Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви Байнулмилал: Эрон дар як сол 853 касро эъдом кард


Брюссел, соли 2019. Тазоҳуроти зидди ҳукми қатл дар Эрон
Брюссел, соли 2019. Тазоҳуроти зидди ҳукми қатл дар Эрон

Созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty International ё Афви Байнулмилал рӯзи 29-уми май дар гузорише гуфт, теъдоди ҳукмҳои иҷрошудаи қатл дар соли гузашта дар ҷаҳон ба ҳадде расида, ки дар давоми даҳ соли охир собиқа надоштааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар соли 2023 дар саросари ҷаҳон 1153 мавриди ҳукми қатлро сабт кардаанд, ки назар ба солҳои пешин 30 дарсад бештар аст.

Ба ин омор, ҳукмҳои қатли содиршуда дар Чин шомил намешавад, зеро мақомоти он кишвар оморро дар ин бора пинҳон медоранд.

Теъдоди ҳукмҳои иҷрошуди қатлро дар Чин чандин ҳазор арзёбӣ мекунанд ва ин омор Чинро дар садри радабандиҳо қарор медиҳад.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, иҷро шудани 1153 ҳукми қатл дар сол баландтарин нишондод аз соли 2015 аст. Ҷамъан соли гузашта 2428 ҳукми қатл содир шудааст.

Созмон мегӯяд, теъдоди ҳукми қатл дар кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Эрон якбора зиёд шудааст. Дар ин кишвар 853 касро эъдом кардаанд, ки нисбат ба соли 2022 (576) 48 дарсад бештар аст.

Ба назари коршиносони созмон, одамонро бештар дар Чин, Эрон, Арабистони Саудӣ, Сомалӣ ва ИМА эъдом мекунанд. Дар Амрико дар як сол 24 касро эъдом кардаанд. Соли 2022 18 кас эъдом шуда буд.

XS
SM
MD
LG