Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми амрикоӣ аз таҳдиди Эрон ба Тоҷикистон низ ҳушдор дод


Як мақоми баландпояи Амрико эҳтимоли шурӯи "ҷанг бо Эрон"-ро рад кард ва гуфт, ҳар иқдоме, ки то ҳол анҷом шудааст, дар посух ба амалкарди Ҷумҳурии Исломӣ будааст. ​

Муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, Муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА Элис Уэллс, шоми 7-уми январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе аз куштори раҳбари нирӯҳои қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон Қосими Сулаймонӣ ҳимоят кард. Хонум Уэллс бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст.

Қосим Сулаймонӣ рӯзи 3-юми январ дар як ҳамлаи ҳавоии низомиёни амрикоӣ дар Бағдод кушта шуд ва ин ҳодиса равобити Амрикову Эронро хеле пуртаниш кард.

Эрон дар посух гуфт, ҳатман "интиқом" мегирад ва Вашингтон ҳам дар гуфт, ҳама бархӯрди харобкоронаи Теҳрон бо аксуламал рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Элис Уэллс зимни суҳбат бо журналистон дар Душанбе гуфт, ки Сулаймонӣ "нақшаҳои ҳамла ба амрикоиҳоро хеле фаъолона тарҳрезӣ мекард". Бо ин вуҷуд, ӯ таъкид кард, ҳама иқдоми ИМА дар робита бо Эрон хусусияти "боздоранда" хоҳад дошт.

Ӯ гуфт: "Мо дар остонаи ҷанги эҳтимолӣ қарор надорем ва набояд бошем. Ҳадафи Амрико гирифтани пеши роҳи тавсеаи хушунатҳо дар минтақа аст, ки Эрон паҳн мекунад. Шумо фаъолиятҳои Эронро ба соддагӣ нодида гирифта наметавонед. Ба он чи ки Эрон дар Сурия, Лубнон, Яман, Афғонистон, марзи шумо анҷом медиҳад, нигоҳ кунед. Бесуботие, ки Эрон эҷод мекунад, ба суботи Тоҷикистон хатари мустақим эҷод мекунад. Амрико дар фикри ҷорӣ кардани тадбирҳои боздоранда аст, то ки Эрон дарк кунад, паёмадҳои амалаш аз роҳҳои мустақим тавассути Сипоҳи посдорон ваё нирӯҳои Қудс ваё ғайримустақим аз роҳи гурӯҳҳои марбут ба он дар минтақа чӣ мешавад."

Элис Уэллс рӯзи 6-уми январ бо сафари дурӯза вориди Душанбе шуд. Вай бо мақомоти тоҷик, аз ҷумла вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазирони корҳои дохилӣ, энергетика, мудофиа, амнияти давлатӣ ва дигарон пиромуни таҳкими ҳамкориҳои амниятии минтақавӣ, тавсеаи равобити иқтисодиву энержӣ, ислоҳоти мақомоти умури дохилӣ ва рушди равобити минтақаӣ суҳбат кард. Хонум Уэллс ҳамчунин эълом дошт, ки густаришу таҳкими равобити дуҷониба дар Машваратҳои сиёсии ду тараф моҳи март дар Вошингтон идома хоҳанд ёфт.

Ин сафари тарҳрезишуда буда, тахминан як моҳ пас аз он ба вуқуъ мепайвандад ки Амрико гуфт, дар соли 2019 равобити Вашингтон бо 5 кишвари Осиёи Марказӣ рушд намудааст.

Таваҷҷӯҳи Иёлоти Муттаҳида ба Осиёи Марказӣ дар ҳоле бештар мешавад, ки Чин бо истифода аз нуфузи иқтисодиву сиёсӣ талош мекунад паноҳҷӯён аз вилояти Шинҷонро, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сар мебаранд, ба Пекин бозгардонад.

Ин мояи асосии нигаронии маъмурияти президенти Амрико Доналд Трамп мебошад.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG