Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Падарамро боздошт кардаанд, то аз Русия баргардаму ба артиш равам"


Ба камияш се нафар дар шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки ба далели ба артиш нарафтани писарони хонавода волидон "боздошту бозпурсӣ шудаанд".

Мақомоти Исфара ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ мавзӯъро расман шарҳ намедиҳанд. Як мақом дар ҳукумати маҳаллӣ бо шарти фош нашудани номаш гуфт, "касе боздошт нашудааст, балки ба сокинон фаҳмондаанд, ки фарзандони худро бар асоси қонун ба артиш фиристанд".

Абдулло Ансорзода, сокини 19-солаи маҳаллаи Сурхи ҷамоати Чоркӯҳ, мегӯяд, як моҳ пеш барои кор ба Русия рафт, вале ҳоло волидонаш "дар азобанд". Ба қавли Ансорзода, мақомот се рӯз пеш падараш Ансорхон Ҳафизовро ба шуъбаи маҳаллии як сохтори интизомӣ ба Чоркӯҳ бурда, то ҳол раҳо накарданд.

"Сабаби боздошти падарам сафари ман ба Русия ва довталабона ҳозир нашуданам барои хидмат дар артиш будааст", -- гуфт рӯзи 30-юми сентябр дар суҳбати телефонӣ аз Маскав.

Абдулло Ансорзода афзуд, бо вуҷуди он ки падараш дар боздошт аст, имкони иҷро кардани хоҳиши ӯро надорад ва наметавонад ба Тоҷикистон баргардад: "Зеро аз корхонае, ки дар онҷо фаъолият дорам, қарздор ҳастам. Тамоми санадҳоямро корфармо гирифтааст. Ман чӣ гуна баргардам?"

Мусоҳиби мо гуфт, дар шаҳри Маскав ба ҳайси боркаш кор мекунад ва корфармо ӯро барои шикастани як дастгоҳ қарздор кардааст. "Шароит надорем, падару модарам бекор, ман баъд аз хатми мактаб ба донишгоҳ дохил шуда натавонистам. Се рӯз пеш аз телефони падарам ба ман паём доданд, ки нусхаи шиносномаатро фирист, билети ҳавопаймо мехарем. Гуфтам, ҳуҷҷатҳо дар дасти корфармо аст ва ман рафта наметавонам", -- нақл кард ӯ.

Хушзод Зулфиқоров, сокини ҷамоати Ворухи Исфара низ айни ҳамин шикоятро дорад. Ӯ рӯзи 30-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, амакаш Ниёзбек Зулфиқоровро барои нафиристодани писараш ба хизмати аскарӣ дастгир кардаанд.

Зулфиқоров гуфт, мақомоти Ворух аз Ниёзбек Зулфиқоров талаб доранд, ки ба писараш Хушдил занг зада, ӯро маҷбур кунад, ба Тоҷикистон баргардад. "Хабари боздошти амакамро ба матбуот расонидем. Яке аз наздикон, ки акси амакамро фиристода буд, ӯ низ боздошт шудааст. Дар ҳоле ки рӯзи 2-юми октябр билет дорад ва бояд ба Русия равад", -афзуд Хушзод Зулфиқоров.

Дар ҳоле ки ин ду ҷавон ошкоро аз боздошти падару амаки худ хабар доданд, ҳамсуҳбатони дигари мо розӣ нашуданд, номашон ошкор шавад.

Як сокини ҷамоати Ворух мегӯяд, ба хотири ин ки дар бораи сафари писараш ба Русия ба мақомоти маҳаллӣ хабар надода буд, се рӯз бозпурсӣ шуд ва ҳоло дар озодӣ аст. Ин зан бе зикри номаш гуфт, ӯро замоне раҳо карданд, ки дар бораи писараш тамоми санадҳоро ба мақомот пешниҳод кард.

"Дар Русия таҳсил мекунад ва ман ҳамаи маълумотро пешниҳод кардам. Дигар ҳеҷ мушкил нашуд ва ман ҳоло дар озодӣ ҳастам", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар Вазорати дифои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки масъули ҷалби ҷавонон ба артиш мақомоти маҳаллӣ ҳастанд, на онҳо.

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти маҳаллӣ бе зикри номаш гуфт, "ҳамон қувваҳои мусаллаҳ ва нерӯҳои сарҳадӣ ҳастанд, ки мо орому осуда мехобем. Агар касе ба хизмат наравад чӣ? Ҳоло дар ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳу Сурх ва чанд деҳаи дигар як тамоюл аст, ки бача мактабро хатм кард ё ба донишгоҳ дохил мешавад, ё ба Русия меравад, ё саросема оиладор мешавад, то зуд соҳиби ду фарзанд гардад."

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, "касе боздошт нашудааст, балки бо онҳо сӯҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор шуд".

Раисони маҳалла мегӯянд, онҳо миёни ҷавонон барои хизмат дар артиш корҳои зиёди таблиғотӣ мебаранд, ки ин кори маҷбурӣ нест. Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи Тоҷикони ҷамоати Ворух, рӯзи 30-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "даъват ҳеч гоҳ маҷбурӣ нест. Худи ҷавонон аз Русия омада, ба сафи артиш мепайванданд".

Шикояти баъзе сокинони шаҳри Исфара дар ҳолест, ки рӯзи 1-уми октябр даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон расман оғоз мешавад ва то охири моҳи ноябр идома мекунад.

Дар мавсими тирамоҳиву баҳории даъват гузоришҳо дар бораи ҷалби иҷборӣ ва ё “облава” нашр мешаванд. Сокинон мегӯянд, афсарони коммисариати ҳарбӣ ҷавононро аз роҳу кӯчаҳо дастгир карда ба артиш мебаранд ва сипас хешовандонашонро дар ҷараён мегузоранд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ин шеваи ҷалби ҷавонон ба артишро амал ғайриқонунӣ медонанд ва мегӯянд даъват ба хизмати ҳарбӣ бояд танҳо аз роҳи қонунӣ сурат бигирад.

Дилрабо Самадова, раиси созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, гуфт, дар бораи аз роҳи ғайриқонунӣ ҷалб шудани ҷавонон ба артиш аз матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ мешунаванд, вале сокинон аз тарс ва фишори мақомот расман ба онҳо шикоят намекунанд.

Дар мавсими баҳории даъват ба сафи артиши Тоҷикистон низ аз Исфара, аз ҷумла аз ҷамоати Ворух шикоятҳои зиёде расида буд, ки мақомот волидони ҷавонони синни даъватиро, ки дар муҳоҷират дар Русия қарор доранд, боздошт карда, шарт мемонанд, ки онҳоро то замоне ки писаронашон аз Русия баргашта, ихтиёрӣ ба хидмат нараванд, дар боздошт нигоҳ хоҳанд дошт.

Шарҳҳоро бинед (16)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG