Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Асрори" пора дар чист? Оҷонсӣ ҷомеаро алайҳи порадиҳӣ ҳушдор дод


Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо насби варақаҳо дар мусофиркашонҳои Душанбе, аз сокинон даъват кардааст, ки аз додани пора ба афроди мақомдору тасмимгиранда худдорӣ кунанд. Варақаи оҷонсии зиддифасод ба шаҳрвандон дар бораи масъулияти ҷиноӣ дар ин замина ёдовар шуда гуфтааст, ки пешниҳоди пора метавонад худи шахсро пушти панҷара барад.

Муаллифони таблиғоти иҷтимоии зиддифасод мегӯянд, мехоҳанд ба шакли дастрасу осон ба аъзои ҷомеа дар бораи ҳақу ҳуқуқи онҳо ва ҳам масъулиятҳояшон дар амри ҷилавгирӣ аз густариши ришват ёдовар

Акрам Бурҳонов розӣ аст, ки асрори пора дар ҳалли босуръати мушкилоти сахт аст ва ба ҳамин хотир ҳам решакан шудани он мушкил хоҳад буд. Вале ӯ бар ин назар аст, ки нафарони порагиру порадеҳ набояд дар оқибатҳои ин корро фаромӯш кунанд.

шаванд. Вале, зоҳиран, на ҳама ба мавзӯи порагириву порадиҳӣ назари ҳамсон доранд. Бархе мегӯянд, мубориза бо фасоду фасодкорӣ бояд аз ислоҳ дар зеҳнияти аъзои ҷомеа ва аз ҷумла мақомдорон шурӯъ шавад, то ки натиҷа бидиҳад.

“Пора моро аз дониш маҳрум кард”

Дар як пажӯшиши оҷонсии зиддифасод вуҷуди фасоду порагирӣ дар қариб тамоми сохторҳои Тоҷикистон ошкор шудааст. Яке аз ин бахшҳои олуда ба фасод – риштаи таълим дар донишгоҳҳо мебошад.

Акрам Бурҳонов, як муҳандиси тоҷик бовар дорад, ки агар устодони донишгоҳаш дар вақти имтиҳон ба ҷойи маблағ аз онҳо дониш талаб мекарданд, ҳоло аксар ҳамсабақонаш соҳиби ҷойи кори хуб мебуданд. Акрам 30 сол дорад ва мегӯяд, аввалин чизе, ки ӯ маҳрум шуд, ин дониши босифат аз рӯи ихтисоси муҳандисиаш дар донишгоҳ буд.

Ин ҳамсуҳбати мо бовар дорад, яке аз омилҳои аслие, ки аксари ҳамсабақони ӯ соҳиби дониш ва ҳамин тавр ҷойи кори хуб нашуданд, ин порахӯрии устодон буд. Аммо Акрам мегӯяд, бо хатми донишгоҳ фасод пойи ӯро раҳо накард ва акнун на танҳо худаш, балки фарзандони мактабхонаш низ маҷбуранд пора бидиҳанд. Акрам Бурҳонов мегӯяд:

Пажӯҳише соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои фасодзада номидааст
Пажӯҳише соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои фасодзада номидааст

“Фасодкорӣ ояндаи Тоҷикистонро дар хатар гузошта истодааст. Ҳоло ҳар куҷое наравед, пул талаб мекунанд. Масалан, ҳоло агар нақлиётатонро назди ягон бино барои чанд лаҳза гузоред, аллакай касе пайдо мешавад, ки аз шумо барои истодани нақлиёт пора ё ҳаққи таваққуфгоҳ талаб мекунад. Ҳол он ки ӯ барои ин маблағи гирифтааш аслан ба шумо расид намедиҳад,” - мегӯяд Акрам.

