Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари ҷавон писарро ба дарё партофту худро корд зад


Мақомоти интизомӣ ба бозпурсии зане шурӯъ карданд, ки дар марги кӯдаки 9-моҳааш гумонбар мешавад.

Сафаргул Абдураҳмоноваи 25-сола, сокини деҳаи Олтинсойи ҷамоати Истиқлол дар ноҳияи Носири Хусрав дар он гумонбар мешавад, ки рӯзи 5 июл Исломҷони 9-моҳаро ба канали Бешкент партофта боиси марги кӯдак шудааст. Баъди ҳодиса, зан ба тани худ ду корд зада дар ҳолати сангин ба бемористон интиқол ёфт.

Пушаймонам, ин корро кардам. Кӯдакро ба канал партофта, худамро ба корд задам. Ҳеварам ба сари ман дод зад, хеле асабӣ шудам ва чӣ кор карданамро намедонистам

Дар идораи пулиси ноҳияи Носири Хусрав, ки дар 220-километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир аст, рӯзи 10 июл ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки зани ҷавон бо ҷароҳати вазнин ба беморхона интиқол ёфт, вале тифли ӯ ҷон дод.

Нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаи “куштор” парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Ба додситонии ноҳия, эҳтимоли ба ҷавобгарӣ кашида шудани аъзои хонаводаи шавҳари ин зани ҷавон дар миён аст.

Як ходими додситонии ноҳияи Носири Хусрав бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши пешакӣ маълум кардааст, ки қатли кӯдак ва сӯиқасд ба ҷон “дар натиҷаи моҷаро бо аъзои хонаводаи шавҳар сар задааст”.

"Зан дар хонаи шавҳари муҳоҷираш дар азоб буд"

Дар пулиси ноҳияи Носири Хусрав ҳам гуфтанд, арӯси хонадон дар хонаи шавҳар азият мешуд. Сержанти милитсия Шералӣ Ҷумъаев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, марги кӯдак ва талоши худкушӣ натиҷаи фишорҳои зиёд ба ин зан будааст:

"Шавҳараш дар муҳоҷират будааст, пул равон мекардааст, вале ба ин духтар пул намедиҳанд. Духтарро азоб додаанд. Фишори хуни духтар баланд шуда, худашро ба канал мепартояд."

Феълан маълум нест, ки то куҷо аз рӯи ин қазия таҳқиқи нав аз рӯи моддаи “то худкушӣ расонидан” ҳам парванда боз мешавад ё на.

"Аз карда пушаймонам"

Сафаргул Абдураҳмонова, ба гуфтаи табибони бемористони ноҳияи Шаҳритус, ки баъди ҳодиса дар ҳамин ҷо бистарӣ шудааст, ба бадани худ ду корд задааст – яке ба ноҳияи сина ва дигаре ба ҷигараш. Рӯзи 10 июл, ки баъди ба худ омаданаш дар шӯъбаи эҳёгарӣ бозпурсии расмии ӯ шурӯъ шуд, дар ҳузури ходимони полис Сафаргул ба хабарнигори Радиои Озодӣ тавассути телефон гуфт, ки аз кардааш сахт пушаймон аст.

Парвина Абдуллоева, сокини ноҳияи Ёвон, худро бо се фарзанди ноболиғаш – Оминаи 5-сола, Маҳинаи 6-сола ва Зиёвиддини 7-сола – рӯзи 5 июли соли 2015 дар дарёи Душанбе партофта ва дар натиҷа кӯдакон фавтида ва худаш зинда монд. Додгоҳ рӯзи 9 октябри соли гузашта Парвина Абдуллоеваро бар асоси “куштори огаҳонаи ду ё зиёда аз он” барои 18 сол равонаи зиндон кард.
Парвина Абдуллоева, сокини ноҳияи Ёвон, худро бо се фарзанди ноболиғаш – Оминаи 5-сола, Маҳинаи 6-сола ва Зиёвиддини 7-сола – рӯзи 5 июли соли 2015 дар дарёи Душанбе партофта ва дар натиҷа кӯдакон фавтида ва худаш зинда монд. Додгоҳ рӯзи 9 октябри соли гузашта Парвина Абдуллоеваро бар асоси “куштори огаҳонаи ду ё зиёда аз он” барои 18 сол равонаи зиндон кард.

Ин зан, ки ҳанӯз ба сахтӣ сӯҳбат мекунад, бо садои заъиф гуфт, ки ин корро вақти асабоният ва баъди моҷаро бо додарарӯсаш кардааст:

"Пушаймонам, ин корро кардам. Кӯдакро ба канал партофта, худамро ба корд задам. Ҳеварам ба сари ман дод зад, хеле асабӣ шудам ва чӣ кор карданамро намедонистам."

Нафароне, ки Сафаргулро бозпусӣ мекарданд, гуфтанд, ки ӯ мадори суҳбат кардан надорад ва феълан аз ин бештар гап зада наметавонад.

Табибон ба тафтишот гуфтанд, ки ин зан дар ҳолати сангин ба бемористон интиқол ёфт ва пайваста таҳти назорати табибон қарор дорад.

Арӯс зудранҷ буд

Бо ин ки дар хонаи шавҳар вуҷуди моҷаро бо арӯсро рад намекунанд, вале мегӯянд, ки мушкил дар худи Сафаргул буд, на дар муносибати онҳо. Дар ин хонавода арӯсро “як инсони зудранҷ” меноманд. Рустам Холматов, бародари шавҳари Сафаргул Абдураҳмонова дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “дар ҳама хона ҷангу моҷаро мешавад ва занон бояд сабру тоқат кунанд”:

"Шояд модарам барои хӯрок тайёр кардан чизе гуфта бошад... Худаш духтари ганда буд, писарашро лат мекард ва зуд қаҳр мекарду меранҷид. Вале он рӯз мо хӯрок мехӯрдем, ки модарам ба хонаашон даромад, дид, ки нестанд. Баъд гуфтанд, ки худашро корд зада, писарашро ба дарё партофтааст”.

Наздикони худи Сафаргул Абдураҳмонова аз суҳбат худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ҳанӯз ҷузъиёти ҳодисаро онҳо ҳам намедонанд. Ашӯргул Абдуллоева, холаи ин зани ҷавон мегӯяд, ки мунтазиранд, ки мақомот ҳақиқатро ба онҳо бигӯянд.

20 фоҷеа дар се соли охир

Бори аввал нест, ки хушунату зӯроварӣ дар хона боиси фоҷеаи арӯсу фарзанд мешавад. Мудҳиштарин ҳодиса се соли пеш рух дода буд, вақте Зуҳро Маҳмуродова, як зане аз шаҳри Норак бо чаҳор фарзанди ноболиғаш худро ба дарёи Вахш партофт. Дар ин ҳодиса ҳама ҷон доданд ва мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки ҷабри хешовандони шавҳар сабаби даст ба ҷиноят задани зан шуд.

Ду фарзанди қурбонии Зуҳро Маҳмуродова
Ду фарзанди қурбонии Зуҳро Маҳмуродова

Дар се соли охир матбуот дар бораи дасти кам 20 ҳодисаи худкушӣ ва талоши худкушии занон бо фарзандонашон хабар додааст, ки аксаран дар паи хушунати хонаводагӣ рух додааст. Ин ҳодисаҳо боиси нигаронии ҷомеа ва мақомот мешаванд, вале боз ҳам гирифтани пеши роҳи ин ҳодисаҳо осон нест. Бино ба омори расмӣ, дар як соли ахир ҳудуди 500 зан дар Тоҷикистон худкушӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG