Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арча дар маҳалли қатли “Бобои барфӣ” дар Душанбе. ВИДЕО


Маҳалле дар пойтахти Тоҷикистон, ки панҷ сол қабл шоҳиди қатли ҷавоне бо либоси “Бобои барфӣ” буд, ҳоло ҳеч асаре аз он ҳодисаи мудҳиш надорад.

Инҷо ҳамчун макони наҳсе дар хотираҳо нақш баста буд. Бо гузашти солҳо ҳеч як ҷавоне дар шаби Соли нав наметавонист бо либоси “Бобои барфӣ” сокинони баландошёнаҳоро табрик кунад

Дар остонаи Соли нави 2018 дар майдони назди бинои баландошёнаи маҳаллаи маъруф ба “Профсоюз” як тафреҳгоҳ ва ҷойи ҷамъомади сокинони пойтахт таъсис шуд. Ҳар шом дар ин майдон садҳо нафар бо хонаводаи худ ҷамъ омада, аксҳои хотиравӣ мегиранд.

Ин майдон бо тамоми рамзҳои Соли нави милодӣ, аз ҷумла оҳуҳои дар ҳоли чанакашӣ, арчаи оросташуда ва барфакҳо оро дода шуда, шабонгоҳ ҳама рӯшан мешаванду ҷило медиҳанд. Барои мардуме, ки шабона барои тамошо ба ин майдон меоянд, барномаи консертӣ бо иштироки овозхонҳои маъруф ҳам роҳандозӣ шудааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Арча дар маҳалли қатли "Бобои барфӣ" дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Шаҳомати соли нав дар ин гӯшаи пойтахт дар ҳолест, ки шаби 1-уми январи соли 2012 гурӯҳе аз ҷавонон ба Парвиз Давлатбеков – сокини Душанбе, ки дар тан либоси “Бобои барфӣ” дошт, ҳамла карда, ӯро бо зарби корд ба ҳалокат расонданд. Он замон бисёриҳо қатли ӯро ба либосаш рабт дода, тахмин заданд, ки ин куштори мудҳиш кори дасти мухолифони таҷлили иди аз назари бархе бегона мебошад.

Ҳамаи омилони ин ҷиноят дастгир ва дар пайи мурофиаҳои тӯлонии додгоҳӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Аксари ҳамлагарон наврас буданд.

Фаррух Рауфов
Фаррух Рауфов

Куштори ҷавоне бо либоси “Бобои барфӣ” барои Тоҷикистоне, ки давоми 70 соли пойбарҷоии Шӯравӣ ва баъди он ҳам Соли нави милодиро таҷлил мекард, ҳодисаи такондиҳанда шуд. Фаррух Рауфов, як сокини маҳаллаи “Профсоюз”, мегӯяд, ҳарчанд он замон мактабхон буд, ҳодисаи куштори Парвиз Давлатбековро бо либоси “Бобои барфӣ” хуб дар ёд дорад. Ӯ рӯзи 30-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз қатли ин ҷавон дигар касе бидуни тарс дар ин маҳалла гаштугузор карда наметавонист.

“Инҷо ҳамчун макони наҳсе дар хотираҳо нақш баста буд. Бо гузашти солҳо ҳеч як ҷавоне дар шаби Соли нав наметавонист бо либоси “Бобои барфӣ” сокинони баландошёнаҳоро табрик кунад”, - афзуд ӯ.

Ҳоло Фаррух аз он хушҳол аст, ки оростани арчаи зебову рамзҳои солинавӣ дар ин макон сокинонро дигар на ба хотироти панҷ соли пеш, балки таҷлили бошукуҳи соли нав мебарад. Вай гуфт, “ҳоло дар ҷое, ки гуруҳе аз ҷавонон ба “Бобои барфӣ” ҳамла карда, ӯро кушта буданд, арчаи солинавӣ рост карда шудааст. Мумкин ба ҳамин хотир аст, ки сокинон ин ҳодисаро фаромӯш кунанд”.

Парвиз Давлатбеков
Парвиз Давлатбеков

Ҳарчанд онҳое, ки дар ин макон ҷамъ меоянд, аз фоҷиаи соли нав дар панҷ соли пеш фаромӯш накардаанд, аз он хушҳоланд, ки вазъ тағйир карда, бархӯр бо Соли нав ва “Бобои барфӣ” ҳам дигар аст.

Шароф Шарифов, сокини пойтахт, ки дар пас аз соати корӣ дар ин макон гаштугузор мекард, гуфт, “чорабиниҳое, ки барои таҷлили Соли нави 2018 баргузор мегардад, эҳтимол барои он аст, ки ҳамон ҳодисаи “Бобои барфӣ аз фикри мо зудуда шавад”.

Ҳалокати Парвиз Давлатбеков бо либоси “Бобои барфӣ” дар шаби Соли нав аз пурсарусадотарин хабари расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар шаби соли нави 2012 буд. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон баъдан эълон карданд, ки ин ҳодиса ҷанбаи мазҳабӣ ва маҳаллӣ надорад, аксаран дар баррасиҳо сухан аз боби тундрав шудани ҷомеаи Тоҷикистон буд. Ҳоло барои фаромӯш кардани ин фоҷиа пайвандони Парвиз аз ин маҳалла кӯч бастаанд.

Муҳокимаи омилони қатли "Бобои барфӣ"
Муҳокимаи омилони қатли "Бобои барфӣ"

Соли 2012 додгоҳи шаҳри Душанбе панҷ нафар, аз ҷумла Фаррух Самиев, Шараф Давлатов, Ҳасан Абдурашидов ва Беҳрӯз Шарифовро бо иттиҳоми қатли пурсарусадои Парвиз Давлатбеков ҷазо доданд, ки ба гуфтаи додситонҳо ин ҷавони 24-соларо латту кӯб карда, чанд теғ ҳам задаанд. Аз ҷумла, Беҳрӯз Шарифови ноболиғ, ки дар ин муноқиша Парвизро теғ задааст, ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG