Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ғанӣ ва Солеҳ мухолифи сулҳ нестанд"


Муҳаммадашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон ва Амруллоҳ Солеҳ, муовини дастаи интихоботии ӯ
Муҳаммадашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон ва Амруллоҳ Солеҳ, муовини дастаи интихоботии ӯ

Давлати Афғонистон иддаои Толибон, ки гуфта буданд, президент Ғанӣ ва Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали дастаи интихоботиаш мухолифи раванди сулҳ ҳастанд, рад кард.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо гуруҳи Толибон барои сулҳ дар Афғонистон моҳҳо боз гуфтугӯ доранд.

Изҳороти ахири Муҳаммадашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон ва Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали дастаи интихоботиаш вокуниши тунди Толибонро ба бор овард.

Гурӯҳи Толибон дар изҳороте гуфтаанд, ки Ашраф Ғанӣ ва Амруллоҳ Солеҳ мухолифи сулҳ ва хоҳони афрохтани оташи ҷанг ҳастанд.

Аммо Вазорати давлат дар умури сулҳи Афғонистон мегӯяд, ки ҳукумат иродаи ҷиддӣ барои овардани сулҳ дорад.

Ноҷия Анварӣ, сухангӯи ин Вазорат рӯзи 25-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Раҳбари Афғонистон ва ҳукумат дар робита ба сулҳ иродаи мушаххас дорад ва ҳусни нияташро ҳам нишон дода аст. Намедонам чаро онҳо гуфтанд, ки ҳукумат барои сулҳ ирода надорад? Агар ҳадафи онон ин аст, ки мо коҳиши хушунатҳоро намепазирем, ин барои ҳеҷ касе қобили қабул нест. Хости тамоми мардуми Афғонистон аст, ки қабл аз оғози музокирот оташбас сурат гирад.”

Хонум Анварӣ гуфт, то замоне, ки миёни ҳукумат ва гуруҳи Толибон гуфтугӯ сурат нагирад, дар Афғонистон сулҳ таъмин нахоҳад шуд.

Муҳаммадашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон дар нишасте дар Маҷмааи ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос гуфт, ки агар гуруҳи Толибон омода набошад даст аз хушунат бардорад, ӯ иҷоза нахоҳад дод, ки ин гуруҳ бо сӯистифода аз гуфтугуҳои сулҳ бо Амрико қудрат бигирад.

Аз сӯи дигар Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали дастаи Муҳаммадашраф Ғанӣ дар маъракаи интихоботӣ ҳафтаи гузашта дар нишасте дар Кобул гуфта буд, ки раванди гуфтугуҳои сулҳ дар Доҳа, пойтахти Қатар мумкин боиси поёни ҷанг миёни Амрико ва Толибон шавад, аммо ин гуфтугуҳо ба ҷанги Толибон бо миллати Афғонистон поён намедиҳад.

Аз сӯи дигар Ризвон Мурод, сухангӯи дастаи интихоботии Муҳаммадашраф Ғанӣ гуфт, онҳо ҷонибдори сулҳи боиззат ҳастанд.

“Онҳо мегӯянд, мо мухолифи сулҳ ҳастем, аммо кадом сулҳ? Оё сулҳ барои Афғонистон ё муомилаи Амрико ва Толибон дар Қатар? Ин муомилаи Амрико ва Толибон барои Афғонистон чӣ дорад? Ҳадаф изҳороти муовини аввал ҳам сулҳи боиззат барои Афғонистон аст”,--гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон низ гуфтугуҳои сулҳ дар Афғонистонро пайгирӣ мекунанд. Афғонистон беш аз 1400 километр марз бо Тоҷикистон дорад. Мақомоти тоҷик ва коршиносон мегӯянд, агар дар Афғонистон сулҳ шавад, иқтисоди Тоҷикистон пешрафт хоҳад кард.

“Чун мо ягона роҳи наздики расидан ба роҳҳои баҳриро аз тариқи Афғонистон дорем. Агар ин кишвар амн шавад, тиҷорат ҳам рушд меёбад ва мо аз як дарди сари бузург халос мешавем”,--гуфт Мурод Тешаев, як омӯзгор аз вилояти Хатлон.

Иёлоти муттаҳидаи Амрико бо гурӯҳи Толибон барои сулҳ дар Афғонистон дар Қатар музокира дорад. Мақомоти Амрико умедворанд, ки ин музокира ба ҷанги тӯлонӣ дар Афғонистон поён медиҳад.

XS
SM
MD
LG