣ дар 20 рӯз

Дар як ҳодисаи се соли пеш ҳам як низомии баландрутба дар шароити мармуз даргузашт. 9 маи соли 2015 афсари Горди миллии Тоҷикистон, полковник Сайдаҳмад Гулов худро аз баландошёнае поён афканда, худкушӣ кардааст. Он вақт бархе аз манобеъ гуфта буданд, ки ӯ аз бемории руҳӣ ва бехобӣ ранҷ мебурд.

Дар ҳоле, ки қазияи худкушии подполковник Зафар Сафаров идома дорад, ахиран ҷасади дар дор овезони як зани ҷавони сокини Хатлон ҳам пайдо шуд. Назиконаш гуфтанд, ки ҷавонзан баъди ҷамъоварии ҳосили пахта худкушӣ кардааст. Ин ду ҳодиса боиси нигаронии раиси ноҳияи Вахш Шарбатуллои Азизулло шуд, ки дар ҷаласаи ҳукумати ноҳия ба мавзуи худкушиҳо муроҷиат карда гуфт, ки дар давоми бист рӯзи охир се ҳодисаи худкушӣ сабт шудааст.

Шарбатуллои Азизулло
Шарбатуллои Азизулло

Мавзӯи худкушиҳо дар Тоҷикистон, ки аз назари мақомот ба падидаи нигаронкунанда табдил шудааст, дар ҳолатҳои зиёд натиҷаи хушунатҳои хонаводагӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ мебошад. Дар як соли охир дар Тоҷикистон беш аз 500 нафар қасди ҷони худ кардаанд, ки аксари онҳо занону духтарон мебошанд. Дарсади ками онҳо мардон мебошанд, ки маъмулан аз мушкилоти сангини пулию иқтисодӣ, қарзи зиёд ва сабабҳои дигар аз зиндагӣ дилсард шуда қасди ҷони худ мекунанд.

XS
SM
MD
LG