Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсӣ: Маоши баланд ва ҷазои сахт фасодро решакан намекунад. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, баланд бурдани маош ва сангин кардани ҷазо барои фасодкорон решаи фасодро дар Тоҷикистон аз байн намебарад.

Ба эътимоди масъулини Оҷонсӣ, мушкили аслии адами коҳиши фасод дар ҷумҳурӣ "дар надоштани маърифати зиддикорупсионӣ” мебошад. Вале бо ин изҳорот на ҳама розӣ шуданд.

Дар Чин барои фасодкорӣ ҳукми қатл аст, аммо дар як сол 20-30 ҳазор одам даст ба амалҳои корупсионӣ мезананд

Дар соли равон дар кишвар 1301 ҷинояти корупсионӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 адад бештар будааст. Соҳаҳои тандурустӣ, заминсозӣ ва маориф дар сархати ниҳодҳои фасодзада қарор доранд.

"Дар Сингапур маош баланд аст, аммо фасод низ ҳаст"

Боло будани сатҳи фасод дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми август баҳси гармеро дар нишасти хабарии Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупяи ба миён овард. Нигора Муқимӣ, як масъули Оҷонсӣ, иддаои онро, ки зиёд шудани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Тоҷикистон аз кам будани маош аст, бепоя хонд. Ӯ гуфт, ҳатто маоши баланд ҳам пеши роҳи фасодкоронро намегирад.

Дар кадом соҳа дар Тоҷикистон бештар ришва мегиранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

"Агар ба яке аз давлатҳои пешрафта Сингапур назар кунем, дар як умури бонкӣ то 200 ҳазор музди меҳнат мегиранд. Лекин дар ҳамонҷо ҳам дар як сол 8-10 ҷинояти коррупсионӣ содир мешавад. Яъне, баланд будани музди меҳнат ҳам пеши роҳи ҷинояткоронро намегирад. Ё инки сахтар кардани ҷазо барои фасодкорӣ. Дар Чин барои фасодкорӣ ҳукми қатл аст, аммо дар як сол 20-30 ҳазор одам даст ба амалҳои коррупсионӣ мезананд. Яъне на сангинии ҷазо, на баланд бардоштаи маош ҷиноятҳои коррупсиониро пурра аз байн намебарад".-гуфт хонум Муқимӣ.

Ин масъули Оҷонсии зидди фасод надоштани маърифати зиддикорупсиониро омили аслӣ дар роҳи кам нашудани сатҳи фасод хонд. Ӯ гуфт, дар шароити феълӣ зарур аст, то маърифати зиддикорупсионии аҳолӣ боло бурда шавад.

"Бо 900 сомонӣ маош зиндагӣ кардан мешавад?"

Ба изҳороти Оҷонсии зидди фасод на ҳама дар ҷомеа ҳатто бархе кормандони давлатӣ розӣ шуда метавонанд. Як мақомдори тоҷик, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, як ҳисоби оддии математикӣ ба миқдори маоши онҳо кофӣ аст, то хулоса барорем, ки решаи фасод дар куҷост.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, бо ин нарху навои бозор вақте барояшон дар як моҳ танҳо аз 900 то якуним ҳазор маош таин мешавад онҳо зиндагии худро аз куҷо мебаранд?

"Мо ҳаққи тиҷорат кардан надорем, аз омӯзгорӣ ҳам маблағи зиёде ба даст намеояд. 900 сомонӣ маош медиҳанд, ки ҳатто то нимаи аввали моҳ намерасад. Агар оиладор ва соҳиби фарзанд бошӣ, боз аҳвол вазнинтар аст. Намедонӣ барои худат ин пулро сарф кунӣ ё барои оилаат",-гуфт ӯ.

Ба қавли ин мақомдори тоҷик, маоши паст тухми аввалини фасод аст. Айни замон мизони миёнаи маош дар Тоҷикистон камтар аз 120 доллари амрикои аст, ки он пастарин дар миёни кишварҳои ИДМ мебошад.

