Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз чеҳраҳои шинохтаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки дар сафи даҳҳо узви дигари раёсати ин ташаккули сиёсӣ тирамоҳи соли 2015 бар асоси парвандаи, ба истилоҳ, талоши табаддулоти давлатӣ, зиндонӣ шуд.
Вай баъди даҳ соли таҳаммули шароити сангини зиндон дар пайи бемории тӯлонӣ дар 83-солагӣ дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат даргузашт. Мақомот на дар рӯзи маргаш 24 сентябр ва на баъди он ҳеҷ гоҳ сабабҳои марги ӯро шарҳ надоданд.
Онҳое, ки ин рӯҳониро аз наздик мешинохтанд, мегӯянд, ӯ бештар як донишманди улуми дин буд, то сиёсатмадоре ба маънои томаш ва мақомот метавонистанд ба саломативу маъюбии ӯ ва синну солаш гузаште бикунанд, то лаҳзаҳои ахири умрашро таҳти муроқибати тиббиву дар ҳалқаи азизонаш пуштисар кунад.
"Падараш коммунист буд"
Онҳое, ки аз зиндагиву корномаи Зубайдуллоҳи Розиқ огаҳӣ доранд, мегӯянд, ӯ шахсе буд, ки роҳи зиндагиву рисолаташро худ интихоб намуд. Шурӯъ аз он ки дар хонаводаи падари коммунист тарбия ёфту роҳи исломро баргузид.
Писараш Ҳисомиддини Розиқ, ки баъди ҳабси падар маҷбур шуд дар Аврупо паноҳанда шавад, мегӯяд, бобову амакҳояш ҳама узви ҳизби ҳоким дар Иттиҳоди Шӯравӣ – ҳизби коммунистӣ ва дар ноҳияи Куйбишев (Абдураҳмони Ҷомии имрӯза) соҳиби вазифаҳои мухталиф буданд. Ба гуфтаи ӯ, баррасии вазъи кишвару сӯҳбатҳои сиёсӣ дар оила як чизи одӣ буд ва шояд аз ин ҷо буд, ки падараш ба таҳаввулоти имрӯзу гузашта Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бетарафӣ намекард.
"Падарам ба мо нақл мекард, ки дар солҳои донишҷӯияш дар Донишгоҳи Кӯлоб ва ошноияш ба таърихи солҳои сиюм, яъне солҳои таъқиботи рӯшанфикрони тоҷик дар Осиёи Миёна ва ба ҳабсу кушта шуданашон нафраташ ба ин низом бештар шуда, роҳи исломро интихоб кардааст", - мегӯяд писари Зубайдуллоҳи Розиқ.
Зубайдуллоҳи Розиқ пас аз хатми факултети филологияи Донишгоҳи Кӯлоб бо дипломи аъло дар солҳои 1970-ум нахуст ҳамчун муаллим дар як мактаби миёнаи ноҳияи Ҷилликӯл ва ба дунболи он дар яке аз мактабҳои ноҳияи Ғозималик ба омӯзгорӣ идома додааст.
Дар ҳамин давра буд, ки ба гуфтаи Ҳисомиддини Розиқ, дар назди Домулло Ғозӣ - падари Саид Қиёмиддини Ғозӣ, як рӯҳонии маъруфи тоҷик таълими фиқҳи ислом гирифта, бо машварати эшон ба Саид Абдуллоҳи Нурӣ - поягузори Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамроҳ шудааст.
Зубайдуллоҳи Розиқ дар маҳаллаи Уялии ноҳияи Ғозималик (ноҳияи Хуросони имрӯза) соли 1991 бо кумаки Идораи Қозиёт масҷид таъсис медиҳад ва ҳамчун имомхатиби он фаъолият мекунад.
Муҳаммад Саид Ризоӣ, мудири пешини Бахши фарҳанги Ҳизби наҳзати ислом дар суҳбати видеоӣ гуфт, Зубайдуллоҳи Розиқ ҳам донандаи улуми динӣ ва ҳам дунявӣ буд. Вай дар таъсиси ҳизби наҳзат аз ибтидо ҳамроҳи Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба фаъолияти сиёсии худ оғоз кард ва дар масъалаи динӣ хеле огоҳ буд ва дар масҷид исломро ба дурустӣ шарҳу тасфир медод.
"Вақте ки имомхатиби масҷиди маҳалли Уялӣ (ноҳияи Хуросон) буд, ӯро як гуруҳ туҳмат карданд, вале дар вақти баҳси додгоҳӣ мардум бо назардошти амри маъруфҳои босаводонааш шарҳҳои возеҳи оёти исломӣ ҳимояташ карданд, сафед шуд ва ба ҳабс кашида нашуд", мегӯяд Муҳаммадсаиди Ризоӣ.