Акрам Бурҳонов розӣ аст, ки асрори пора дар ҳалли босуръати мушкилоти сахт аст ва ба ҳамин хотир ҳам решакан шудани он мушкил хоҳад буд. Вале ӯ бар ин назар аст, ки нафарони порагиру порадеҳ набояд дар оқибатҳои ин корро фаромӯш кунанд.

“Агар маблағ медоштам қарори суд ба фоидаи ман ҳал мешуд”

Акрам танҳо нест ва дар қатори ӯ зиёданд нафароне, ки бовар доранд бо додани пора кори онҳо дар идораҳои давлатӣ зудтар ва ба фоидаи онҳо анҷом меёбад.

Боғигул Қурбонова, як сокини шаҳри Душанбе дар пайи талошҳои зиёд натавонист хонаи ҳамсари вафоткардаашро бигирад. Боғигул мегӯяд, хешовандони шавҳараш, ки шахсони пулдор буданд, тавонистанд тариқи додгоҳ хонаро аз ӯ ва фарзанди ноболиғаш бигиранд ва ҳоло ӯ дар манзили шавҳараш ҳамчун иҷорашин зиндагӣ дорад.

Вақте кормандони худи оҷонсии зиддифасод барои порагириву коррупсия муттаҳам мешаванд ва ин муҳокимаҳо аз чашми ҷомеаву матбуот пӯшида мемонад, чӣ тавр мешавад ба ҳамкории мардуми оддӣ бо ин ниҳод умед баст? Шояд мардум ба самимияти муборизаҳои зиддифасод шубҳа кунанд

Хонум Қурбонова мегӯяд, “тарафи одамони пулдорро мегиранд, одами бепул мемонад. Ман ки як зани танҳо ҳастам, вай мардаки пулдор буд, суд тарафи ҳамонро гирифтанд. Агар ақалан 500 доллар медоштам, адвокат мегирифтам ва суд корро ба фоидаи ман ҳал мекард.”

“Додани пора шуморо аз озодӣ ва оянда маҳрум месозад”

«Таваҷҷуҳ, дар хотир дор!» - бо ин унвон ҳафтаи равон дар нақлиёти Душанбе, аз ҷумла дар троллейбусу автобусҳо аз ду то чор адад варақаҳои насбкардаи масъулини Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пайдо шуд. Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар сурати шоҳиди фасодкорӣ шуданашон ба телефони боварии 221 48 10 занг зада хабар диҳанд. Дар ин варақа ҳамчунин суроғаи идораи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва сомонаи ин ниҳод низ ҷой дода шудааст.

Фаромарз Раҳмонзода, сухангӯи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шарҳи ин тасмим гуфт, ниҳоди онҳо мехоҳад ҷомеаи шаҳрвандӣ низ барои паст кардани сатҳи фасод дар кишвар бо онҳо ҳамкорӣ кунад. Ҷаноби Раҳмонзода ҳамчунин гуфт, насби варақаҳо ҳам яке аз усулҳои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, зеро мубориза бо фасод кори танҳо ин Оҷонсӣ нест.

Фаромарз Раҳмонзода гуфт, "мо мехоҳем таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандиро барои мубориза бо корупсия тавассути сомона, ВАО ва эълонҳо ҷалб намоем. Дар ҳолате, ки агар ягон нафар аз шаҳрвандон пора талаб намояд ё ҳуқуқҳои онҳо дар натиҷаи содир кардани кирдорҳои коррупсионӣ поймол шавад, метавонанд ба рақами боварии дар варақа буда занг зананд."

Порахӯр ва порадеҳ ҳар ду муҷозот мешаванд

Қонунгузории Тоҷикистон дар баробари гирифтани пора, додани онро низ ҳамчун ҷиноят муқаррар кардааст. Моддаи 320-и Кодекси ҷиноятӣ муқаррар кардааст, ки шаҳрванд барои пешниҳоди пора аз панҷ то даҳ сол зиндонро пешбинӣ кардааст. Дар ин миён танҳо он афроде аз ҷавобгарӣ озод мешаванд, ки дар сурати аз ӯ пора талаб кардани мансабдор, ба мақомоти тафтишотӣ хабар диҳад.

Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки нахост номаш бурда шавад, муассирии даъвати мубориза бо фасодро аз ҷониби як сохтори давлатие, ки гурӯҳи калони мақомдоронаш бо айни чунин иттиҳом соли ҷорӣ пушти панҷара рафтанд, зери суол бурд. Вай гуфт, «вақте кормандони худи оҷонсии зиддифасод барои порагириву коррупсия муттаҳам мешаванд ва ин муҳокимаҳо аз чашми ҷомеаву матбуот пӯшида мемонад, чӣ тавр мешавад ба ҳамкории мардуми оддӣ бо ин ниҳод умед баст? Шояд мардум ба самимияти муборизаҳои зиддифасод шубҳа кунанд». Вай гуфт, даъвати оҷонсӣ зоҳиран як расмиёт аст.

Сокинон -- бе додани "ҳаққи хизмат" кор ба дарозо мекашад

Дар ҳоле, ки мизони ришвахорӣ дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ нашр намешавад, Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, таҳлилҳои онҳо нишон медиҳад, ки дар аксар ҳолатҳо шаҳрвандони оддӣ ҳам гунаҳгоранд, ки фикр мекунанд гӯё вазифадоранд, ки барои анҷом додани ягон корашон дар идораҳои давлатӣ ба дасти масъулин маблағ бидиҳанд.

Ба қавли онҳо, яке аз ҳадафҳои аслии онҳо, маҳз ислоҳи тафаккури мардум аст, ки дар ҳолати талаб намудани пора, ба мақомот хабар диҳанд. Манбаъ афзуд, ҷиноятҳои зиёди коррупсионӣ дар натиҷаи ҳамкории шаҳрвандон ошкор мешавад ва ин таҷриба Оҷонсиро водор кардааст то бо ҳар роҳ сокинон ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳамкорӣ фаро хонад.

“Пора дар тору пуди мардум ҷой шудааст”

Таҳлилгарон мегӯянд, додани пора барои зудтар ва ё тариқи роҳҳои ғайриқонунӣ давоми солҳои истиқлолият дар зеҳнҳои мардум хеле сахт ҷой гирифт.

Сайёфи Мизроб, рӯзноманигори тоҷик аз таҷрибаҳояш мегӯяд, вақте ягон корафтода ба назди ӯ шикояте меоранд такрор ба такрор мепурсанд, ки “чӣ хизмат кунем?”.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, “мо як миллате шудаем, ки маҷбур мекунем аз мо пора гиранд. Дилхоҳ нозири роҳ агар моро манъ кард, дилхоҳ ронанда дар миёни ҳуҷҷатҳояш 1 ё 3 сомонӣ монда медиҳанд ва омада нолиш мекунанд, нозирон порахӯр мебошанд. Ё дилхоҳ навбатпоӣ, ки мо метавонем 5 дақиқа истем ва бепул корамон буд шавад, ҳатман пул медиҳем. Яъне тору пуди мо фасод шудааст, мо худамон ба мардум пора медиҳем.”

Коррупсия дар Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон соли 2016 рӯйхати ниҳодҳои фасодзадатаринро нашр кард, ки дар он Вазорати тандурустӣ бо беш аз 100 ҳолат дар мақоми аввал, Вазорати маориф бо 90 ҳолат дар мақоми дувум ва нозирони роҳ бо 24 ҳолат дар мақоми севум қарор доштанд.

Даъват ба ҳамкории Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҷикистон аз сокинон дар ҳолест, ки президент Эмомалӣ Раҳмон ибтидои соли равон дар ҷаласаи ҳукумат дастур дод, то фаъолияти ин ниҳод дар самти ошкор кардани фасодкорон пурзӯр карда шавад.

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.

XS
SM
MD
LG