Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: ҳадаф аз қимат шудани барқ наҷоти "Барқи тоҷик" аст. ВИДЕО


Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, мехост бо қимат кардани барқ вазъи молии ширкати "Барқи тоҷик"-ро ислоҳ кунад. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, нархи феълии барқ, ки 19 дирам аст, хароҷоти онро намепӯшонад.

Аммо мақомоти ин ниҳод посух дода натавонистанд, ки чигуна нархи барқ бо 7 дирам барои "Талко" хароҷоти худро мепӯшонад, аммо барои аҳолӣ на.

Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 17-уми июл гуфт, "Барқи тоҷик" ва Вазорати энержӣ ба ҳукумат пешниҳод карданд, то барои ба эътидол овардани вазъи молии "Барқи тоҷик" нархи барқ гаронтар карда шавад. Маҳз ба ин хотир, ба гуфтаи Одиназода, нархи барқ бо қарори ҳукумат барои аҳолӣ гаронтар шуд.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: ҳадаф аз қимат шудани барқ наҷоти "Барқи тоҷик" аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

"Вазъи “Барқи тоҷик” беҳбудиро талаб мекунад. Тарифҳои нерӯи барқ, ки барои аҳолӣ ва дигар гуруҳи истеъмолкунандагон амал мекунанд, арзиши аслии онро пӯшонда наметавонад. Барои ҳамин бо сабаби рӯйпуш кардани хароҷотҳои воқеии "Барқи тоҷик" тарифаҳо мунтазам боло бурда мешавад. Ҳама чиз бояд хароҷоти худашро руйпуш кунад. Маблағҳое, ки аз дигар созмонҳо барои беҳбудии соҳаи энергетика ҷалб шудааст, бояд аз ҳисоби муштариён рӯйпуш шавад, на аз ҳисоби буҷети давлатӣ"- афзуд Одиназода.

Чаро "Талко" истисно аст?

Аммо муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон, ки чигуна барои корхонаи "Талко" бо 7 дирам барқ дода мешавад ва ин ба пӯшондани хароҷоти тавлиди барқ мусодат мекунад, аммо аҳолӣ бояд 22 дирам пардозад, посухи дақиқ надод. Ӯ гуфт, муайян кардани тарифҳо кори ҳукумат аст.

Корхонаи "Талко" барои ҳар киловат/соат нирӯи барқ дар моҳҳои май-сентябр 7,20 дирам ва дар дигар моҳҳо 11,80 дирам пардохт мекунад. Ин дар ҳолест, ки бо қарори ҳукумат сар аз 1-уми сентябри соли равон нархи як киловат/соат барқ барои аҳолӣ аз 19,37 дирам ба 22,66 дирам боло бурда мешавад. Аммо ин болоравии нархи барқ ба корхонаи алюминийии "Талко" дахл нахоҳад дошт.

Қаблан низ интиқодҳо садо дода буд, ки чаро корхонаи "Талко" бо нархи пастар аз аҳолӣ ва дигар корхонаҳои саноатӣ барқ мегирад. Аммо масъулини "Талко" ба чунин интиқодҳо посух доданд, ки харидори яклухти барқ мебошанд ва ҳақ доранд бо нархи арзонтар барқро дастрас кунанд.

Дар баробари "Талко" инчунин Комбинати металлургии Тоҷикистон низ нархи барқро дар фасли тобистон бо нархи имтиёзноки 9,68 дирам дарёфт мекунанд. Дар ҳоле, ки дигар корхонаҳои саноатӣ муваззафанд барои ҳар киловат барқ 55,14 дирам бипардозанд.

Тибқи хабарҳои расмӣ фармоишгари Комбинати металлургии Тоҷикистон ширкати "Фароз" мебошад. Журналистони Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP) дар як гузориш дар моҳи июни соли 2018 гуфтанд, ширкати "Фароз" мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст.

"Арзиши аслии барқ чӣ қадар аст?"

Мақомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ҳоле боло бурдани нархи барқро роҳи наҷоти ширкати "Барқи тоҷик" медонанд, ки коршиносон мегӯянд натиҷа баръакс хоҳад буд. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, бо далели камбизоатӣ ҳатто нархи феълии барқ барои аҳолӣ гарон аст.

Ба таъкиди Умаров, "ҳатто дар сурати нархҳои паст бо далели камбизоатӣ нозирони барқ наметавонанд пули барқи истифодшударо ҷамъоварӣ кунанд. Мардум ҳатто тавони пардохти ҳамин нархи пастро надорад ва агар нарх боз баланд шавад, ҷамъоварии маблағ камтар мешавад. Нахуст бояд даромади мардумро воқеӣ кард ва сипас тарофҳоро афзоиш дод".

Суоли аслие, ки коршиносон ба он таъкид мекунанд ин аст, ки арзиши аслии нерӯи барқ дар Тоҷикистон хеле паст аст ва чигуна он наметавонад хароҷоти худро пӯшонад. Мақомоти тоҷик расман намегӯянд, арзиши аслии як киловат соат нерӯи барқ дар Тоҷикистон чӣ қадар аст, аммо ба ҳисоби мутахассисон он 6-7 дирамро ташкил медиҳад.

Коршиносон борҳост, ки "Барқи тоҷик"-ро ба мудирияти нодуруст ва фасодзадагӣ муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, то замоне, ки ин ду падида дар ширкат ислоҳ нашаванд, боло бурдани нархи барқ марҳаме ба дарди ширкат намешавад. Иддаое, ки масъулини "Барқи тоҷик" борҳо онро рад кардаанд.

Зимнан, дар як соли охир бори дуввум аст, ки нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боло бурда мешавад. Пештар, моҳи октябри соли гузашта, барқ гарон шуда буд. Дар гузашта масъулони "Барқи тоҷик" гуфта буданд, бо сабаби қарздории калони "Барқи тоҷик" ногузиранд, ки қимати нерӯи барқро боло баранд. Ширкати "Барқи тоҷик" ҳоло беш аз 22 миллиард сомонӣ қарздор мебошад.

Шарҳҳоро бинед (66)

XS
SM
MD
LG