Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70 рӯзи бедаракии Ганҷина. Ҷустуҷӯи кӯдак дар кишварҳои ҳамсоя ҳам шурӯъ шуд


Акси Ганҷина Қаюмова дар Тоҷикистон ва ҳамакнун Узбакистон Қирғизистон ҳам паҳш шудааст
Акси Ганҷина Қаюмова дар Тоҷикистон ва ҳамакнун Узбакистон Қирғизистон ҳам паҳш шудааст

Волидайни Ганҷина Қаюмоваи 9-сола, ки ду моҳ пеш ғайб зада буд, бо умеди пайдо кардани фарзандашон аксу маълумот дар бораи духтарчаашонро дар манотиқи марзии ҳамсоякишварҳои Қирғизистон ва Узбакистон пахш кардаанд.

Наздикони Ганҷина аз ҷараёни кофтукоби фарзандашон дар дохили Тоҷикистон розӣ нестанд ва бо талоши худ ва наздиконашон дар кишварҳои ҳамсоя кӯшиш доранд имкони охирини зинда пайдо кардани ҷигарбандашонро аз даст надиҳанд. Бархе таҳлилгарон мегӯянд,

Умарҷони Эмомалӣ дар гум шудани кӯдакон дар навбати аввал худи волидайнро муқассир номид, ки ба фарзандони худ аҳамият зоҳир намекунанд.

қазияҳои нопадид шудани атфоли хурдсол дар солҳои охир суолҳоеро дар заминаи тавонмандии мақомоти интизомӣ дар пайдо кардани кӯдакони гумшуда эҷод мекунад.

“Ҳатто зани гумонбар дар дуздидани Ганҷинаро пайдо накарданд”

Саноат Қаюмова тӯли беш аз ду моҳ аст, ки дар фикри духтари гумшудааш мебошад. Духтари ӯ охири моҳи август дар роҳи Бозори марказии шаҳри Истаравшан то манзилашон гум шуд ва тамоми талошҳо барои пайдо кардани ӯ то имрӯз бенатиҷа анҷом ёфтааст. Дар ин муддат модари 30-сола ҳеҷ ормоне дар дил ба ҷуз пайдо кардани ҷигарбандаш надорад, саломатиаш бад шуда, дигар дар бораи ҳеҷ чизи дигар фикр карда наметавонад.

Ганҷина духтари калонии хонаводаи Қаюмовҳо аст ва аз нопадидшавии ӯ инак 70 рӯз мегузарад. Умедаш торафт камтар мешавад. Наздикони Саноат мегӯянд, ҳар боре, ки ӯ ба хона даромада либос ва ҷойи хоби духтарашро мебинад, дар ин хона дармемонад ва дар либосу ҷойи хобаш бӯи духтарчаи нопадидшудаашро меҷӯяд. Ин оила барои касе, ки духтарашонро пайдо мекунанд, ваъда додааст, ки як хона тақдим мекунад. Наздикони Саноат Қаюмова мегӯянд, ин зан тобу тавони суҳбат карданро надорад ва аз замони гум шудани духтараш хаёлӣ ва бемор шудааст.

Осияи панҷсола ҳам соли 2014 дар Душанбе нопадид шуд ва чанде баъд дар ҳудуди Ҳисор ҷасади кӯдак пайдо шуд
Осияи панҷсола ҳам соли 2014 дар Душанбе нопадид шуд ва чанде баъд дар ҳудуди Ҳисор ҷасади кӯдак пайдо шуд

Абдуҳафиз Қаюмов, яке аз наздикони ин хонавода дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, давоми ду моҳи нопадид шудани Ганҷина аз ҳама василаҳои ҷустуҷӯ кор гирифтанд – на полис монду на фолбин.

Абдуҳафиз Қаюмов аз кори пулис дар амри пайдо кардани Ганҷина интиқод мекунад ва мегӯяд, кормандони мақомоти умури дохилӣ дар ин муддат ҳатто гумонбарони рабуда шудани духтарашонро мушаххас накардаанд.

“70 руз шуд, ки мо дар фикри дар куҷо буданаш обу адо шудем. Милисаҳо ҳам кор карда истодаанд. Мераванад инро мепурсанду онро мепурсанд, аммо ягон натиҷа нест. Давоми ду моҳ ҳатто он занеро, ки гуё аз қафои Ганҷина пойида мегаштааст, наёфтаанд. Мо аз кори милисаҳо розӣ нестем,” - гуфт Абдуҳафиз Қаюмов.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҷустуҷӯи онҳо дар дохили кишвар натиҷа надод ва онҳо акнун ба ҷустҷӯи Ганҷина дар ҳамсоякишварҳо рӯй оварданд. Ба гуфтаи Абдуҳафиз Қаюмов, аксҳои Ганҷинаро ба Қирғизистон ва Узбакистон бурда паҳн карданд, бо умеде, ки шояд ин тифл дар он ҷо пайдо шавад.

