Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқоисаи Тоҷикистони 15 соли пеш ва имсол аз нигоҳи низоъшиноси амрикоӣ


Ҷонатан Зартман, муҳаққиқи амрикоӣ, ки солҳои 2000-2001 дар Тоҷикистон дарс дода ва омилҳои ҷангу ноамниро таҳқиқ кардааст, баъд аз тақрибан 15 сол ба кишвар баргашт, то тағйироти ба вуҷудомадаро бубинад. Ӯ моҳи апрели имсол дар Душанбе будааст, то дар бораи мақолаи дигаре роҷеъ ба Тоҷикистон, иттилоъ ҷамъоварӣ кунад.

Ӯ бар хилофи ақидаҳои дигар таҳлилгарон мегӯяд, омилҳои суботафзо дар Тоҷикистон зиёдтар аст. Радиои Озодӣ бо Ҷонатан Зартман дар бораи сулҳи тоҷикон сӯҳбат кард, ки 20 сол пеш баъди имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 ба даст омад.

Радиои Озодӣ: Баъди тақрибан 15 сол дар Тоҷикистон чӣ тағйироте мушоҳида кардед?

Ҷонатан Зартман.
Ҷонатан Зартман.

Ҷонатан Зартман: “Ман чизи зиёди аҷиб ва хуберо мушоҳида кардам. Масалан, таблои электронӣ, ки дар хиёбони Рӯдакӣ нишон медиҳад, ки автобуси баъдӣ кай мерасад, барои ман фавқуллода ҳайратовар ва зебо буд. Албатта биноҳои наву зебои муосир бароям ҳайратангез буданд. Осорхонаи миллӣ ҳам фавқуллода зебо аст. Суоле, ки ин биноҳо барои ман халқ карданд, ин буд, ки барои сохтани онҳо технологияи муосир ва малакаи муосир лозим аст ва инҳо аз куҷо омадаанд. Чун шумо ин биноҳоро бо белу каланд сохта наметавонед. Ман ин суолро пурсидам ва ба ман гуфтанд, ки ин биноҳоро худи тоҷикон сохтаанд, чун зимни муҳоҷират дар Русия, усулҳои муосири сохтмонро ёд гирифтаанд ва баъди бозгашт малакаҳои омӯхтаашонро ба кор бурдаанд. Барои ман ин як аломати ташвиқкунанда буд, ки муҳоҷирон аз Русия бо малакаи корӣ, коргузорӣ ва дониши зарурӣ бармегарданд. Мутааcсифона як чизи ғамангезе, ки ман дарёфтам ин буд, ки созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои аврупоӣ ва Амрико кӯмакҳои молӣ барои мусоидат ба муколама дар Тоҷикистонро қатъ кардаанд ва ман инро фоҷиабор медонам. Назар ин аст, ки ҷараёни мусолиҳа, барқарорсозии баъд аз ҷанг ба поён расидааст ва мо ба муколама зарурат надорем. Ба фикри ман ин як хато аст, зеро тамоми ҷомеаҳо ба муколама зарурат доранд. Дар ҷомеаҳои мусулмонӣ консепсияи Шӯро фавқуллода муҳим аст ва агар шумо муколамаро дар ингуна ҷомеа нодида мегиред, пас ба худ зарба мезанед.

Ин пажӯҳишгари амрикоӣ мегӯяд, ки биноҳои наву зебои муосир дар Душанбе, барояш ҳайратангез буданд.
Ин пажӯҳишгари амрикоӣ мегӯяд, ки биноҳои наву зебои муосир дар Душанбе, барояш ҳайратангез буданд.

Радиои Озодӣ: Иддае дар Тоҷикистон ва берун аз он мегӯянд, ки сулҳ дар кишвар пойдор аст ва ба амнияти он хатари ҷиддие таҳдид намекунад? Баъзеҳо баръакс мегӯянд, ки омилҳои ноамнӣ бештар мешаванд. Назари шумо чист?