Садамаи фоҷеабор
Дар паи эълони истиқлолияти Тоҷикистон моҳи декабри соли 1991 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати адлияи кишвар расман сабтином шуд, вале чун кишвар дар остонаи ҷанги дохилӣ қарор гирифту ихтилофҳои сиёсӣ дар авҷ буд, бисёр намояндагони мухолифон, аз ҷумла аъзову раҳбарони Ҳизби наҳзати исломӣ маҷбур ба тарки кишвар шуданд.
Зубайдуллоҳи Розиқ ҳамроҳи панҷ нафар, ки чаҳор нафарашон шогирдонаш буданд, мехост худро аз Хуҷанд ба беруни кишвар расонад. Аммо ба нақли писари ӯ Ҳисомиддин Розиқ, дар гардана (ағба)-и Яғноб мошини онҳо дучори садама шуд ва шогирди падараш Абдуманнон дар ҷои ҳодиса ҷон дод.
"Ин дар фасли сармо буд. Як пои падарамро сармо зад ва ночор чаҳор ангушти пояшро буриданд. Ду ангушти пояш сиёҳ шуда буд, вале пизишкҳо барои гандида нашудани дигар қисми пояш ангуштҳоро буриданд. Падарам баъди табобати давомдор ба Маскав омад ва ҳамчун намояндаи Иттиҳоди оппозитсиюн дар кишварҳои пасошуравӣ аз соли 1994 то соли 1995 фаъолият дошт ва дар ҳамин вақт як мактаб барои фарзандони гурезаҳо таъсис дод ва ба онҳо таълим дода мешуд ва бо ғизову либос таъмин карда мешуданд".
Ба нақли Ҳисомиддини Розиқ бо сабабҳои барои ӯ номаълум падараш дар соли 1996 ба Қазоқистон рафта, дар шаҳри Шимкент ҳамин мактаб барои фарзандони гурезаҳоро таъсис дода фаъолияти онро идома додааст.
"Наҷот" ва Академияи исломӣ
Ба гуфтаи ӯ, падараш аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997, ки ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ нуқта гузошт, истиқбол кард ва баробари дигар аъзои мухолифон бо сад умед ба Тоҷикистон баргашт.
Мирзораҳим Кузов (Шоҳнаим Карим) ёвари вақти Саид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик мегӯяд, пас аз расмӣ шудани нашрияи ҳизб дар поёни соли 1999 бо номи "Наҷот", таҳрири онро Зубайдуллоҳи Розиқ бар дӯш дошт, вале вазифаи сардабирӣ ба ӯҳдаи ӯ набуд. Кузов рӯзи сардабири нашрияи ҳизби интихоб шудани Розиқро чунин ёдовар шуд:
"Рӯзе устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҷаласаи хосе баргузор кард ва гуфт, сардабири расмии нашрияи ҳизбро интихоб кунем. Устод Нурӣ ба нукоти аслии вазъи сиёсии кишвар ва минтақаву ҷаҳон суҳбат кард, сипас пурсид, ки киро сардабир интихоб кунем. Ҳеҷ кас даъво накард ва ҳама ба Зубайдуллоҳи Розиқ нигоҳ карданд, ки ба маънои "худаш шоиста аст" буд. Устод Нурӣ ҳайрон шуд ва пурсид, ки чӣ гуна шоиста аст, ки то охири ҷаласа нишастааст, вале на қаламу сиёҳидон ё диктафон надорад. Чӣ гуна дар бораи ҳамин ҷаласа метавонад дар "Наҷот" чизе бинависад ва ба Зубайдуллои Розиқ рӯ овард. Эшон ангушташро ба сараш бурду гуфт, "қаламу сиёҳидонам ҳамин ҷост" ва аз ҷумла ба ҷумла нукоти ҷаласаро шарҳ дод. Устод Нурӣ бо тааҷҷуб гуфт, "тамом, сардабири "Наҷот" Зубайдуллоҳи Розиқ аст", - ёдоварӣ мекунад Шоҳнаим Карим.
Пас аз чанд муддат Зубайдуллоҳи Розиқ раиси Акдемияи исломии Ҳизби наҳзат интихоб шуд ва дар ин ҷо, ба нақли ҳамкоронаш, ҳамчун узви раёсати сиёсии ҳизб тавонист бо ҷиддият кори фарҳангистони исломиро пеш барад.
Муҳаммад Саид Ризоӣ мегӯяд, Зубайдуллоҳи Розиқ таълимгирифтаи улуми исломӣ буд ва дар Академияи илмҳои исломии Наҳзат ҳамеша талош мекард дар конфронсҳо ва нишастҳои дохили ҳизб таҳавулоти сиёсӣ дар кишварро аз нигоҳи ислом шарҳу тавзеҳ диҳад ва "хеле бо як огоҳӣ ва далелҳо аз Қуръони карим шарҳ медод".