Манзили зисти Ганҷинаи гумшуда дар 50-километрии марзи Узбакистон ва 70-километрии марзи Қирғизистон ҷойгир аст ва наздиконаш фикр мекунанд, ки шояд Ганҷина дар ин қаламрав бошад.

“Аҳён-аҳён мешавад, ки кӯдакон пайдо нашаванд”

Оилаи Ганҷина Қаюмова дар Тоҷикистон ягона оилае нест, ки аз шеваи ҷустуҷӯи фарзанди гумшудаашон аз ҷониби мақомоти интизомӣ норозигӣ мекунанд. Дар гузашта низ чандин ҳолатҳои нопадид ва ҳамин тавр пайдо нашудани кӯдакон дар Тоҷикистон расонаӣ шуда буд. Маъруфтарини онҳо қазияи Малика ва Сабина Араловаҳо мебошад, ки ҳамакнун бо гузашти чор сол ҳеҷ нишоне аз онҳо дар даст нест.

Аммо масъулони Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, дар муқоиса бо шумори ҳолатҳои ғайб задани ноболиғон ҳодисаҳои пайдо нашудани ночиз аст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон солҳои ахир ҳолатҳои узвфурӯшӣ ва ё кӯшиши интиқоли ноболиғон ба хориҷа ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин хотир, ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, ҳолатҳои пайдо нашудани ноболиғон ангуштшумор мебошанд.

Умарҷони Эмомалӣ дар гум шудани кӯдакон дар навбати аввал худи волидайнро муқассир номид, ки ба фарзандони худ аҳамият зоҳир намекунанд.

“Ҳамаруза кӯдакон гум намешаванд ва аҳён-аҳён аст, ки мо кӯдаконро наёфта бошем. Соле якта аст, ки мо наёбем ё дар чанд сол як ҳолате аст, ки мо ноболиғони гумшударо наёфта бошем. Вақте ноболиғон ғайб мезананд, парвандаи кофтукоб боз шуда, ҳамавақт зери назорат аст”, - таъкид намуд Умарҷони Эмомалӣ.

Сухангӯи Вазорати умури дохилӣ афзуд, ин ниҳод барои пайдо кардани ноболиғони гумшуда аз тамоми имкониятҳои худ истифода мебарад.

Солҳои ахир омори расмӣ дар бораи чӣ қадар нопадид шудани кӯдакон дар Тоҷикистон нашр намешавад. Аммо бар асоси иттилои соли 2013 дар кишвар 232 ноболиғ гум шуда, дар пайи ҷустуҷӯ 227 нафарашон пайдо шудаанд.

“Пайдо нашудани кӯдакон нишон аз костагии ҷиддӣ дар кори мақомот аст”

Коршиносон мегӯянд, гум шудани кӯдакон ва ҳамин тавр пайдо нашудани онҳо суолҳои зиёдеро боқӣ мегузорад, ки бояд мақомоти интизомӣ ба он посух бидиҳанд.

Маҳинбону Давлатова, рӯзноманигори тоҷик, ки мавзуи нопадид шудани кӯдаконро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, нопадид шудани кӯдакон аз маркази шаҳри Душанбе ва то ҳол пайдо нашудани онҳо костагиеро дар кори мақомоти умури дохилӣ намоиш медиҳад.

Хонум Давлатова афзуд, “наметавонем кори мақомоти умури дохилиро дар ин самт хуб ва ё бад бигӯем. Кӯдакони зиёде ҳастанд, ки баъд аз 24 соат пайдо мешаванд, аммо он ҳодисаҳое, ки кӯдакон пайдо нашуданд, як костагиеро дар кори мақомот нишон медиҳад. Яъне суол пайдо мешавад, ки то куҷо ҷустуҷӯ ва пайгирии мақомот муассир аст?”

“Мавзуи доғ дар чор соли ахир”

Пайдо нашудани ноболиғони гумшуда ҳарсари чанд дар матбуот матраҳ мешавад. Қазияи нопадидшавии хоҳарон Араловаҳо соли 2013 ин масъала дар сатҳи роҳбарияти кишвар ҷиддан баррасӣ шуд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи нопадидшавии Малика ва Сабина изҳори нигаронӣ карда, ин ҳодисаро “ҷинояти доғдоркунандаи миллат” унвон карда буд. Вай ҳангоми ифтитоҳи Маҷмааи варзишии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2013 аз масъулони Вазорати корҳои дохилӣ талаб кард, ки барои ҳарчи зудтар ошкор кардани ин ҷиноят тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳоло иттилои тоза дар бораи теъдоди наврасони гумшуда дар Тоҷикистон дар даст нест. Дар бахши гумшудагони вебсайти расмии Вазорати умури дохилӣ баробар бо исми Араловаҳо, исми як ноболиғи дигар - Давлатова Маҳбуба Садриддиновнаи 15-сола ҳам зикр шудааст, ки аз моҳи марти имсол нопадид шудааст. Ин сокини шаҳри Турсунзода, ба гуфтаи волидайнаш, ҳоло ҳам пайдо нашудааст.

XS
SM
MD
LG