Ҷонатан Зартман: “Ман наметавонам, бигӯям, ки ба амнияти Тоҷикистон чизе таҳдид намекунад. Ба назари ман, гурӯҳе аз афроде ҳастанд, ки ба ҳаросбарангезӣ машғуланд. Яъне онҳое ҳастанд, ки мегӯянд, Тоҷикистон дар роҳ ба самти ҷанги дохилӣ ва ҳамингуна чизҳост. Аммо вақте ман онҷо будам, ба хулосаи комилан баръакс омадам. Ба ман возеҳ шуд, ки дар онҷо воқеият ин нест, ки пул ва ё афроде вуҷуд дошта бошанд, ки тавонанд, мардумро ба шӯр оваранд ва барои ҳамин ман баръакси гурӯҳу созмонҳое, ки дар Тоҷикистон мушкилоту нооромиро пешбинӣ мекунанд, ба хулосаи дигар омадам. Агар шумо вуҷуди нерӯҳои ноамнкунанда ва ё суботафзоро ба инобат бигиред, ба назар мерасад, ки нерӯҳои суботафзо бисёртар аст. Ҳамчунин мардум ба вазъ воқеъбинона назар мекунанд, ки чӣ доранд ва чӣ надоранд, чиро ба даст оварда метавонанд, ё не. Ва ман ягон рақиберо намебинам, ки онҷо бо шитоб ба коре даст бизанад."

Радиои Озодӣ: Манзури шумо аз нерӯҳои суботафзо чӣ ҳаст?

Ҷонатан Зартман: “Муҳимтарин нерӯ барои субот ин вуҷуди насли ҷавонест, ки аз 18 то 45 сол доранд. Қисми зиёде аз онҳо дар хориҷ аз кишвар ҳастанд, ки кор карда, ба ватан пул мефиристанд, ки имкон медиҳад, мардуми Тоҷикистон як навъ зиндагӣ кунанд. Таркиби ду чиз яъне имкон доштан барои як навъ зиндагӣ ва ҳам роҳе барои фирор, имкон медиҳад, ки эҳтимоли ноамнӣ фурӯкаш шавад. Яъне, агар шумо дар Тоҷикистон хушҳол нестед, метавонед аз онҷо биравед ва дар дигар ҷо пул ба даст биёред. Ин гуфта ҳам ҳаст, ки муҳоҷироне, ки дар Русия кор мекунанд, агар баргарданд, метавонанд дар кишвар дарди сар эҷод кунанд, аммо ба фикри ман онҳое, ки дар Русия азоби равонӣ кашидаанд, табъиз шудаанд ва аз дасти маъмурони пулис ранҷ дидаанд, вақте баргаштанд, дар фикри наҷоти худ мешаванд, на кори дигар. Албатта гурӯҳи дигаре ҳаст, ки мегӯяд, агар вазъи Русия бадтар шавад ва Русия муҳоҷирони тоҷикро саркӯб кунаду баргардонад, дар ин ҳол нерӯи ноамнӣ меафзояд. Аммо вақте мардум малакаи нав омӯхтаанд, онро дар дигар ҷо истифода мебаранд ва ё ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қазоқистон, ё Аврупои Шарқӣ мераванд. Дигар ҷойҳо боз мешаванд."

Радиои Озодӣ: Аммо як масъалаи дигар ҳаст, ки худи ҳукумат эътироф мекунад ва он ҳам фасоду ришвахорӣ, ки ба гуфтаи мақомот эътимод ба давлатро кам кардааст ва таҳдиде ба амнияти Тоҷикистон аст. Назари шуморо мехоҳем бидонем?

Ҷонатан Зартман: “Возеҳ аст, ки ин маро маъюс ва нигарон мекунад. Агар мо Қирғизистонро мисол биёрем, ки ҳукумати нахустинаш баъди суқути шӯравӣ ваъда дод, ки демократияро ривоҷ медиҳад. Аммо вақте гузориш шуд, ки ширкати канадаи истихроҷи тилло ба хонаводаи ҳамсари раиси ҷумҳур пули зиёд дод, ҳукумат, матбуотро саркӯб кард, чизи зиёде, аз ҷумла созмонҳои сиёсиро саркӯб кард. Ва ин сабаби инқилоб дар Қирғизистон шуд. Агар дар кишвари шумо фасод вуҷуд дорад, тазоҳуроти мардум бароятон набояд ҳайратовар бошад. Агар мардум ба зидди фасод тазоҳурот кунанд, ба куҷо мекашад. Шумо чӣ гуна ба талаботи афзояндаи онҳо ҷавоб медиҳед. Кори мусбате мекунед, ба онҳо посух медиҳед ва ё даҳони онҳоро мебандед, ё мекушед? Фасод хатарнок аст, зеро мардумро норозӣ ва нохушнуд месозад. Вақте мардум хурсанд нест, онҳо дуруст ва бо эҳтиёт рафтор намекунанд, онҳо тавре рафтор мекунанд, ки дар ҳолати оддӣ вайронгар ва аҳмақона мешуморанд. Барои ҳамин, ба фикри ман инҷо муколама зарур аст, ки ба мақомот бирасонанд, ки мардум аз фасодкорӣ ба хашм омадаанд ва эътироз мекунанд."

Радиои Озодӣ: Баргардем ба сулҳи тоҷикон. Баъзеҳо мегӯянд, ки қудратҳо ва бозигарони байналмилалӣ дар оштӣ додани тоҷикон нақши муҳим доштанд. Ба назари шумо ҳамин гуфта дуруст аст?

Ҷонатан Зартман: “Ман афроди зиёдеро медонам, ки ба нақши байналмилалӣ дар (сулҳи тоҷикон) таммаркуз мекунанд. Мегуфтанд, ки Толибон ба марзи Тоҷикистону Узбакистон наздик мешуданд ва Русия дарк кард, ки Тоҷикистонро ба ҳалли муноқиша маҷбур кунад. Ва барои амалӣ шудани ин бо Узбакистон кор кард, чунки метарсиданд, ки мумкин аст, аз миёни паноҳҷӯёни зиёди тоҷик дар Афғонистон баъзе тамринҳо низомӣ ва силоҳ гирифта баргарданд ва барои ҳамин бояд сулҳ шавад. Вале ман инро як нақши мусоидаткунанда медонам, на асосӣ. Нақши асосиро ширкаткунандагони муколама иҷро карданд. Онҳо ба хулосае расиданд, ки як ватани муштараке барои тоҷикон лозим доранд, ки дар он зиндагӣ кунанд. Ҳатто агар дар Узбакистону Афғонистон тоҷикони зиёде зиндагӣ мекунанд, онҳо намегӯянд, ки ин ватанашон аст. Вале дар Тоҷикистон тоҷикон худро дар хонаи хеш эҳсос мекунанд. (Тарафҳои музокирот) хостанд, ки як кишвари воҳиде дошта бошанд, ки дар он вилояти Суғд зери нуфузи Узбекистон набошад, ё Бадахшон аз онҳо ҷудо нашавад. Онҳо хостанд, ки як кишвари воҳиди дунявие дошта бошанд, ки бар хилофи хостаи нерӯҳои мазҳабӣ буд. Онҳо хостанд, кишваре дошта бошанд, ки демократӣ ва мухолифи низоми диктатории коммунистӣ бошад. Ҳамаи тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар даҳ соли оянда бояд кишвари воҳиде дошта бошанд, ки ҳама онҷо зиндагӣ кунанд ва ба ҳамин иттифоқи назар расиданд.

Радиои Озодӣ: Агар масъалаи муҳиме буд, ки ман напурсидам ва мехоҳед, бигӯед, лутфан изофа кунед?

Ҷонатан Зартман: “Бо назардошти ҷанги 20-солае, ки Афғонистон дорад, хатми ҷанг дар 20 соли пеш ва сулҳ дар Тоҷикистон як дастоварди фавқуллода аст. Ман дар Тоҷикистон фаҳмидам, ки чӣ гуна мардум зиндагии худро ҳамеша бо зиндагии мардуми Қазоқистон ва Афғонистон муқоиса мекунанд. Зиндагии мардумеро, ки ба Сурия рафтаанд, муқоиса мекунанд. Ҳамаи ин ба тасмимгириҳои мардум дар бораи ояндаи сиёсиашон нақш мебозад. Ман тоҷикон ва Тоҷикистонро дӯст медорам ва ба онҳо беҳтарин орзуҳоро таманно дорам. Ман онҳоро бо 20-солагии сулҳашон табрик мегӯям ва бо онки тавонистанд, аз ҷанги тӯлоние, ки возеҳан Сурия хоҳад дошт ва Афғонистон дорад, эмин монанд. Як насли наве баъди ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба воя расид ва онҳо, ки метавонанд, кор кунанд, дониш бигиранд ва ҷаҳонашонро дигар кунанд."

XS
SM
MD
LG