То соли 2015 то замони ончи ки мақомот чун "ошӯби мусаллаҳонаи ҷонишини пешини вазири дифоъ, генерал Абдуҳалим Назарзода” ном мебаранд, Зубайдуллоҳи Розиқ мудирияти Академияи исломиро бар дӯш дошт ва дар ҳамон сол бо даҳҳо аъзои саршиноси ин ҳизб боздошт ва ба қавли ҳамҳизбҳояш бо туҳмат ба 25 соли зиндон маҳкум шуд. Тавре афроди наздик ба ӯ мегӯянд, ҳеҷ вақт айбномаи ҳукумати Тоҷикистонро, ки аз 15 банд иборат буд, ба гардан нагирифтааст.
Аз даруни зиндон ба президенти кишвар навишт, "ин ки моро дар исёни "Ҳоҷӣ-Ҳалим" ташаббускор медонанд, бофтаву сохтаи доираҳои манфиатдор аст. Шумо, Ҷаноби Олӣ, хубтар медонед, ки маншаи исён аз куҷост ва ба чӣ хотир роҳандозӣ шуда буд". Номае, ки то ҳанӯз бепосух аст.
Баъди ин нома ӯро ҳамроҳи Раҳматуллоҳи Раҷаб, узви дигари зиндонии ҲНИТ ба ҳуҷраи ҷаримавии маҳбас бурданд.
Абдусаттор Бобоев, мудири Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ба Радиои Озодӣ гуфт, Зубайдуллоҳи Розиқ то охир як шахсияти донишманд ва бонуфуз дониста мешуд ва мақомот ҳам медонанд, ки ҳарфи ӯро, аз зиндон ҳам садо бидиҳад, бисёриҳо гӯш медоданд. Ҳамин буд, ки ба гуфтаи ӯ, моҳи майи соли ҷорӣ баъди сафари Шарофиддин Гадоев ба Афғонистон, "мақомоти Тоҷикистон ба ташвиш афтоданд ва суҳбати видеоии Зубайдуллоҳи Розиқро аз зиндон созмон доданд". Бобоев дар шарҳи ҳодисае, ки то ҳол дар ҷое хабараш нашр нашудааст, аз ҷумла, чунин гуфт:
"Ман медонистам, ки мақомот мехоҳанд ба воситаи афроди баобрӯи ҳизб маро барои баргаштан ба Тоҷикистон ташвиқ кунанд ва дар суҳбати видеоӣ ман ба Зубайдуллоҳи Розиқ нигоҳ кардаму гуфтам, ки "шумо медонед, ки мо дар чӣ шароит мехоҳем баргардем: агар ҳамаи зиндониёни сиёсӣ озод карда шаванд, баъд ба Тоҷикистон меоем. Зубайдуллоҳи Розиқ ба ман нигоҳ карданд ва бо табассуми малеҳ гуфтанд, ки "худатон медонед". Дар ин суҳбати видеоӣ дар паҳлуи устод Зубайдулло - Раҳматуллоҳи Раҷаб, Ҳикматулло Сайфуллозода, Абдуқаҳҳори Давлат ҳам буданд", - гуфт Абдусаттор Бобоев.
Раҳматуллоҳи Раҷаб, Ҳикматулло Сайфуллозода, Абдуқаҳҳори Давлат ҳам дар соли 2015 ҳамроҳ бо Зубайдуллоҳи Розиқ ба солҳои тулонӣ ба зиндон маҳкум шуда буданд.
Ҳисомиддини Розиқ мегӯяд, ҷудо аз фаъолиятҳои ҷамъиятию сиёсиаш, барои ӯву наздиконаш Зубайдуллоҳи Розиқ як падари меҳрубон ва азиз буд ва ҳабсу даргузашти ӯ барои ҳамаи аъзои хонаводаи онҳо зарбаи сахти шахсӣ гардид. Ӯ мегӯяд, дардноктарин ҳолаташ ин буд, ки дар чунин шароит барои раҳо кардани ӯ аз зиндон ё осон кардани дардаш дасти ӯ кӯтаҳӣ мекард.
"Падарам дар хона беҳтарин падар буданд ва барои набераҳо беҳтарин бобо буданд. Дар хона утоқи алоҳида барои навиштани китобҳо ва корҳои ҳизбӣ доштанд, вале берун аз он хусусан барои набераҳо хеле меҳрубон буданд барои онҳо шеър мехонданд ва ба онҳо сураҳои кутоҳи Қуръонро меомӯзониданд. Вақте падарам дар маҳбас бемор шуданд, сахт дар ташвиш будем, зеро бемории дил ҳамеша азияташон медод, бинед, аз ҳамин беморӣ гузаштанд".
Дар як соли ахир ин дуввумин мавриди фавти аъзои ҲНИТ дар зиндон аст. Моҳи июли соли гузашта Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, узви собиқи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар беморхонаи зиндони Ваҳдат дар 65-солагӣ даргузашт.