"Мо ҳам намегӯем, ки ин пулро гиред"

"Надоштани маърифати зиддикорупсионӣ"-омиле, ки масъулини Оҷонсии зидди фасод онро аз сабабҳои аслии коҳиш наёфтани фасод дар ҷомеа мехонанд. Дар гузашта низ мақомоти тоҷик борҳо шаҳрвандони оддиро гунаҳкор карда буданд, ки бо пора додан ба мақомдорон фасодро густурда мекунанд. Аммо шаҳрвандон мегӯянд, пора додани онҳо дар аксар ҳолат аз ноилоҷӣ аст.

Акбаралӣ Аъзамов, як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯяд, вақте кормандони мақомот барои ҳар иҷрои ягон кор "ҳақ"-и хизматро интизоранд, онҳо чӣ кор кунанд. Аъзамов мегӯяд, бисёр шудааст, ки барои додани ягон ҳуҷҷат ё имзо имрӯз-пагоҳ гуфта шахсро сарсон мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, "вақте мо корафтода мешавем, мо ҳам аз рӯи мастӣ намегӯем, ки акоҷон ин пулро гиред. Мебинем, ки ҳар баҳона мекобанд ва корро кашол додан мегиранд. Ҳам вақтро мегиранд ва барои рафтану омадан ҳам роҳпулӣ сарф мешавад. Мегӯем, сараша хӯрад ҳамин пул гиру корро буд кун."

"Таъмини адолати иҷтимоӣ фасодро аз байн мебарад"

Баҳси боло будани фасод дар Тоҷикистон борҳо мавриди баҳси коршиносон қарор гирифтааст. Таҳлилгарон мегӯянд, таъмини адолати иҷтимоӣ беҳтарин роҳи коҳиши чашмраси фасод дар Тоҷикистон мебошад.

Ёқуби Ҳалим.
Ёқуби Ҳалим.

Ёқуби Ҳалим, рӯзноманигори тоҷик, ки дар мавзӯи фасод таҳқиқот анҷом додааст мегӯяд, маҳз бо таъмини адолати иҷтимоӣ бархе кишварҳо тавонистанд фасодро ба сатҳи сифр биоранд.

Ба қавли Ёқуби Ҳалим, "дар сатҳои баланди мақомот кадрҳоро аз рӯи малакаву дониш таин кунанд ин ба таври автоматӣ адолати иҷтимоиро таъмин мекунад ва фасод дар натиҷаи таъмини адолати иҷтимоӣ аз байн меравад."

Оҷонсии зидди фасод борҳо аз мардум даъват карда, дар амри мубориза бо фасод фаъол бошанд. Аммо дар ин миён таҷрибаҳое низ буд, ки баъди шикоят аз фасодкорӣ худи даъвогарон пушти панҷара рафтанд.

Мисоли рӯшани он қазияи Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва роҳбари дастаи КВН аст, ки баъди шикоят аз пораталабии як мақомдор ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Қазияи Мирсаидов ба қавли коршиносон аз намунаҳои боризе аст, ки нишон медиҳад даъво аз фасод дар Тоҷикистон на ҳама ҳолат ба хубӣ меанҷомад.

"Фасод - мушкили умдаи Тоҷикистон"

Фасоди молиро дар Тоҷикистон аз мушкилиҳои умда арзёбӣ мекунанд, ки монеи рушди кишвар шудааст. Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Transparenсy International дар шохиси имсолаи фасоди молӣ Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвари дунё дар ҷойи 161-ум қарор дод. Тоҷикистон дар гузориши соли гузаштаи ин созмон дар мақоми 151-ум буд.

Коршиносони тоҷик хешутаборбозӣ, хотирбинӣ ва маоши пастро сабабҳои аслии коҳиш наёфтани фасодкорӣ дар Тоҷикистон унвон мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ҳангоми таҷлил аз 10-солагии таъсиси Оҷонси мубориза зидди фасод дар як соли пеш гуфта буд, “ҳамасола содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад”. Ба нақл аз гуфтаҳои раиси ҷумҳур, агар соли 2007 наздики 500 ҷиноят дар ин самт ошкор шудааст, дар соли 2016 шумори ҷиноятҳои марбут ба фасоди молӣ ба 1900 расидааст.

XS
SM
MD
LG